Бахшҳо

Сафир: Амният ва рифоҳи Тоҷикистон амният ва рифоҳи Эрон аст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш дасти ҳамаи давлатҳоро мефишорад, ба ҷуз режими саҳюнистӣ. Ин нуктаро Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ шоми 11 феврал зимни суханронӣ дар расми таҷлил аз Рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид кард.

Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ бо ёдоварӣ аз таърихи ин рӯз гуфт, “36 сол қабл бо сарнагунии ҳукумати вобаста ба хонадони фосиди Паҳлавӣ низоми мардумсолори Ҷумҳурии исломии Эрон ҳукумати худро ҷойгузини низоми салтанатӣ кард ва дар меҳани азизи мо, ки собиқаи тамадунии ҳазоронсола дорад, таҳавулоти шигирд ва пешрафтҳои ҳамаҷонибаро эҷод кард. Ҷумҳурии исломии Эрон бо пушти сар гузоштани ҷангҳои таҳмилии 8-сола ва беш аз се даҳа таҳримҳои иқтисодии золимона тавониста, муқовиматтарин иқтисоди ҷаҳонро шакл бидиҳад”.

Ин дипломати эронӣ сиёсати Ҷумҳурии исломии Эронро мубтанӣ бар ақлоният, воқеъгароӣ, эҳтироми мутақобил, мантиқ ва таъомули созанда хонд. Ӯ таъкид кард, “Эрон дасти ҳамаи давлатҳо ба ҷуз режими саҳюнистиро дар ин чорчӯб агар моил ба таъомул бошанд, мефишорад”. Ӯ дар идома гуфт, “Эрон мубтакири гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳост ва ибтикори ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротигариро ироа карда, мунодии адолат ва эътидол дар ҷаҳон аст. Ҳамаи пайравони адён ва мазоҳибро ба ҳамкорӣ ва мубориза бо ифротгарӣ ва терроризм фаро хонда ва тавсеаи баробар бо ҳамсоягон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳони Ислом аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии мост”.

Оқои Фағонӣ бо ишора ба ҷараёни эронҳаросӣ таъкид, кард, ин раванд аз сӯи Амрико ва режими саҳюнистӣ ва бархе ҷараёнҳои вобаста ба онҳо ба хотири тарс аз улгӯи муваффақи мардумсолории динӣ ва пешгомии Эрон дар ормони ваҳдати шиъа ва суннӣ доман зада мешавад. Сафири эрон афзуд, акнун бо баҳонаи озодӣ тавҳин ба муқаддасоти миллионҳо инсон ба шакли созмонёфтае тарвиҷ мешавад. Ӯ таъкид кард, “Эрон рӯзе ҳамаро ба гуфтугӯ даъват кард, ки ҳанӯз ҷинояти 11 сентябр иттифоқ науфтода буд”.

Дар поёни суханронии худ Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ ба ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ишора кард ва гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, ки амният ва рифоҳи Тоҷикистон амният ва рифоҳи Эрон аст ва барои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити ин кишвари ҳамкеш, ҳамзабон ва ҳамреша маҳдудияте қоил нестем”.
Мӯҳр
hhh
Мо хам азоне ки давлати азизамон бо ЧИЭ хамкори дорад хеле хушнудем.Исломхароси ин накшае аст ки аз тарафи душманони дини мубини Ислом тархрези гардида аст.ДУШМАНОНИ ИСЛОМ ТО ИМРУЗ ХАР НАКШАЕ КИ КАШИДАН БА ШИКАС МУВОЧЕХ ШУДААНД,АЗ ИН БА БАЪД НИЗ ШИКАСТ ХОХАНД ХУРД.ОГУШИ ПУР АЗ МЕХРУ МУХАББАТИ МО МАРДУМИ СУННИ МАЗХАБ БА ТАРАФИ БАРОДАРОНИ ШИЪА ХАМЕША БОЗ АСТ.СУННИ БО ШИЪА ЗИНДААСТ ШИЪА БО СУННИ. ВАССАЛОМ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)