Туркманистону Африқои Ҷанубӣ аз таҳкими ҳамкориҳо дар бахши нафту газ гуфтаанд
Дар Вазорати умури хориҷии Туркманистон мулоқоти раҳбарияти ин ниҳод бо Шириш Манаклал Сони, сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (мақарраш дар Остона), ки бо сафари корӣ ба Ашхобод омадааст, сурат пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУД хабар додааст.
“Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ. Дар ин мулоқот бештар сари таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши нафту газ, соҳибкорӣ, технологияҳои инноватсионӣ, илм, фарҳанг ва маориф суҳбат шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |