Бахшҳо

Ҷавоби як корбари Фейсбук ба “намедонам”-и раиси “Барқи тоҷик”

Як корбари Фейсбук баъди он ки раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” дар парлумон гуфт, намедонад, нархи истифодаи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар аст, арзиши истифодаи нерӯи барқ дар бархе кишварҳои минтақаву ҷаҳонро нашр кардааст.

Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” зимни суханронӣ дар парлумон, рӯзи чоршанбеи 26 ноябр таъкид кард, миёни кишварҳои пасошӯравӣ ё худ СНГ аз ҳама нерӯи барқи арзон дар Тоҷикистон аст, аммо дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон, ки нархи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар арзиш дорад, натавонист ҷавоб гӯяд.

Рустам Мирзоев, як ҷавони тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ нархи истифодаи 1 кВт нерӯи барқ дар чанд кишварро бо пули миллии Тоҷикистон нишон додаву дар шарҳи он навиштааст: “Ҳамин маълумотро ба раиси “Барқи тоҷик” расонед, то бидонад ва нагӯяд, ки "НАМЕДОНАМ”.

Ба маълумоти ӯ, ки нагуфта онро аз куҷо дастрас кардааст, Дар Туркманистон аҳолӣ барои истифодаи барқ пул намесупоранд. Ҳаққи истифодабарии 1 кВт соат барқро дар Қирғизистон 6 дирам ва дар Тоҷикистон 12 дирам нишон додааст. Дар Қазоқистону Узбакистон 15 ва дар Русия 35-40 дирам будааст. Ба ин тариқ ба иттилои ҷаноби Мирзоев, дар Арманистону Озарбойҷон арзиши истифодаи нерӯи барқ 30 дирам, дар Украина 20-25, Белорус 35-38, Олмон 1.30, Дания 1.50 ва Туркия- 65-70 мебошад.
Мӯҳр
Аҳмад
ҳамеша ҳукуматдорон ҳамин ҷумлаи такрориро мегуянд ки тар Тоҷикистон нархи барку обу ва ва ва арзонтар аз дигарҷо аст ҳарчанд ки ин гап ҳам дар бештари мавридҳо дуруғ аст аммо як рузноманигори бо ҷуръат пайдо намешавад ки дар ҳамон канфронси хабарӣ аз ҳукуматдор пурсад ки агар ҳам дар фалон кишвар қимат аст оё ба ин фикр карданд ки дар ҳамон кишвар камтарин маош чанд аст оё фикр карданд ки як пенсиянер онҷо чанд мегираду инҷо чанд?" чаро дар баробари ин гапашон инро ҳам намегуянд ки камтарин маош дар Тоҷикистон аст бо болотарин суди бонкӣ?!

Хози агар мепурсид ки ба ахоли чанка мефурушанду ба корхонахои шахсиву давлати бафикрум хамирам намедонист Ма дар чои хамин раис мешудум аз вазифа мерафтум

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)