Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 12:48

Кӯмакхоҳии Файзалӣ Холов барои муолиҷаи духтарчаи 11-солааш

24 ноябр 2016, 11:05

Файзалӣ Холов, як сокини шаҳри Норак барои муолиҷаи духтарчааш -- Шоҳонаи 11-сола, ки аз дарди “Майдасарии модарзодӣ бо аломати ихтилоҷӣ ва инкишоф наёфтани ақлу нутқ” ранҷ мекашад, кӯмак мехоҳад.

Ин сокини шаҳри Норак мегӯяд, даҳ сол мешавад, ки фарзандаш ба ин дард гирифтор аст: “Тӯли ин солҳо духтарчаам муолиҷа мегирад ва барои табобаташ доруҳои гаронарзиш истифода мешаванд, ҳар 10 рӯз 45-50 дона уребча (памперс) намерасад, ҳама дороиамро барои табобаташ сарф кардам, имрӯз илоҷ надорам, ҳатто барои хариди дору зӯрам намерасад”.

Падари Шоҳона меафзояд, духтарчааш ҳаррӯз барои кам шудани дард се маротиба шаш намуд дору истеъмол мекунад, “агар ҳамон доруҳоро истеъмол накунад, аз сӯзи дард доим мегиряд”.

Файзалӣ Холов мегӯяд, барои табобати духтараш дар беморхонаи Қарияи боло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат кард, аммо онҷо духтурон гуфтаанд, ин беморӣ табобатнашаванда асту оҳиста оҳиста ӯро бистарӣ мекунад: “Бо сабаби надоштани маблағи равуо натавонистам дар ин беморхона муолиҷа гирад ва ба беморхонаи шаҳри Норак бурдам”.

Ба гуфтаи ӯ, маоше, ки мегирад, хеле ночиз аст ва ҳатто барои хурду хурок намерасад, зеро ба ғайр аз Шоҳона 4 фарзанди дигар дорад. Ба гуфти Файзалӣ Холов, духтарчааш инчунин ношунаво асту гап зада ҳам наметавонад: “Пештар кам-кам роҳ мегашт ва сар аз моҳи декабри соли 2014 қариб, ки пойи росташ аз ҳаракат мондааст ва ба зонувонаш ҳаракат мекунад. Аз чанд дорухона қарздорам, дигар шарм медорам барои дубора қарз пурсидан. Аз ҳамин лиҳоз аз ҳамаи шаҳрвандони саховатманди кишвар ва берун аз он ки имкони ёрӣ дорувор, уребча барои калонсолон ё маблағро доранд, кӯмак мехоҳам. Ман ҳам чун дигар падарон орзуҳои зиёд дорам. Аз ҳамин хотир пешопеш аз онҳое, ки нисбат ба мушкилии банда бетараф набуданду нестанд, изҳори сипос менамоям”.

(+992) 901-50-00-73, 917-82-04-39



Кӯмакхоҳии Файзалӣ Холов барои муолиҷаи духтарчаи 11-солааш

Кӯмакхоҳии Файзалӣ Холов барои муолиҷаи духтарчаи 11-солааш
Кӯмакхоҳии Файзалӣ Холов барои муолиҷаи духтарчаи 11-солааш

Кӯмакхоҳии Файзалӣ Холов барои муолиҷаи духтарчаи 11-солааш


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илохо ба ин кудак шифо дихад.
Ака як киви кошелек кушоед то аз Руссия маблаг равон карда шавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЛЛОХУ ТАЪОЛО ХУДАТ БА ФАРЁДАШ БИРАС.
ХУДОЁ БА ХАКИ ВА НУНАЗИЛУ МИНАЛ КУРОНИ МО ХУВА ШИФОУН ВА РАХМАТУЛ ЛИЛ МУЪМИНИНА ВА ЛО ЯЗИДУЗ ЗОЛИМИНА ИЛЛО ХАСОРО ШИФОИ КОМИЛУ ЪОЧИЛАШ АТО ФАРМОИ ОМИН
Посух додан
  • Somon

  • 24 ноябр 2016 15:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё бар ин кудак шифои комилу очил ато бифармои!
Посух додан
  • антихурофот

  • 24 ноябр 2016 16:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба чойи дуохои бехуда кумаки моли кунед! Худои араб ба касе кумак накардааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллохи мехрубон ин хохари бегунохро ба кудрату тавоноият ин хохарро харчи зудтар шифои комилу очил насиб гардон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
антихурофот,
Худои Араб Худои манам хаст агар ту бар У бовар надошта боши аввал он ки хидоятат кунад халк кунандаи худатро бишноси агар дар касди хидояташ набошад хамун дарде ро ки дар кудак додаст туям гирифтори анамун дард кунад, ки дарси дигарон шави .Астагфируллох Худое ки икадар немат додаст тансихати бехтар нематаст куфри немат кунию нашиноси холики худатро. АСЛАТ АЗ КАТРА МАНИ, ЛОИКИ ТУ НЕСТ МАНИ. АЗ РАХИ БАВЛ ШУДИ КИБРУ МАНИХО ЧИ КУНИ?. ТУ ХАМОН ЧИФАИ ПОКИ КИ ХУСНУ КАМОЛИ ТУ АЗ УСТ,БОШ ХОКИ РАХИ У МАЙЛ БА БОЛО ЧИ КУНИ??? АЗ ТУ БОКИМОНДА ЧИ ИБРАТ ГИРАТ БЕ ХУДОЮ БЕ ДИН ШАВАД???????? НАСЛИ НАВРАСИ МОРА ОЯНДАИ МИЛЛАТИ ТОЧИКИ МОРА АКИДААШОНА ВАЙРОН НАКУН.АНТИ ХУРУФОТИ МЕГУИ ХУРУФОТУ ФИТНА НААНДОЗ

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!