Бахшҳо

Кабирӣ хостори мулоқот бо донишҷӯёни номанависи Суғд шуд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли як нома аз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хостааст, барои мулоқот бо раиси ҳизб -- Муҳиддин Кабирӣ мусоидат ва иштироки 150 донишҷӯро бо як толор фароҳам кунад. Ин нома бо имзои Мирзоқул Ҳоҷиматов, раиси бахши ҲНИТ дар маркази вилоят унвонии раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров ирсол гардидааст.

Дар ин нома гуфта мешавад, Кабирӣ дар доираи як сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар мекунад ва хоҳиш дорад рӯзи 16 феврал бо донишҷӯён мулоқоти озоде дошта бошад. Дар он таъкид шудааст, ки ин мулоқот дар чорчуби маъракаи пешазинтихоботӣ сурат гирифта, устодони донишгоҳ низ метавонанд иштирок намоянд

Ин пешниҳоди ҲНИТ дар ҳолест, ки 6 январи соли равон торнамои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд матлаберо бо номи "Мактуби кушода аз номи 8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд ба раиси ҲНИТ" нашр кард. Дар ин мактуб, ки баъдтар дар расонаҳои давлатӣ ва торнамоҳои мақомоти дигар низ нашр шуд, донишҷӯён аз Кабирӣ хоста буданд, аз ҲНИТ даст кашад ва онро барҳам диҳад. Дар ин нома, ки ҷониби ҲНИТ онро навиштаи мақомот унвон кард, вале ба иддаои муаллифонаш, аз номи “8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд” мебошад, аз ҷумла гуфта мешуд: “Ҳар ҷое як террор, куштор ва ё ҳодисаи таркишу харобкорӣ ба вуқуъ меояд, ҳатман дар он ҷо изи ислом ва мусулмон дида мешавад. Шумо шояд ҷавоб диҳед, ки ин инъикоси яктарафаи ҳодиса аз ҷониби расонаҳо аст. Лекин ҳодисаҳои чанд моҳи охир баёнгари он ҳастанд, ки дар ҳақиқат исломи сиёсӣ барои ҷомеа хатарофар аст. Бубинед дар ҳодисаҳои «Баҳори Араб»-ро, ки ба мардуми ин Тунис, Миср, Либия ва дигар кишварҳои ин минтақа чи қадар харобӣ овард ва ё ҳамсоякишвари мо Афғонистонро, ки зиёда аз 35 сол боз дар вазъияти носубот ва беамнӣ қарор дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсӣ гардидани дини ислом аст.”

Раиси ҲНИТ баъди нашри ин нома гуфта буд, омода аст бо ин донишҷӯён, агар дар ҳақиқат муаллиф худи онҳо бошанд, мулоқот ва гуфтугӯ намояд ва агар собит кунанд, ҲНИТ хилофи манфиатҳои миллӣ аст, аз он даст мекашад.
Мӯҳр
донишчу
М.Кабири зинда бошед, он номаро донишчуён не, балки аз боло навишта буданд.

Донишчуёни ДДХ
Мо гурухи донишчуёни донишгохи Хучанд ХНИТ-ро эътироф намекунем ва умуман намехохем, ки бо шумо сухбат дошта бошем. Исломисиёсиро намеписандем, зеро ки он чомеаро ба нооромй мебарад.

Салом Озодагон: Як суол ба Кабири, Кабири агар шумо пируз шудед чи праграма доред, инро бояд халк пеш аз интихобот донад, Шумо даьвои исломи доред конунхои шариат кати кор мекунед е??????

"Чанги якум ва дуюми чахон,чанхое ки имрузхо дар Украина шуда истодааст, шояд ХНИТ (гунахгор) бошад? Коил кардед (донишчуёни)Хучанд!

Бародарои хуҷандӣ кай аз ҳамин коргириҳои давраи пешин ва коммунистӣ даст мекашида бошанд? кай ин мансабдорони балегӯй бо ақлу фаҳмиши худ кор мекарда бошанд? охир мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва чаро ҳамеша аз номи ҷавонон, аз номи мардум мегӯянду ду се нафар чӣ ба сарашон омад менависанд. То кай бо гуфтаи ин мутакаббирон мардум кор мекарда бошад? Ҳол он ки ягон нафари онҳо дар байни мардум обруе надоранд. Ҳайфи ҳамон ректоре, ки чунин номаро аз номи шогирдонаш ташкил кардааст. ба қавли ҷаноби олӣ шуморо лояд мардум эътироф кунад, на ин ки худатон тхудатонро ин қадар таъриф занеду маҷбурӣ мардумро барои эътирофатон даъват созед. Гумон мекунам ҳамаи ин корҳи лагандбардориву хушомадгӯи ва худро наӯз нишон додан ба боло ба ҷузъ хидмати хирсона ба ҷаноби олӣ дигар чизе нест. Камтар ба худ оед, курсинишинони хуҷандӣ. (ба пахтачинӣ ҳам бечора донишҷӯён бо хоҳиши худ рафта бқданд?!!!)

озодагон хоҳиш дорам баъзан баъзан андешаҳои моро ҳам чоп кунед.

Дар асл он имзохоро бо рохи фиреб гирифта буданд.Донишчуёнро фиреб карда буданд,ки хамдарди ба мардуми Фаластин хаст,гуфта донишчуёнро фиреб карданд

Точикак
Донишчуёни ДДХ,
Сад дар сад бовари дорам, ки муаллифи ин навищтахо донишчу нест. Агар донишчуи хакики боши ба сиёсат чи кор дори, рав донишатро чустан гир. Агар бовари дори ба нуктаи назарат биё исбот кун ба Кабири ки рохаш нодуруст аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)