Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 21:48

Қазоқистон: Аспсаворони қирғиз бо марзбонон даргир шуданд

14 август 2014, 10:51

Хадамоти марзбонии Қазоқистон аз вуқуи як тирпаронӣ дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, рӯзи 13 августи соли ҷорӣ миёни марзбонони қазоқ ва як гуруҳи сенафарии аспсавор, ки сарҳади ин кишварро ғайриқонунӣ убур кардаанду ҳамагӣ шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд, тирпаронӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Қирғизистон аз итоати марзбонони қазоқ сарпечӣ карда, аз силоҳи шикорӣ сӯи сарбозон оташ кушодаанд. Дар натиҷаи ин задухурд ду аспсавори қирғиз боздошт шуда, яке аз онҳо ба ҷойи номаълум паноҳ бурдааст. Хадамоти марзбонии Қазоқистон дар шарҳи ин гуфтаҳояш овардааст, ки бар асоси натоиҷи тафтишоти пешакӣ ин се шаҳрванди Қирғизистон гӯиё дар қаламрави ин кишвар бо ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул будаанду бо худ силоҳи шикорӣ низ доштаанд.

Ин иттилои Хадамоти марзбонии Қазоқистон дар бораи задухурди мусаллаҳонаи сарбозони ин ниҳод бо аспсаворони қирғиз дар ҳолест, ки шоми 9 августи соли ҷорӣ низ дар гузаргоҳи Тупакӯл, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон ҳаммарз бо Қирғизистон, миёни марзбонони кишвар ва як гуруҳи сенафарии мусаллаҳи аспсавор задухӯрд ба миён омада буд. Ба иттилои марзбонони тоҷик, ин се нафар ҳамагӣ шаҳрванди Қирғизистон буда, аз итоати онҳо сарпечӣ ва аз силоҳ кор гирифтаанд. онҳо савори асп буда, бо худ силоҳи шикорӣ ва як дурбин доштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ходорковский

  • 14 август 2014 13:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Киргизистонба сузишвори киммат шудааст, ки шахрвандхояш аспсавори мекунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!