Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:32

"Мегафон" дастрасӣ ба "Озодагон"-ро масдуд кардааст

30 май 2015, 17:19

Муштариёни ширкати мобилии "Мегафон" мегӯянд, аз рӯзи 29-уми май инҷониб дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Озодагон" надоранд.

Ба гуфтаи муштариён мушкили дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Озодагон" тариқи хидматрасониҳои ширкати "Мегафон" баъди зуҳри 29-уми май пайдо шуда, то ҳол бартараф нагардидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, "Фейсбук", “ВКонтакте” ва сомонаҳои хабарии радиои “Озодӣ”-ю хабаргузории “Азия Плюс”-ро низ масдуд карданд.

Корбарони интернет ба “Озодагон” гуфтанд, дастрасӣ ба "Одноклассники", "ВКонтакте" баъди нашри навор дар бораи ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД, ё худ “ОМОН” масдуд гардид.

Хуршеди Андам, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, ки аз нисфирӯзии 28 май ба ин сӯ дастрасӣ ба сомонаи радиои мазкур масдуд шудааст. Ӯ гуфт, ба Хадамоти алоқа ва ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет муроҷиат кардаанд, аммо посухе дар робита ба бастани сомонаашон дарёфт накардаанд.

Зебо Тоҷибоева, масъули оҷонсии хабарии “Азия Плюс” низ изҳор дошт, аксари ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет сомонаашонро бастаанд ва шарҳе ҳам надодаанд.

Бастани сомонаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.

Дар пайи нашри ин навор қарори ҳанӯз аввали моҳи май қабулкардаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон низ оммавӣ гардид, ки дар он бо пешниҳоди Додситонии кул “Давлати исломии Ироқу Шом” созмони террористӣ эълон шуда, ҳар гуна фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Dasd

  • 29 май 2015 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чунин сомонахои Озоди, Азия плюс,Точ Нюс махдуд шудаанд.
Посух додан
  • Яъкуб. Душанбешахр.

  • 29 май 2015 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо масдуд кардани сомонахо худро шарманда мекунанд.Хол онки навори сабти ин палковники доиши алакай дар тамоми телфонхои мобилии сайру гашт дорад. Ба Бег Зухуров гуфтани хастам на худу на Хукумат ро шарманда накун.
Посух додан
  • Haker

  • 29 май 2015 15:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо доман офтобро пушонда намешавад, 90% Точикистон аллакай ин наворро тамошо карданд аз тарики телефонхо, акаи Бег Зухур кушоед акнун сайтхоро.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хай бастен баъд чи чишуд бо мардум ба Опера медароянд.

хай бастен баъд чи чишуд бо мардум ба Опера медароянд.
Посух додан
  • amg

  • 30 май 2015 20:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ay isu pas malum meshava ki yagontai mo hukuki zindagi kardan nadirem . Hamiyay zindagi vakteki yak bandai khudovand ya kora mahdud kna.. hamiyay demokratiya hamiyay ozodi ?? U teraristo chi kore meknan mo ay i sayto mahrum meshavem i aybi mo nestay ki u palkovnik suriya raftay. Chiba i khabarora ay mardum pinhon meknan. Nameshava ikhi boyad peshi rohi i mansabdorone ki da sari takhtan giriftan darkor. Baroi chi dar avrupo yak svetshona mekshan yo oylikshon past mesha mebroyan miting hukuki khudshona talab meknan baroi ki da avrupo konun hastay . To mo konuni khudmona talab naknem konundor nameshavem .
Посух додан
  • Khujand

  • 30 май 2015 21:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зухуруф! Бизнеси ман мурд! Мон як дам ба холи худ! Ахмакии калон аст бастани сомонахо. Бекаллахо саросар. Аз Тсели даст кашидам аз ин пас. Офарин .....
Посух додан
  • shavkat

  • 31 май 2015 07:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам акаи бег хамара ранги худаш хаел мекунад чи? бехабар аз он ки мардум чандин роххои гуногунро медонанд чи тавр ба сайтхои бастаи бег дароянд. суханхои вазбин дорам ба сурогаашу аммо ба Худо месупоремаш ки касди моро биситонад тезтар.
Посух додан
  • Ех

  • 31 май 2015 09:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ким чен ын мо бо шумоем!!!

ким чен ын мо бо шумоем!!!
Посух додан
  • Аноним

  • 31 май 2015 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо бастани сайтхои интернети хечгох ба максад намерасем... ин муаммо як чанд сол такрор шуда истодаст, наход хамон одамонеки ин корро мекунанд, шабакаи интернетиро мебандан, хабар надоранд ки барои одамоне, ки хохиши вориди интернет шудани доранд муаамое надорад, наход шумо хабар надоред ки бо роххои гуногун, бо барномахои гуногун ин монеаро паси сар карданашро!!! ин факат, чуноне, ки зикр шуд шармандаги хасту халос... аклро корфармоед ки мардум аз паси шумо равад, на онки бо махдуд кардани ягон манбаъ...
Посух додан
  • Бабник

  • 1 июн 2015 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман бо opera любойчо дромадестам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тсеll ҳам дасти мегафонра гирифтааст шабакаҳои иҷтимои ворид шуда намешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!