Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 11:05

Урмат Саралаев худоҳофизӣ кард; Мирослав Ниёзов дар роҳ

8 июл 2014, 15:28

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8 июл Урмат Саралаев –сафири Қирғизистон дар Душанберо барои анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт”.

Урмат Саралаев изҳор доштааст, бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя саҳми худро хоҳад гузошт. Урмат Саралаев дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик ба Ватанаш хонда шуда, раиси ҷумҳури Қирғизистон зери қарори барканории ӯ рӯзи 30 июн имзо гузошт.

Ҳоло генерал Мирослав Ниёзови 63-сола сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон рӯзи 6 июни соли ҷорӣ номзадии Ниёзовро барои сафирӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуда буд. Ӯ аз соли 2001 то 2005 низ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон кор кардааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон парлумони Қирғизистон пешбарии номзадии Нур уулу Досболро ба ҳайси сафири фавқулодаи ин кишвар дар Тоҷикистон қабул накард. Аъзои Кумитаи умури хориҷии парлумони Қирғизистон аз нахуствазир ва раисиҷумҳури кишвари худ хоста буданд, то ба ин мақом шахси дигарро пешниҳод намоянд. Нур уулу Досбол, доктори илмҳои таърих, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Қирғизистон буда, дар Шӯроби Тоҷикистон ба дунё омадааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!