Бахшҳо
21 авг 2014 18:08Тоҷикистон / Сиёсат

Шикояти додари Ҷӯрабек Охунов аз болои Шӯҳрат Қудратов ва эълони айбномаи нав

Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти Тӯрабек Охунов, додари раҳбари зиндонии ширкати “Мовароуннаҳр”, алайҳи Шӯҳрат Қудратов айбномаи нав эълон кардааст.

Оқои Охунов дар шикояти худ Қудратовро, ки аз ҳаққи бародараш Ҷӯрабек Охунов дар додгоҳ ҳимоят мекард, барои қаллобӣ ва гирифтани даҳ ҳазор доллар пулашон муттаҳам намудааст.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов дифоъ мекунад, гуфт, рӯзи 21 август рӯбарӯкунии Тӯрабек Охунов бо нафари таҳти ҳимояташ сурат гирифтааст. Ин хабарроо масъулони Оҷонсӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳам тасдиқ кардаанд.

Зоиров мегӯяд, "ҳоло мақомот бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ, алайҳи Шӯҳрат Қудратов айбнома эълон кардаанд, ки асос надорад". Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ҳангоми рӯбарӯкунӣ Шӯҳрат Қудратов иддаои Тӯрабек Охуновро дар бораи гирифтани даҳ ҳазор доллар рад карда, гуфтааст, ҳамагӣ барои бист моҳи ҳимояташ аз Ҷӯрабек Охунов 7 ҳазор доллар ҳаққи корашро гирифта буд, на бештар аз он.

Шӯҳрат Қудратов дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи Фирдавсии пойтахт тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мемонад. Оҷонсӣ ӯро барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муттуҳам медонад ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод дар нишасти ахири матбуотяиш гуфта буд, дар сурати таъйиди ин иттиҳом Қудратов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.
Мӯҳр
Ба фикрам В.И.Ленинро шухрат Кудратон куштааст бояд бо моддаи 104 кисми 2-и КЧЧТ нисбаташ бояд айби нав эълон кард .

Дилсуз
Ба сари Шухрат холи бисёр чизхоро "бор" менанд! Шояд марги Мирзо "Чага", мурдани Бен Ладен, террори Волгоградам ба гардани Шухрат бор кунанд!

Сино
Сангпушт аз некии худ неши каждум дидааст!

Конуни
Нокарда гунох дар ин Чахон кист, бигу.. Лекин дар Точикистон кариб хамаи шахсонеро, ки аз болои чинояташ ва хатогихояш бо далелу фактхо айб эълон кунанд хам, аз руи анъанаи нав: Адвокатхо пеш пеш, дустону хешу таборхо хама аз кафо ба як овоз - бечора хеч айб надошт.

хакгуй
Бояд ин Турабек Охуновро бинобар руйпуш кардани чиноят ба чавобгари кашид, барои он ки то имруз хомуширо ихтиёр кардааст, вокеан агар Кудратов дах хазор пора гирифта бошад барои чи то имруз овозат набаромад чаноби Охунов,Тухмат чи лозим ин рузхо аз сари худат ва акаи Чурабекат гузаштааст ку ,Чохкоби кори хуб нест Худо инсофатон дихад

рафик Шухрат
Номардии Охунуф Турабекро бинед, ки ин марди озодаро дар рузи душвору дармондааш бо дасисаи гурухи маълум тухмату ночавонмардиро ташкил карда пастии худашро собит кард. Умуман халк медонад, ки оилаи Охунхо каллобтарину ночавонмарданд ва ба инсонхо самимият надоранд.

ха рост гуфтед Равшанфикр, Сталин ва Троцкийро хам Шухрат куштааст, инро низ ба у бор кардан лозим.инчунин барои пош хурдани шурави хам у даст дорад.

беном
нигох карда истед баъд аз чанд вакт ягон занро ёфта ба гардани Шухрат тачовузро бор мекунанд

рафикон, ин шухрат хамун инкилоби окябри соли 1917ро ташкил кардаги, бовар кунед ин рост аст.

ислом.70mail.ru
Ин турабеги айер ночавонмардиашро фош кард. Марди набувад фитодаро пой задан.

Ba Turabek
Dar zaboni tojiki kalimai Turabek nest. Ba'dan tu avval 30000$ mara obratno bte. Bad i mardaka gunahgor ku. Ruzi dar nazdi Profsoyuz vokhurdem gufti ki hama advokata ay pasi korand. Baroi chi dar vaqtush sum dodi. Boz mekhohi ki 10000$ bozpasgiri. Khosti ki khobut. Skora mo mioyem ba sari sum. Ba makorii kormandoni agenti bovar naku. Sumi mora avval bte. Ma na Shuhrata meshinosum na tura. Hamisha medonum ki Shuhrat nomi tojiki va Turabek nomi UZBAKI!!! Ku ozodagon i dofam qaychi mezada boshad sukhanhoi mora nisbati Movarounahr!!! Mo to hol sumoi khidro ay dasti i makkoron girifta nametonem!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)