Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 10:46

Пан Ги Мун: Тамоми ҷиноёте, ки аз номи дин содир мешаванд, амалан алайҳи дин ҳастанд

10 июн 2015, 17:10

Тамоми ҷиноёте, ки аз номи дин содир мешаванд, амалан алайҳи онанд. Ин нуктаро Пан Ги Мун, дабири кулли СММ зимни нишасти раҳбарони динҳо ва фарҳангҳои ҷаҳонӣ дар Остонаи Қазоқистон изҳор доштааст.

Ӯ гуфтааст, роҳбарони динӣ замоне уҳдадор мешаванд, ки пайравонашон аз номи Худованд ҷиноят содир мекунанд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо аз номи дин амалан ҷиноятҳои алайҳи дин ҳастанд. Пан Ги Мун дар идома афзудааст, “мо нахустин насле ҳастем, ки тавони нуқта гузоштан ба фақри ҷаҳониро дорем. Ва мо насли охирин ҳастем, ки тавони ҳал кардани мушкилоти марбут ба гармои ҷаҳониро дорем, то он даме, ки дер нашавд”.

Ба гуфтаи дабири кулли СММ дар бештари кишварҳо, он гунае, мо шоҳид ҳастем, сиёсати ҷудоандозӣ шакл мегирад: “Раҳбарони динӣ нақши ҳалкунанда доранд. Онҳо метавонанд нақши “часп”-ро дошта бошанд. Нақши бархоста аз арзишҳои ҳамгироӣ ва эҳтироми тарафайн барои ба ҳам овардани тамоми ҷомеа. Ба ин кор танҳо аз роҳи муколама метавон расид ва он ҳам истифода аз раҳбарони руҳонӣ ба хотири пуштибонӣ аз мақсадҳои башардӯстӣ. Инчунин рушди арзишҳои умумӣ, ки дар эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва аҳдномаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёӣ дарҷ ёфтааст. Инчунин чизе, ки дар таълимоти тамоми динҳои ҷаҳон навишта шудааст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!