Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:46

Ҳукми қатли се ҷангҷӯ аз Осиёи Марказӣ дар Сурия

25 декабр 2014, 11:55

Се шаҳрванди Қирғизистон ба хотири ҳамдасти бо гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ дар Сурия ҳукми қатл гирифтаанд.

Майрамбек Расулов, вакили парлумони Қирғизистон аз фраксияи Ҳизби “Ору Номус” зимни як ҷаласаи парлумонӣ дар ин бора иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин се шаҳрванди Қирғизистон, ки аз сӯи ҳукумати Сурия маҳкум ба эъдом шудаанд, дар зиндонҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин намояндаи мардумии қирғиз мегӯяд, бар асоси омори расмӣ ҳоло дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 500 шаҳрванди Қирғизистон иштирок доранд, ки миёни онҳо занони бордор низ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Дамира Ниёзалиева, вакили дигари парлумони Қирғизистон аз ҳукумати кишвараш хостааст, дар робита ба сафари ҷавонон ба хориҷ маҳдудиятҳо эҷод карда, рафтани ҷавонони бидуни маълумоти олиро ба хориҷ аз ватан манъ кунад.

Маҳкум ба қатл шудани се шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия дар ҳолест, ки ахиран ДИИШ беш аз 100 ҷангҷӯи хориҷии худро ба хотири гурез аз саффи ҷанг эъдом кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Андеша

  • 25 декабр 2014 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пешниходи хуб вале такмилро мехохад. Чунки як давлат дар танхои аз идораи ин намебарояд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!