Бахшҳо

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми октябр зимни нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ бо такя ба сураи Қуръони маҷид аз кишварҳои нерӯманди исломӣ хостааст, ба кишварҳои рӯй ба рушд кӯмак кунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, изҳор доштааст, ки “мантиқист, агар сармоягузории кишварҳои аз лиҳози молиявӣ нерӯманди исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мамлакатҳои камдаромади мусулмонӣ сафарбар карда шавад, чун Худои таъоло дар ояти 2-и сураи Моидаи Қуръони маҷид фармудааст, ки “Ва бар накӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад накунед”.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки 70 дарсади захираҳои нафт ва 50 дарсади захираҳои газ дар ҳудуди кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ҷойгир аст: “Холиқи ягона тамоми неъматҳо ва захираҳои лозимӣ, аз ҷумла об, замин, наботот, маъданҳо, сӯзишворӣ, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ ва дигарҳоро ба мо насиб гардонидааст. Ва Худои таъоло бар дӯши мову шумо масъулиятеро вогузоштааст, ки тавассути истифодаи самараноку оқилонаи ин неъматҳо рушд ва зиндагии шоистаро барои ҳар як кишвари исломӣ ва ҳар хонадони мусулмон таъмин намоем.”

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки Тоҷикистон бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси исломӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои аъзои созмон барои ноил шудан ба ҳадафи ягона-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як кишвари исломӣ ва ба ҳар як хонадони мусулмон пайваста густариш медиҳад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, сатҳи баланди камбизоатӣ, дастрасии маҳдуди ба оби тоза, озуқаворӣ, нерӯи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, камбудиҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлими сайёра ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ ҳушдор дода, даъват кардааст, ки кишварҳои исломӣ барои рафъи онҳо дастаҷамъона фаъолият кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлон нерӯи барқро омили муҳим арзёбӣ карда, изҳори умед кардааст, ки кишварҳои исломӣ лоиҳаи хатти интиқоли нерӯи барқ КАСА-1000, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистонро таъмин мекунад, дастгирӣ хоҳанд кард. Ӯ дар хитоб ба роҳбарияти Бонки Исломии Рушд ёдрас кардааст, ки Тоҷикистон дар ҷавоб ба дархости хеш барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 умедвор аст: “Иншоолоҳ, ҳамаи мо дар ҳамкории созанда бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва талошу кӯшишҳои муштарак барои татбиқи пурраи Нақшаи амал оид ба Осиёи Марказӣ ба натиҷаҳои беҳтар ноил хоҳем гашт.”

Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 27-уми октябр дар “Кохи Сомон» ба кори худ шурӯъ карда, ду рӯз идома хоҳад ёфт. Дар кори анҷуман зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла 120 намояндаи давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд.


Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)

Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)
Мӯҳр
Rafik Rahmonov dar 24-soli koriiat dar tojikiston bagayr az GOSTINITSAVU DISKOTEYKA kadom namudi korhona sohted yak problemai barka to hol ba manfiati hudat istifoda kardested halos.

Масъул
Ин масъулоне, ки ба қавли худашон Худо онҳоро масъул кардааст, фаромуш кардаанд, ки фардо (дар ин дунё ва охират) барои ин масъулӣ ҷавобгарӣ ҳам муқаррар намудааст. Ҷои тааҷҷуб аст, ки масъулиятдорияшон шояд ба тозагӣ ба хотирашон омада? Чаро вақте лозим шуд аз ҳар ояи даркорӣ истифода мекунанд ва ба он ояе, ки ба манфиаташон нест, сарфи назар мекунанд? Дар Қуръон омадааст:
"
Ва кист бедодгартар (золимтар) аз он кас, ки нагзорад дар масоҷиди Худо номи Вай бурда шавад ва дар вайронии онҳо бикушад. Онон ҳақ надоранд, ҷуз тарсон-ларзон дар он (масҷид) дароянд. Дар ин дунё эшонро хорӣ ва дар охират азобе бузург аст". (Бақара, ояи 114)


Бемасъулият
Масъул, Ин оят дар инчо дуруст наомад чаноби масъул!

Адолатхох
Э Рахмон: “Холиқи ягона тамоми неъматҳо ва захираҳои лозимӣ, аз ҷумла об, ЗАМИН, наботот, маъданҳо, сӯзишворӣ, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ ва дигарҳоро ба мо насиб гардонидааст.
Модоме,ки ЗАМИН-ро Холики ягона ба мо насиб гардондааст,пас чаро барои рох гаштани дар болои он ПУЛАКИ шудааст???!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)