Бахшҳо
20 апр 2015 16:20Тоҷикистон / Сиёсат

Таъини 5 директори нав: Акрамов ба ҷои Масов, Хоркашов ба ҷои А. Турсон ва Маҳмадов ба ҷои Шамолов...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми апрел бо имзои қарорҳои ҳукумат Абдураҳмон Маҳмадов, собиқ декани Факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ (ДМТ) ва собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ба ҷои Абдувоҳид Шамолов директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум таъин кардааст. Бо амри раисиҷумҳур Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи машваратчии калон – сардори шӯъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ аз Академияи илмҳо хабар дода, афзуд, ки Шамолов бо қарори ҳукумат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми худ барканор гардид. Манбаъ афзуд, бо қарори дигари имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон академик Раҳим Масов низ аз мақоми директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ барканор гардида, ба ҷои ӯ Зикриё Акрамов таъин гардидааст. Акрамов дар гузашта вазифаи декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Акобир Мирзораҳимов, собиқ декани факултаи биологияи ДМТ ба ҷои Абдусаттор Саидов директори Институти зоологоя ва паразитология ва Лутфулло Саидмуродов собиқ вакили парлумони Тоҷикистон директори нави Институти иқтисодиёт ва демография таъин гардидааст. То ҳол роҳбарии Институти иқтисодиёт ва демографияро Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба уҳда дошт, ки дар интихоботи ахир вакили парлумон шуд.

Бар асоси иттилои ин манбаъ, инчунин Сахидод Хоркашов ба ҷои академик Акбар Турсон директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъин шудааст. Мусоҳиби "Озодагон" афзуд, дар қарорҳои имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон сабаби барканории Акбар Турсон ва Раҳим Масов, баромадан ба нафақа нишон дода шудааст, аммо гуфта мешавад, онҳо ба ҳайси корманд фаъолияташонро дар Академияи улум идома хоҳанд дод.
Мӯҳр
Абдурахмон Махмадов шахси арзанда аст. Муборак!

Фирдавс
Бас будагист... Брен дам гиред... Монед дигарон хурда гардан....

Сарбаланд
Ачиб корхое шудаистодаст.
Академикхо Рахим Масов ва Акбар Турсон шахсони андак нестанд. Чаро бо онхо чунин рафтор мекунанд? Онхо харгиз хушомадгуиву мадх накаранд. Холо кафшхояшон пеши по шуд.
Шамолов кучо мерафта бошад хайронам. Одами бад нест кадри хубам хаст, вале ба назар мерасад садокати хуб нишон надод.

Устод Шамолов рохбари хуб будаанд.

Устод Шамолов рохбари хуб будаанд.

Шукрихудо
Худованд руҳи турсунову масова қарини раҳмат ва шоистаи биҳишти аъло гардонад.

Масов шумо мегуфтед,ба Масчит
рафтан чи фоида (Навз-Биллох).
Мо то хол меравем ба Масчит шуморо,ки
аз фазифа,хорич кардану ,фазифа на-
доданд шумо ,кучо меравед?
Рох ба тарафи чои коратон баста.
дари утоки кориатон кулф ,баста бароятон.
Як рох барои шумо кушода ва дараш, бе кулф
ончо Хонаи ХУДО.Раведу тавба кунед,шояд
чизе баред бо худ аз ин Дунео.Донишчу,

Gulbutta
Ami Khorkashev tamoman malumoti dunyavi nadora!!!!!!!!!!!

ном
Ба рафтахо сабр тани сихат ба Омадао барори кор адолати пок инчо ДМТне АИ ЧТ илм кати кор кардан даркор

Истиклол
Хамаи он шахсоне, ки ба вазифаи нав таъин шудан бурдборихо ва комебихо орзумандам. Махсус ба устодон Лутфулло Саидмуродов ва Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович, ки бисер олимони дурандешу хоксор мебошанд.

...Рафтанду равему боз оянду раванд.
Лутфулло Саидмуродов вокеан хам иктисодчии сатхи байналмиллалист. Ба номбурда барори кор мехохам...

Шамолов А. хамин руз директори Маркази тадкикоти стратегии таъин мешавад

Устод Абдурахмон МАХМАДОВ вокеан шахсияти арзанда аст.МУБОРАК БОШАД!

[Бехтарин пешниход!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)