Бахшҳо
01 авг 2014 09:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Додгоҳи олӣ ҳукми Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ғайриқонунӣ донист (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев -- ду маҳбуси тоҷикро бекор карда, парвандаашонро барои баррасии дубора фиристодааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, хабар дод. Ӯ афзуд, “Додгоҳи олӣ ба хулоса омадааст, ки ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ва қарори суди вилояти Суғд дар мавриди ин ду маҳбус ғайриқонунӣ буда, нисбат ба онҳо қонуни ҷиноӣ нодуруст татбиқ гардидааст.”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18 октябри соли гузашта Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду маҳбуси муттаҳам ба паҳни иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониёнро, мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум карда буд. Он замон Файзиннисо Воҳидова аз ин ҳукми додгоҳ норизоӣ карда, гуфта буд, ба зинаҳои болотар шикоят хоҳад бурд. Ба қавли ин вакили мудофеъ, “додрас барои ҷудо кардан мӯй аз хамир ягон заҳмат накашидааст. Қарорро аз рӯи хулосаи айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешакӣ рӯйбардор кардааст."

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоие, ки дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд нақл мекунад, айбдор шуданд. Ин ду нафар ҳамроҳи як гуруҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, дар зиндони рақами яки Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Баъд аз ин навори видеоие дастраси расонаҳо шуд, ки дар он ин гуруҳи маҳбусон аз шиканҷа дар зиндонҳо шикоят кардаву захмҳои бадани худро намиш медиҳанд. Мақомот ин видеоро сохта дониста, Тошев ва Ризоевро барои паҳни гӯиё иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён ба додгоҳ кашиданд.

ВИДЕОИ САДРИДДИН ТОШЕВ:
Мӯҳр
Зулмам хад доштагист . Иншаалох шумо низ мебинед

Ин бедодгари то ба кай???? барои рост гуфтану хакикатро нишон додан одамонро ба ин ахвол оварда расонидан то ба кай??? ба гайр аз Худованд ба доди мардум ки мерасида бошад??? Барои чи хукукхои мардум химоят намешаванд??? Мо мардуми точик хамон подаи говонеро мемонем ки ба кучое моро равона созанд рафта истодаем.........бо хамин ахвол пешрави аз кучост??? Вой бар холи мо.........

ватан
хамои горкунони орган кадометки ин авхолро мебинеду медрнеду чашм мепушед чазои шумро иншоалох худо медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)