Бахшҳо

Ҳимояти Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз афзоиши нархи барқ дар Тоҷикистон

Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” нархи барқ бояд на танҳо ба фоиз балки ба маротиб бояд қимат шавад.

Ӯ аз 15 дарсад афзудани нархи барқ дар Тоҷикистон ҳимоят карда, афзуд, ки он бо дархости “Барқи тоҷик” сурат гирифтааст: “Гуруҳи корӣ аз ҳисоби ҳамаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ масъаларо омӯхта, ба қароре омаданд, ки нархномаҳои барқ 20 дарсад боло бурда шаванд. Аммо мо бо назардошти вазъи истеъмолкунандагон ва дигар омилҳо пешниҳод кардем, ки нархҳо 15 дарсад боло бардошта шаванд.”

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ илова намуд, ки “Барқи тоҷик” ваколати баргардондани садҳои миллион доллар қарзи хориҷиро ба уҳда дорад, аммо дар ҳоли ҳозир дар вазъияти бади молӣ қарор дорад: “Барқро ба хотири беҳбуди вазъи молии ширкат боло бардоштем.”

Сар аз 1-уми июл нархи барқ дар Тоҷикистон 15 дарсад боло рафта, ҳар киловати он ба мардум ба ивази 12,6 дирам фурӯхта мешавад.


ВИДЕОИ суҳбати Раҷабзода дар бораи нархи барқ
Мӯҳр
Аслидин
О пулхои барка дар вакташ намедуздидед ширкат карздор намешуд. Шумо пулхоя хуреду халки камбагал пули барка супораду карзхои ширката махкам кунад а? Камтар шарм доред

125
БТ дар бораи вазъи бади худ мурочиат кунад пас мардуми бе ин хам кашшок пардохт кунад?Кани мантик аз ин мебарояд ки дар хама вазъ факат мардум гунахкор?Факат дар БТ менечери хуб намерасад агар не БТ бояд сохаи фоидаовар бошад.Ин кумитае ки гуе тарафи халкро гирифта бошад дакик ин масаларо дида барояд чунки боло рафтани нарх ба чайби мардум зарба мезанад.Агар маоши миена 500 с бошад пас 1000 кв/с барк 25%даромадро ташкил медихад ки ин гарон аст.

МАРДУМИ БЕБАРК
Боло буртани тарофањои баркї бароям тааччубовар аст, зеро масъулини бахши энержи низ боло бардоштнаи арзиши кувваи баркро аз омилхои расидан ба истиклолияти энергетики, чалби сармояи хоричи ва пушонидани харочотхои сохави маънидод менамояд, ки дур аз вокеъият аст. Зеро қувваи барқи дохилӣ бештар аз 14 млрд квт/соат тавлид мешавад, ки "Барқи тоҷик" тарофаи миёнаи кувваи баркро 15 дирам муайн намудааст, ки дар стандартхои кабулшудаи чахони патерияи қувваи барқ 7 дарсад кабул шудааст, аз сабабе, ки бештари васоилхои интиколдихандаи кувваи барк солхост фаъолият дорад патерияи баркро 20 % њисоби менамоем. "Барқи тоҷик" аз 14 млр КВТ/соат неруйи барк, ки 20 дарсадашро ба хотири гумшавии техникии барк кам намуда (14 млрд квт/соат - 20%= 11,2 млрд квт/соат) 11,2 млрд квт/соат кувваи барки тозаи кишвар аст, ки мавриди истифодаи умум карор дорад ва сохтори вобастаи чамъоварии маблаги барк бояд (11,1 млрд квт/соат *0,15 сомонї=1 млрду 572 млн сомонї) 1 млрду 572 млн сомонӣ ҳаққи нерўи барқ ҷамъоварӣ намояд. Вале ҳисоботҳои Барки точик 780 млн сомониро нишод медихад, ки 49,61 %-ро дар бар мегирад, ки солона 792 млн сомонии маблаги кувваи барки худи, ки 50,39 дарсадро ташкил медихад ба кучо меравад то хануз саволест бе посух!? Аз 11,2 млрд квт/соати неруйи барк 35,71 фоизашро ањоли (тарифи 0,11 сомони), 44,64 % бузургтарин ширкати саноъатии кишвар ТАЛКО (тарифи 0,9 сомони) ва 19,65 %-и боќимондаашро корхонањои дигари саноативу тиљорати истифода мебаранд (тарифи 0,31 сомони). Феълан БТ дар як мох бештар аз 65 млн сомони хакки неруйи барк чамъовари дора два аз ин маблаг (65 млн сомони *13%и хизматрасонии бонки=8,5 млн) 13 %-аш, ки 8,5 млн сомониро барои пардохти хизматрасонии ЧСП «Ориёнбонк» пардохт менамояд, ки баландтарин фоизи хизматрасонии бонки дар минтака ба хисоб меравад. Яъне солона аз 780 млн сомонии маблагхои чамъкардаи БТ 101,4 млн сомони ба хисоби бонки мазкур меравад.
Вокеан вазъи даромаду харочоти БТ хеле нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бештар аз 5 мох мешавад, ки тамоми сохтору зерсохторхои ШСХК «Барки Точик» мохонаи худро нагирифтаанд, ки ширкати мазкурро лозим аст, ки дар як мох 5 млн сомони музди мехнати кормандони худро пардох намояд. 5 млн сомонии музди мехнати энергетикхои точик 3,25 %-и маблагхои як мохаи Барки точикро дар бар мегирад, вале чойи таассуф аст, ки заъфи мудириятии сохтор, гайришаффоф будани коргузории система, Инчунин интихоби кадрҳо ҳам ба талабот ҷавобгӯ набуда, ёру ошнобозӣ ба ҳадди аъло расидааст. Чанд мохе пештар дар БТ Раёсати фуруши барк таъсис дода шуд, ки мудириятии раёсати мазкур ба бародарзодаи хамсари райисчумхур - Хочи Амонуллох Саъдуллоев вобаста карда шудааст, ки аз гайрикасби будани у эхтимол Эмали Рахмон низ огохи дошта бошад.

Ин шармандаги то ба кай охир халк аз киматкунихои бардавоми шумо безор шуд,Киргизистон аз мо барка 2сент мехара халкашба 1,5 сент мефуруша шумо бошед факат дар фикри киматкунихо хой як руз халк
охир........................................... баъд ,,,,,,,,,,,,,,,,,,,!

Аз рӯзе ки нархи барқ боло рафтааст (01.07.14) сифати он паст рафт. Ман ки дар маркази Душанбе зиндагӣ дорам, шиддати барқ ин рӯзҳо 180/200 волт аст. Бештар 180. То ҳол мо 220ро надидаем. Пас ҷаро моли бесифат гарон фурӯхта шавад? Магар ин зулм нест, ки сокинонро маҷбур мекунед моли бесифатро гарон бихаранд? Изҳороти Хадамоти зиддиинҳисорӣ хандаовар аст. Магар вақти он нарасидааст, ки барқи тоҷик ба чанд идораи рақобатпазир мубаддал гардад? Магар Барқи тоҷик монополист нест? Аҷобатро бинедки, идораи зидди монополия ба тарафдории монополист сухан мегӯяд. Танҳо дар Тоҷикистони хараҷу мараҷ ҳамин тавр шуданаш мумкин. Вой ба ҳоламон!!!!

Душанбе
Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” нархи барқ бояд на танҳо ба фоиз балки ба маротиб бояд қимат шавад - рост гуфти мансабдор дар болои кресло шишта хар гапа гуфтан осон бародар. О як борак фикр кун ки ин мардуми бечора барои пардохти хизматрасонихои комунали ин кадар пулро аз кучо ёбад. Маош ана хуб гайрат кунад 700 сомонию як халта орд 135 сомони, як кило гушт 36-40 сомони, 5 кг равган 50 сомони, як кг шакар 5 сомони. 285 сомони барои хамин маводи боло номнависшуда рафт. Мактаб пулаки, богча пулаки, рохкиро пулаки .......
Ё Шумо низ аз руи маколи "Халки точик пурбардошт" рафтор кардосен бе отоплению бе свет ва бе газ дар зимистони кахратун зиндаги мегузарад ку. кани биё обу светашам киммат кунем кани зиндагишон чи хел мегузарад.......
Дар охир аз номи худорахматии БИБИАМ гуфтаниам ки чи гуям ки нагуфтанам бехтар аст

пули светро мардуми одди ва камбагал месупорад агарчи онхо кам фаъолият карда бошанд. лек вазифадорон яъне чиновники намесупоранд. аз тарси онхо ки мабодо аз кор махрум нашаван контролер таги дари онхо намеравад ва рахбарони барк низ ба чиновникхо чашм мепушад. агар ин чиновникхо пули светро супоранд ьарки точик карздор нахохад буд.

ман
сад дар сад бовар дорам , ки Абдусамад Раҷабзода як дирам барои истифодаи барк намесупорад. Аз хамин хотир чизе, ки дар дахонаш омад гуфтан мегирад. аввал Барки Точика горат карда муфлис мекунанд ва баъд аз чайби мардум мехоханд онро баркарор кунанд. Он кадаре, ки ин ширкатро горат кардаанд ин кадар пул дар кисаи кулли мардуми Точикистон нест ( ба истиснои он нафароне, ки мансаб доранд ва пули барк намесупоранд ). Пеш аз гуфтани як гап аввал андеша кунед- ин чигуна сиёсати иктисодист, ки муфлисшавии корхонахоро мехохед аз кисаи кашоку аз холиги даридаи мардум баркарор кунед? магар ягон акидаи солими иктисоди надоред ??? ба саволам худам чавоб мегуям-- не надорем аз ин хотир даст ба кисаи Шумо халки ба азоб одаткарда мехалонем-- подумаеш аз хамун нимтаи нон нимша мегирем ((((((((((((((((

Chi aku xorija karzdor bowad mardumi Tjk pardoxt kunad in karzi xorijihoro? E tovba , naxod ba xorija bo narxi arzon bark furuwedu ba mardumi xudaton garon???

мансур
холи хозир нархи барк 14.6 дирам на ин ки 12.6

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)