Бахшҳо

Марги мармузи маҳбуси тоҷик баъди латукӯби “авторитет”

Абдусалом Қурбонов, як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ба таври мармуз дар зиндони № 8-и шаҳри Омски Русия ба ҳалокат расида, ҷасадаш 30-юми октябр ба Ватан интиқол дода шуд. Ин сокини деҳаи “Маърифатӣ”-ии ноҳияи Рӯдакӣ баъди латукӯб кардани ба истиллоҳ як “авторитети рус” дар Омск ҳабс ва ҳамагӣ 1,5 моҳ пеш ба зиндони рақами 8 интиқол ёфта буд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки дар маросими интиқоли ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан иштирок доштааст, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷасад осори зӯроварӣ баръало намоён буд: “Сару лабу даҳан ҳама пур аз захм буд. Аммо раёсати зиндони рақами 8-и Омск дар ҳуҷҷатҳо сабаби маргро шарҳ надодааст ва парвандаю тафтишоте ҳам аз рӯи ин ҳодиса оғоз нашудааст.”

Қурбонов, ки 1,5 солашро дар боздоштгоҳи муваққатӣ пасисар кардаст, барои латукӯб ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, ҳамагӣ ду моҳ пеш ба зиндони рақами 8-и Омск интиқол ёфтааст.

Марги мармузи ин маҳбуси тоҷик дар ҳолест, ки 17-уми сентябри соли равон муҳоҷири дигари тоҷик, Фаррух Урозов дар пайи бадрафтории маъмурин дар идораи пулиси шаҳри Солнечногорск ба ҳалокат расида буд.
Мӯҳр
Хамватан
Вокеан се руз боз дехаи Маърифатиро гаму андухи зиёде фаро гирифта буд, гами аз даст додани як фарзанди бонанги ин деха, гами на танхо пайвандон ва оилаи у буд балки гами кулли хамдехагон буд. Мархум Абдусалом, бештар бо номи Наврузчон шинохта мешуд ва як чавонмарди бонангу номус ва хушрафтору нексиришт дар калби хама хамдехагони чои нотакроре дошт. Андуху шуру гавгои хонавода ва пайвандону хамдехагон, ки хануз ду руз кабл хабари маргашро шунида буданд, бисёр норохаткунанда анчом ёфта ахиран шохиди чисми аз чон махрумшудаи мархум гардид. Ин бародари гиромиро пеш аз зухри рузи 31-10-2014 ба хок супурданд. ХУДОВАНД РАХМАТУ МАГФИРАТАТ КУНАД БАРОДАРИ АЗИЗУ НОТАКРОР!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)