Бахшҳо

Муҳоҷири тоҷик гуфтааст, ӯро ҷарима не, ҳабс кунанд

Нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми пешниҳоди пора ба корманди пулиси Русия парванда боз шудааст.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, насаби ин муҳоҷир Гулов буда, 26 сол дорад. Ба иттилои манбаъ, ӯ баъди тамом шудани муҳлати қайди буду бошаш дар қаламрави Русия бо мошини худ қасд доштааст, марзи Русияро убур кунад, то тавонад дар асоси қонунгузории ин кишвар дубора ба ҷои кораш – Брянск баргардад: “Аммо дар роҳ мошини ӯро кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нигоҳ медоранд. Кормандони пулис Гуловро ба Шӯъбаи умури дохилии Брянс мебаранд. Муҳоҷир тоҷик барои раҳо шудан ба онҳо 1200 рубл пешниҳод мекунад ва аз ҷониби хадамоти амнияти дохилии шӯъба боздошт мешавад”.

Додситонии Брянс гуфтааст, тафтиши қазияи Гулов ба анҷом расида, парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Ба иттилои расонаҳо, “муҳоҷири тоҷик аз кардааш пушаймон аст. Ӯ медонад, ки ӯро ё ҷаримаи ҳангуфт ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол интизор аст. Вай гуфтааст, вазъи молии хонаводааш хеле бад аст ва хоҳиш кардааст, ӯро на ҷарима, балки зиндонӣ кунанд”.


Акс аз торнамои "Брянск тудей"
Мӯҳр
Ин бечора ва садхо чунин бечорахо гунохе надоранд. Барои кадом гунохаш ё бояд 10 сол пушти панчара равад? Ку давлае ки чунин шахрвандони бечораашро начот дихад?

Хукумат бояд аз ин бародар пуштибони кунад. Тавре, ки русия ду халабонашро, ки сархади хавоии моро гайриконуни гузашта буданд.

Сафорат мерава мега 10 не 15сол бтенш ки тч наояд аму зиндонда беста хукуматимо аз шахрвандонаш безор аст. Ин бечорагию дармондагиро бинет боз шарм надошта шукронакунед мегуянд мурданатон бехтараст аз инрузда. Боз мегуянд чавоно ба сафи доиш мепайванданд ана сабабро бинет рози аст барои пул 10сол зиндони шавад аммо чарима нащавад дигар чавонхохам аз зиндаги безоршуда мераванд эээххх миллатро хору зору дарбадар кард ин хукумад

Шарифамох
""ё озодӣ ба муҳлати то 10 сол интизор аст." Дуруст кайд кардаед, аз ин мебарояд, ки хамаи мухочирон конунвайронкуни содир намоянд. Озоди БЕХАТО навис.

10 sol mahbas ne,10 sol Deport gufta shudaast onjo.Durusttar dikkat kuned!Ba har hol govsud ast.Sohibi kardan lozim.

fayz
ягон гунохе нест ин чо - белорус бе виза бояд дарояд...
точик бесохибу бечора аст дар хама чо

Ба Президенти ЧТ!
Вазъи кунунии мухочирони точик дар ФР ру ба табохист. Хукумати кунунии Россия бо хар гуна бахона ва иттихомоти махсус ба мухочирони точик таъсир мерасонад. Ин аст, ки гурухе аз чавонон рох суи Ирок ва Сурия пеш гирифтаанд.

ммм..
ягон милисаи рус бепора чавоб намедихадку, акнун ин бечораро пора гуфта махкама карда истодаанд проста издеваться...

хама чувонамардхои точикро паси панчара кардан дигар гами миллати точикро ки мехурад...

Салмон
Мух,оч,ир Гулов навигари нест... Тюрмах,ои Русия аз точ,икон пур шудаанд , ки 60 - 70 фисади онх,о бегунох,анд. Аз сабаби бесох,иб буданашон дар хорич, , кормандони к,удратии Русия барои х,адафх,ои хеш (рутбаи навбати, мансаб ва гайра ), ба онх,о х,арчи хох,анд мекунанд .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)