Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:44

ICG: Имомҳои камдониш барои муқовимат бо идеяи ҷолибияти ҷиҳод қодир нестанд

24 январ 2015, 11:21

Гуруҳи буҳроншиносии байналмилалӣ (ICG), бо нашри як гузориш теъдоди ҷавонони Осиёи Марказиро, ки дар сафи ҷангҷӯёни “Давлатӣ Исломӣ” ё ДИИШ меҷанганд, аз 2000 то 4000 ҳисоб кардааст.

Дейдре Тайнан, раҳбари ин ниҳод дар Осиёи Миёна дар як суҳбат бо “DW” гуфтааст, теъдоди бештари ин ҷавононро шаҳрвандони Узбакистон ташкил медиҳанд: “Тибқи омори расмии Тошканд шумори ҷангҷӯёни узбак 500 нафар аст, вале дар асл ин рақам ба 2500 мерасад. Танҳо аз водии Фарғона наздик ба 1000 нафар ба ҷанг рафтаанд”.

Хонуми Тайнан мегӯяд, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна ба назар намегиранд, ки “Давлати Исломӣ” барои одамони гуногун ҷолиби диққат аст. Ба назри ӯ, “ин як сартароши 17-сола, соҳибкори муваффақ, занҳои талоқшуда ва тамоми оила метавонад бошад, ки фикр мекунанд барои фарзандонашон зиндагӣ кардан дар хилофат беҳтар аст. Инҳо хонандагони камсавод аз мактаб ва донишҷӯёни аз донишгоҳҳо каноррафта мебошанд. Ҳамаи онҳо фикр мекунанд, хилофати исломӣ беҳтарин гузинаи зиндагӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Дар Осиёи Марказӣ ҷалб кардани ҷангҷӯён ҳатто аз Афғонистону Покистон осонтар аст”.

Дейдре Тайнан бар ин бовар аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бозгардонидани ҷангҷӯёнро ё намехоҳанд ё тавони онро надоранд. “Ҳукуматҳо медонанд ҷангҷӯёне, ки аз Ироқу Сурия бармегарданд чӣ хатаре доранд, вале барои бартараф кардани ифротгароӣ чизе дар даст надоранд. Имомҳои камдониш барои муқовимат бо идеяи ҷолибияти ҷиҳод, ки “Давлатӣ исломӣ” эълон мекунад, қодир нестанд”,- мегӯяд раҳбари Гуруҳи буҳроншиносии байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 24 январ 2015 11:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сабаби зиёд шудани ифротагарохо аз О.М 2 омил аст:
1- Хукуматхои диктатори
2- Муллохои хукумати, ки дар баромадхояшон аз амалкарди нодурусти хукуматхои диктатори химоят мекунанд. дар натича чавонон худро танхо ва бепуштибон дида худро ба домани ифротиён меандозанд, ки на аз ислом хабар доранду на аз.......
Посух додан
  • Яъкуб. Душанбешахр.

  • 24 январ 2015 19:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад дар сад бо бародари Точик хамфикрам. Имруз ин режим Минбари Расули Акрамро [с] хам чои таърифу мадху санохонии Рохбари давлат кардаанд.Хол онки дар масчид факат сухани Худову Пайгомбар ро бояд гуфт!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!