Бахшҳо

Ҳушдори Кабирӣ аз таъқибу фишор дар остонаи интихобот ва даъват ба сабр

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи корӣ ба пайравони ҳизбаш аз фишору таъқибҳои эҳтимолӣ дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ҳушдор додааст.

Ӯ дар вохӯрӣ бо аъзои раёсати олии ҲНИТ ва масъулини дафтари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе гуфтааст, шеваи баргузории ин интихобот аз интихоботҳои қаблӣ фарқ хоҳад кард ва бояд масъулини ҳизб омодаи ҳар гуна фишору таъқиб бошанд: “Агар дар интихоботҳои гузашта мо фишору монеаҳоро дар лаҳзаҳои охир ҳис карда бошем дар ин интихобот аз рӯзҳои аввал дучори мушкилоту монеаҳои зиёд шудан аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин моро зарур аст, аз ҳоли ҳозир худро омодаи ҳама гуна таъқибу фишор намоем, зеро табиати ин роҳ ҳамин аст”.

Раиси ҲНИТ дар идома аз масъулини ҳизбаш даъват кардааст, дар асоси қонунгузории кишвар худро ба интихоботи парлумонӣ омода карда, барои бартараф кардани ҳар гуна фишору таъқиб аз роҳҳои қонунӣ кор бигиранд. Кабирӣ бори дигар ба зертобеони худ тавсия додааст, ки аз сабру таҳаммулпазирӣ кор гирифта, дар фаъолиятҳояшон устувор бошанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахиран эълон кард, дар интихоботи парлумонии соли 2015 - 40 нафарро номзад хоҳад кард. Ҳоло ин ҳизбро дар парлумон ду нафар – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ доранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Аграрник
Кабири худро реклама мекунад. Набошад ягон хел фишор нест. Конунй кор кунед, фаъолиятатонро махдуд намекунанд. Хамин хизбакат хам ба касе лозим нест. Як маслихат, ки биёед ба ХХДТ дароед. Барномахотон ягон фарке надорад. Нахзат хам аз дини ислом пайравй мекунад ва хизби хоким хам. Як фикр кунед...

Одил
Ман фикр мекунам ки шумо Озоди гайр аз паси хизби НИ чосуси кардан дигар кор надоред реалит бояд буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)