Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 11:17

Курсӣ-да биё, бача: Оё мансабҳо, воқеан, фурӯхта мешаванд?

15 июл 2014, 17:33

Дар пайи нашри гузориши байналмилалӣ дар бораи равнақи мансабфурӯшӣ дар Тоҷикистон “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки оё воқеан ҳам дар кишвари мо мансабҳои давлатӣ фурӯхта мешаванд?

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:

Ман бо гузориши сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар мавриди мансабфурӯшӣ аслан розӣ шуда наметавонам. Фикр намекунам, ки сафоратхонаи як кишвари дигар ба корҳои дохилии кишвари мо ворид шуда, дахл кунад. Ин ба суботи кишвар зарар дорад. Яктояш як гап гуфт, дигараш боз як гапи дигар бо ҳамин метавонанд суботи як кишварро аз байн баранд, чӣ хеле ки дар Ироқу Либияву дигар ҷойҳо мо инро дидем.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демокарти Тоҷикистон:

Ин ки харидуфурӯши мансаб дар Тоҷикистон чизи маъмулӣ шудааст, ягон инсони солимақл ва ба хусус рушанфикрон инкор карда наметавонанд. Яке аз сабабҳои асосии сатҳи пасти зиндагии мардум ва дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ камтар ворид гардидани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ низ ҳамин мебошад. Мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар натиҷаи харидани мансаб шахсони тасодуфӣ, ки истеъдоди раҳбарӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва донишу ҷаҳонбинии маҳдуд доранд, соҳиби мансаб шуда бар хилофи манфиатҳои миллӣ низ амал мекунанд. Аслан ин гуна ҳолат дар кишварҳое, ки низоми сиёсии номукаммал доранд ва арзишҳои демократиро инкор менамоянд, бештар ба назар мерасад.

Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон:

То ҳол дар хусуси мансабфурӯшӣ ба мо ягон “сигнал” наомадааст. Дар сурати пешниҳоди далел оиди мансабфурӯшӣ миёни хизматчиёни давлатӣ мо ин масъаларо дида мебароем. Зимни гузаронидани озмунҳо шояд тақаллуб сурат гирад, вале то имрӯз ҳолати мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Яъкуб.Душанбешахр.

  • 15 июл 2014 19:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Шокиров хак хаст.Имруз дар Точикистон кудак хам мансабхариву мансабфуруширо медонанд.Ин чаноби Сафаров то ба кай шабро руз мегуфта бошад...
Посух додан
  • вафо

  • 15 июл 2014 22:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хой хой гудаки гавхора медонад мансаб фуруши дар авч хаст васод
Посух додан
  • донишчу

  • 16 июл 2014 00:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаст яе хамсабаки ма ба ман гуфт ки барои ба кор даромада дар Амонатбонк аз у хазор доллари амрикои талаб кардиян.
Посух додан
  • точик

  • 16 июл 2014 01:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Қосимзода Гурез Ҷурахон! росташро гуед хамин худатон барои мансаб чанд хазор доллар дадаги хастед? маълум аст ки дар инчо чавоб намегуед, аммо як бор ба вичдони худатон чавоб гуед он хам шаб вакте саратон дар болишт асту чуз худатону Худо касе намедонад, агар хамин корро кунед баъд мефахмед ки вакте шумо хамчун масъули агенти пул дода вазифаро мехаред пас........
Посух додан
  • шахрванд

  • 16 июл 2014 07:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озмунхо танхо ба вазифахои пасти хизмати давлати таалук дорад. Вазифахои "равгандор" -ро аъзоёни комиссияи озмун бо супориши рохбар ба шахсони алохида, новобаста аз донишу малака, таксим мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мансабфуруши нест ??? ачиб пас набошад аз руи кадом омил ба хайси муовини корхонаи фаръии бакайдгирии техники дар нохияи Хисор мондаанд??? Аз в раиси Зочагии манзиливу камунали ин суолро кардан даркор. то ин дам ягон чо кор накарда яку якбора дар ин структура муовин шуд. агар А чавобаша надонад ман медонам. Чунки додараш м дар Рудики Раиси ин корхона таъин шуд (харида таин шуд), дид, ки вазифаи серравганаст ба акояш муовинии Хисорро харид хозир пул чам доранд, ки раисии ин корхона дар Хисорро низ бихаранд. мана мебинед камтар пас , ки на савод дорад на фаросати инсони ва на акли расо РАИС мешавад.
Посух додан
  • Daler

  • 16 июл 2014 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Қосимзода Гурез Ҷурахон - to hol intizor shaved, ba nazdiki yak signalaton ravon mekunam! mardum medonad ki sohai hifsi huququ tartib, pur az fasodu joi kor furushist!
Посух додан
  • халима

  • 16 июл 2014 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
100% дуруст аст, ки мансабро мефурушанд
Посух додан
  • таджик

  • 16 июл 2014 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳама ин ҷо дар бораи мансабфурӯши ҳарф мезананд, шояд дар хизмати давлатии маъмурӣ ин кам бошад вале дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба фикри омма ин хеле зиёд аст. Ва ҳатто баъзеҳо дар бораи нархҳо низ сӯҳбат мекунанд. Мушаххас ман намедонам кадом мансаб чи қадар нарх дорад, аммо шояд нафароне бошанд, ки инро донанд. Ин хеле ҷолиб аст, гарчанде и смех и грех аст... Оид ба фикри Гурез Қосимзода гуфтаниам, ки аввал масъалаҳои кадриро дар худи Агентиву Донишкадаи идораи давлатӣ дуруст ба роҳ монад, баъд дар бораи 18 000 хизматчии давлатии дигар гап занад, бинобар набудани кадрҳои воқеан салоҳиятнок барномаву лексияҳои Донишкада дар сатҳи пастанду муосир нестанд, Агентӣ бошад ягон барномаи хуберо, ки барои рушди сиёсати кадрӣ мусоидат намояд то ҳол пешниҳод накардааст ва ягон вақт намекунад чунки потенсиали корию кадриро надорад!Сайфулло Сафаров как всегда гапҳои подарҳавоии пуч мегӯяд, Бо Шокирҷон Ҳакимов мувофиқам, аммо боз ҳам гуфта наметавонам, ки ин як чизи маъмулӣ шудааст, бештар ба маҳал аҳамият медиҳанд ва дигар кас аз дигар маҳал бошаду "нархи" бисёр ҳам монад намедиҳанд, чунки лоялность прежде всего...
Посух додан
  • 8

  • 17 июл 2014 15:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хатман бояд сангисиёхи боши пас сохиби вазифа мешай.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!