Ҳалокати ронандаи 42-сола дар шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе як ронандаи 42-сола ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 26-уми январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Сатторов Баҳриддин, сокини 42-солаи ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба Душанбе дар ҳудуди деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвоз, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарӣ чаппа шудааст:
“Дар натиҷа ронанда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Ин қазия дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир Тоҷикистонро ҳавои номусоид ва боришоти барфу борон фаро гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |