Бахшҳо
24 дек 2014 16:51Хабарҳои ҷаҳон

Журналисти олмонӣ: Танҳо сунниҳо метавонанд ҷилави ДИИШ-ро бигиранд

Юрген Ҳофер, як рӯзноманигори олмонӣ, ки даҳ рӯзи худро дар манотиқи таҳти тасарруфи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” сипарӣ кардааст, мегӯяд, танҳо сунниҳои миёнарав метавонанд, ҷилави ДИИШ-ро бигиранд.

Ин рӯзноманигори олмонӣ тамоми бардоштҳои худро дар саҳифаи Фейсбук дар 7 қисмат хулоса кардааст. Ӯ дар яке аз ин қисматҳо мегӯяд, “барои тавзеҳи ин масъала бояд гуфт, шаҳри Мавсили Ироқ 3 миллион аҳолӣ дорад ва он аз сӯи 5 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ идора мешавад. Барои аз байн бурдани ин созмони террористӣ бояд тамоми шаҳри Мавсилро бо куштани миллионҳо нафар ба хок яксон кард. Маҳсули бомбборонҳо дар Ховари Миёна ҳамеша тавлиди терроризм будааст. ДИИШ маҳсули бомбборонҳои ғайриқонунии Ҷорҷ Буш дар Ироқ аст. Танҳо сунниҳои миёнарави Ироқ ҳастанд, ки метавонанд, ДИИШ-ро мутаваққиф созанд. Ҳамон амале, ки дар соли 2007 анҷом доданд. Агар битавон дубора сунниҳоро вориди сохтори сиёсии ҷомеаи Ироқ кард, онҳо қодир хоҳанд буд, ҷилави ин созмони террористиро бигиранд. Дар Сурия ҳам роҳҳалҳое вуҷуд дорад, вале Ғарб бояд дар сиёсатбарории худ дар онҷо таҷдиди назар кунад”.

Дар қисмати дигар мегӯяд, ҳар рӯз ба сафи ин гуруҳи терористӣ ҳудуди 50 нафар аз кишварҳои гуногун мепайвандад, ки миёни онҳо намояндагони тамоми қишрҳо ҳастанд: “Ман ду рӯзро дар як анбори ДИИШ дар наздикии марзи Туркия сипарӣ кардам. Ҳар рӯз беш аз 50 тан довталабона барои пайвастан ба ДИИШ вориди онҷо мешуданд. Ин афрод на ашхоси дилмондаю ноумед, балки шахсиятҳои муваффақ низ миёни онҳо дида мешуд. Бисёре аз онҳо шахсиятҳои муваффақи амрикоӣ, бритониёӣ, русӣ, олмонӣ, ва фаронсавию дигар ҳастанд. Яке аз ин довталабон чанд ҳафта пеш аз пайвастанаш ба ДИИШ имтиҳони ҳуқуқи худро супорида буд, ки соҳиби мадраки ваколат аз яке кишварҳои Ғарб гардида буд. Аммо ӯ ҷанг дар сафи ДИИШ-ро “беҳтар” аз ваколати худ медонист”.
Мӯҳр
Журналист дуруст гуфтааст! Сунниҳо танҳо метавонанд пеши ин террористҳоро бигиранд.
Ин террористҳо ҳама салафиянд! На суннӣ!!! На мусалмон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)