Бахшҳо
20 мар 2015 09:52Ҳуқуқи инсон

Охирин Наврӯзи Маликаи ҷавонмарг (ВИДЕО)

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Ҷавондухтаре, ки дар як намоишномаи наврӯзӣ нақши “арӯси гунг”-ро бозӣ карда буд, пас аз анҷоми намоиш худро дар оғили хонаашон ба дор овехтааст.
Ҷасади Малика Мирзоеваи 17-сола аз рустои Тугаракро наздиконаш соати 15-и рӯзи 17-уми март замоне пайдо карданд, ки ӯ аллакай ҷон дода буд.

Ҳамсинфонаш дар мактаби рақами 11-и ноҳияи Восеъ мегӯянд, қабл аз марг вақте Малика нақши "арӯси гунг", як саҳначаи нимҷиддиву нимшӯхӣ аз ҳаёти тозаарӯсеро он чунон бо ҳаяҷон иҷро карда буд, ки касе тасаввур намекард, ки ӯ рӯзе даст ба ҷони худ мезанад. Бархе аз ҳамсабақонаш мегӯянд, пас аз иҷрои ин нақш гӯиё ин духтар ҳадафи тамасхур қарор мегирад ва наздиконаш ҳам барои иҷрои чунин нақше ӯро сарзаниш мекунанд. Як ҳамсабақи Малика, ки нахост номашро зикр кунем, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Маликаро баъди анҷоми намоиши наврӯзӣ амакаш бо кадом писаре дида, писарро зери латкӯб қарор медиҳад ва Маликаро ҳам таҳдид мекунад, ки дар хона ҷазояш хоҳад дод.

“Малика дар рӯзи Наврӯз дар ду саҳнача бозӣ карда буд. Баъди Наврӯз, амакаш, ки муаллими ҳамин мактаб аст, ӯро бо кадом писаре дида, писарро зад. Малика гурехта пинҳон шуд ва ба ҳамсинфонаш гуфт,дари маро пӯшед, ки амакам маро мекушад. Баъди чанд дақиқа аз тиреза овоз баровард, ки дарро кушоед. Калидро оварда кушода натавонистанд, баъдан ман калиди дигарро оварда дарро кушодам ва ӯба хонашон рафт. Баъди ду соат овозааш баромад, ки ӯ худро ба дор овехтааст,” - афзуд мусоҳиби мо.

Малика Мирзоева духтари калонии хонадоне дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ буд. Волидайни Малика овозаҳо дар бораи духтарашон беасос медонанд, вале низ намегӯянд, ки чаро ин духтари 17-сола даст ба худкушӣ зад. Бунафша Наимова, модари Малика рӯзи 19 март ба Радиои Озодӣ ҳикоят кард, ки рӯзи Наврӯз духтараш пас аз иҷрои нақши “арӯси гунг” ба хона баргашта, бо намоиши қадду қомат аз модараш хостааст, то зебогии ӯро васф кунад. Аммо модар дар посух ба духтар гуфтааст, ки «нав туро дида будам, чӣ лозим аст боз дидан?». Ӯ мегӯяд, намедонистам, ки ин охирин дидор бо духтарам будааст.

Бунафша Наимова афзуд: “Ман дар Наврӯзиаш иштирок кардам ва баъди анҷоми Наврӯзӣгуфтам, биё, ба хона равем. Ӯ гуфт, лагандҳоямро гирифта меоям. Чанд лаҳза пас аз пуштам омада расид. Гуфтамаш, биё, ягон чиз хӯр. Ӯ гуфт, дар Наврӯзӣ хӯрок хӯрдам, ва оғилҳоро рӯфтанӣ рафт. Ва манро гуфт, ки бушкаҳоро ҷамъ кунам, зеро баъди рӯбучини оғил барои об мерафтем. Вале вақте рафтам, киҷеғаш задам, дидам ки ӯ аллакай худро ба дор овехтааст. Пеш аз ин кор духтарам тарсида буд ва мехостам, дуояш хонем. Вале ӯ гуфт, ки баъди Наврӯз.”



Худкушии Малика дар ҳоле рух дод, ки ду ҳафта пеш як хонандаи дигари ҷамоати деҳоти Тугарак ҳам қасди худкушӣ кардааст, аммо волидайнаш тавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Алишер Неъматов, сардори шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Восеъ бидуни ироаи ҷузъиёт ба Озодӣ гуфт, ин қазия таҳти тафтиш қарор дорад.

Дар сӯҳбат бо Озодӣ амма ва холаҳояш Маликаро духтари ҷасур унвон карданд. Онҳо мегӯянд, гӯё Малика дар компутараш навиштааст, ки ӯ бояд ҳамроҳи ду додараш худро аз кӯҳи Ҳимолой партояд. Волидайни Малика мегӯянд, онҳо ҳатто намедонанд, ки ин кӯҳи Ҳимолой куҷост?
Бино бар иттилои расмӣ, танҳо дар 18 рӯзи моҳи март дар минтақаи Кӯлоб 3 нафар қасди ҷони худ кардаанд. Соли гузашта дар ин минтақа 41 нафар, аксаран ҷавонон, худкушӣ кардаанд.

Ба сурати умум, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар қасди худкушӣ мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз на камтар аз 1 нафар.


Охирин Наврӯзи Маликаи ҷавонмарг (ВИДЕО)

Охирин Наврӯзи Маликаи ҷавонмарг (ВИДЕО)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)