Бахшҳо
25 авг 2014 15:17Тоҷикистон / Сиёсат

Аслов: “Ҳалли масоили марзӣ бо Чин имкон дод, ки...”

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо навиштани матлабе ба таҳлили равобити Душанбею Пекин пардохта, ба қазияи баҳси марзии ду кишвар низ дахл кардааст.

Аслов дар ин матлаби худ гуфтааст, натиҷаи ҳалли баҳсии марзии Тоҷикистон бо Чин мунҷар ба рушди равобити ду кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои сарҳадӣ гардид.

“Ҳалли масоили сарҳад бо Чин имкон дод, “Равзана ба Шарқ” - Бунгоҳи назоратии Қулма – Қаросӯ дар сарҳади Тоҷикистону Чин кушода шавад, ки аз бисёр ҷиҳат ба рушди равобити дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар сарҳадот мусоидат мекунад”,- таъкид кардааст вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар идома манофеи Душанбею Пекинро як хонда, ибрози умедворӣ кардааст, ки дар оянда устувории принсипҳои ҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамфикрӣ тасдиқи худро меёбанд: “Ҳар ду ҷониб баҳри сулҳу амният самарабахш саъю кӯшиш намуда, ба таҳкими боварӣ ва рушди ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд. Манофеи ҳар ду давлати ҳамсоя дар бисёр соҳаҳои ҳаётан муҳим яканд, ки сабаби он на фақат арзишҳои умумии сиёсию фарҳангӣ, балки нақшаҳои муштарак барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман калони иқтисодию гуманитарӣ низ мебошад. Шубҳае нест, ки мушорикати стратегии давлатҳоямон дар оянда ҳам босуръат рушд ёфта, ҳамкории бисёрҷонибаро густариш медиҳад ва устувории принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамфикриро тасдиқ менамояд.

Парлумони Тоҷикистон моҳи январи соли 2011 ба баҳси марзии Душанбею Пекин нуқта гузошта, протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ кард, ки бар асоси он 1,1 ҳазор километри мураббаи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид.

Ин амали мақомоти Тоҷикистон бо вокунишҳои шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯшанфикрон рӯбарӯ гардид. Он вақт Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷӣ чунин тасмимро бурди дипломатияи тоҷик унвон карда, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ҳоло вакили парлумон гуфта буд, “давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд”.

Қаблан Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон низ дар китоби нави худ ба моҷарои баҳсбарангези марзи кишвар бо Чин равшанӣ андохта, натоиҷи онро судманд ва созанда хонда буд.
Мӯҳр
Domullo
Agar norushan boshad, ba ma'lumoti Suhrob Sharifovu Sirojiddin Aslov merasonam, ki Khitoy allakay bad az posh khurdani Davlati Shuraviyon qismi Tojikistoni janubivu sharqiro ishqol kardaast. In siyosati niouhdanbaron va nutqi khomu makri onho baroi mardumi nodonon ast.

Ман як чиз мехоҳам гуфтан, ки ҷаноби Олӣ яке дар баромадшоя гуфт, ки хешутаборбози ва ҳамкурсбози маън шавад, лекин дар Сафоратҳо дар вазифаи консул ва дигар вазифаҳо боз ошнобози ҳамкурсбози ва хешутаборбози мебошад масалан дар Кобул, Анкара ва Ташкент дар авҷ аст.

Рост мегуед Далер, ки ҷаноби Олӣ бо органҳои ҳифзи ҳуқуқ вохурда буд ва ин масалаҳоро гуфта буд, ё ки ба Сафоратҳо ин дахл надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)