Бахшҳо

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: Имконият ё “чупачупс”

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Масъалаи вурдуи Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баъд аз пазируфта шудани Қирғизистон мавзӯи доғ дар муносиботи Русия ва Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби дигар барои Тоҷикистон ворид шудан ва нашудан як интихоби бисёр сода нест. Ба ҳамон андозае, ки Тоҷикистон аз ворид шудан фоида ва зарар мебинад, ба ҳамон андоза аз ворид нашудан суду зиён бармедорад. Вале ҳарфи аз ҳама муҳим ин аст, ки бо ворид шудан ва ё нашудан Тоҷикистон чӣ гуна метавонад ҷойгоҳи худро дар минтақа ҳифз кунад.

Чанде пештар бо ибтикори Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” як баҳси коршиносӣ бо номи “Тоҷикистон ва ИИАО: мушкилот ва дурнамо” доир шуд, ки соҳибназарони тоҷик дидгоҳҳои худро бар асоси таҳлил ва фазошиносии худ иброз доштанд. Қисме аз соҳибназарон бар ин буданд, ки Тоҷикистон чорае ҷуз ворид шудан надорад, вале гуруҳе бар ин назар буданд, ки вуруди Тоҷикистон бояд бисёр огоҳона ва бар пояи омӯзишҳои хеле дақиқ бошад, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат зери суол қарор нагирад.

Як чиз дақиқ аст, ки муаллифи ин тарҳ Русия мебошад, ҳарчанд ба таври расмӣ ибтикори Қазоқистон муаррифӣ мешавад. Ҳоло баҳсҳо бештар атрофи ин нукта мечархад, ки ин тарҳ як лоиҳаи сиёсии Русия мебошад, то як раванди ҳамгироии табии иқтисодӣ. Баъди сар задани ҳаводиси олами араб, Укроин ва таҳримоти Ғарб алайҳи Русия тарҳи сиёсӣ будани ин иттиҳод мантиқитар менамояд. Аммо муқаррарот ва сабукиҳоие, ки барои давлатҳои узви ин иттиҳод пешбинӣ мекунад, коршиносонро ба он водор кардааст, ки дар мавриди як созмони иқтисодии зарурӣ ва фоидаовар будани он суҳбат кунанд. Аммо аз сӯи дигар Русия тааҳҳудотеро, ки зимни бастани созишномаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ медиҳад, на ҳамеша риоят мекунад ва ба онҳо пойбанд мемонад. Аз ин рӯ, нуқтаназари коршиносон дар баҳси мазкур бештар ба воқеият пайдо кардан ва амалӣ шудани муқаррароти ин созмон бо ҳам дар таноқуз буданд.

Вале як чиз ба назар мерасад, ки кишварҳои узв ва ҳазорҳо марказу бунёдҳои Русия ва Қазоқистон барои ҷалби Тоҷикистон ба ин созмон ташвиқоту тарғибот мебаранд. Аммо дар минтақае, ки Тоҷикистон қарор дорад ва муносиботеро, ки бо Чин барқарор намудааст ва ҳамчунин масире, ки барои бархӯрди манфиатҳои Чину Русияву Амрикову Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ нишон дода мешавад, ин тарғибот на ҳамеша манофеи миллии Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Шояд аз лиҳози иқтисодӣ ин иттиҳод барои Тоҷикистони имконоти воқеиро фароҳам кунад ва он ҳам ҳоло дар сатҳи имконоте, ки метавонад ин иттиҳод ба вуҷуд биоварад. Вале аз паҳлӯи сиёсӣ масъала хеле фарқ мекунад. Кишварҳое, ки дар иттиҳод пешоҳанг ҳастанд, то куҷо аз усули шарокати баробар кор мегиранд? Чун Русия, муаллифи ин лоиҳа ҳамеша дар муносиботи худ ҳам дар доираи равандҳои ҳамгироӣ ва ҳам дар муносибатҳои дутарафа тааҳудотеро, ки медиҳад аз заифии кишварҳои минтақа истифода карда, онҳоро тағйир медиҳад.

Як намояндаи Маркази Гумилёв аз Маскав дар маҳфили Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” гуфт, агар Тоҷикистон ба ин иттиҳод пайвандад, мушкили муҳоҷирин ҳал мешавад, агар напайвандад, муносибати мардуми Русия ба муҳоҷирин тағйир намеёбад. Ба назар мерасад, барои пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод аз таҷрибаҳои хандаоваре кор мегиранд, ки мисли як кӯдакро ба худ моил кардан ба ӯ қандро нишон медиҳанд. Ман аз нигоҳи сиёсӣ мантиқи ҳамин лоиҳаро аз ҳамин гуфтаи раиси Маркази Гумилёв хулоса кардам...
Мӯҳр
Абдулло
Илтимос Озодагон гум кунед хамин бесавода!! Хохиш!! Ман нахондам маколаи ин касро лекин наход одам хама масъалада худаша босавод гирад? Хаи чиз меъйор дорад.... Чупачупс хех...

Ҳолдон
Офарин бародар!!
Руссия мехоҳад даҳони Тоҷикистонро бо чупачупс ширин кунаду онро ба роддоми (таваллудхонаи) калоооони қувваи кории арзон табдил кунад. Дар мавриди иҷрои тааҳудот аз тарафи Руссия дуруст зикр кардед. Аз садҳо ваъдае, ки Руссия барои Тоҷикистон то ин дам кардааст, кадомашро иҷро кардааст? Магар нафаре гуфта метавонад, ки он ваъдаҳое, ки Путин бо даҳани пур дар Душанбе дода буд, кадомиаш иҷро шудааст?

Иршоди муҳтарам, метавонистед ҳаводиси ахири Арманистонро ҳамчун намуна биёред. Бинед, ки Руссия онҳоро ба чӣ ҳол овард. Ҳама гап сари он, ки ширкатҳои энергетикии Арманистон аз руссҳо шудаанд, ҳар нархе кидилашон хоҳад, ҳамон нархро хоҳанд гузошт.
Ин митинг нишонаи он аст, ки Арманистон дар ҳоли гуфтушуниди шартҳои воридшавиаш ба он "иттиҳод" аст ва болои манфиатҳои худ истодагарӣ карда истодааст. Руссия бошад ба ҳокимони арманӣ шинон дода истодааст, ки чӣ кор метавонад кунад, агар онҳо шартҳои руссияро қабул накунанд. Яъне аз тариқи митингу револютсия ҳукумати гапногирро аз қудрат дур мекунад.
Дар Қирғизистон чӣ гап шуда истодааст, ба ҳама маълум ва боке нест, дар ду моҳи оянда он ҷо низ митингу гирдиҳамоиҳои густарда баргузор гарданд. Бинед, Қирғизситонро барои таъхиркорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои ГЭС Камбарата 1 ва 2 гунаҳкор карда истодааст. Чин бошад, маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохториро дар Қирғизистон тамдид накарда истодааст, як қатор лоиҳаҳое, ки Чин онҳоро пуштибонӣ мекард, қариб ки боз истодаанд. Сармоягузорони чинӣ аз Қазоқистону Қирғизистон "фирор" карда истодаанд. Ин аст ояндаи мо дар ин "иттиҳод".

Агар мо бо шартҳои Россия вориди он "иттиҳод" шавем, ду-се корхонае, ки мисли мурғ лангон-лангон кор мекунанд, аз фаъолият хоҳанд монд. Колбасаву сокҳои Руссӣ ҳамаро забт мекунанд, ба ҷои оби Шоҳамбарӣ оби Байкалро хоҳем нӯшид. Бозори Корвон, ки дар он ҳазорҳо нафар ҷои шуғл доранду даҳо ҳазор нафари дигар аз он нон мехӯранд, баста хоҳад шуд. Дар ҳоле ки мо бояд мардумро соҳиби ҷои кор кунем, иқтисодамонро гуногунпаҳлӯ созем.

Озодагон, чоп кунед, аз барои савоб.

Ҳотам
Беҳтарин мақола ва таҳлили хеле хуб.

Муаллим
Точикистон бояд ба ИИАО хатман дохил шавад. Россия дусти наздиктарини Точикистон мебошад, нисбати Эрон ва Чин. Эрон шиамазхаб мебошанд ва мехоханд ,точиконро хам аз мазхабашон бароранд.

мухочирони киргиз ба мисли мухочирони точик патент мегиранд барои кор киргизхо метавонанд дар мудати якуним мох патент гиран точико дар 1 мох бояд патент гиранд танхо хаминкадар фойда гирифтан киргизхо аз таможни союзи мегуфтагиатон. озодагон чоп кунед илтимос!!

Донишчу
Ахсант, устод Иршод хамеша мантики, дуруст ва хадафрас менависи, зинда боши устод, ифтихори точикони!

Вассал
Ҳолдон,
Ман намедонам, ки кай ба ин конслагери навбатии Русия ворид мешавем, аммо медонам, ки мешавем.НАШУДА НАМЕТАВОНЕМ! Агар ба мо Амрико куҳи тиллою Хитой нуқра ваъад кунанд ҳам, бо баъд аз андаке нозу нуз ба ин иттиҳод ворид хоҳем шуд. Зеро мо моли Русия ҳастем ва чи хеле хоҳад, ҳамон хел истифода мебарад.Ҳатто кай ва чи гуна ворид шудани мо ба ин иттиҳоди нобаробарро аллакай онҳо муайян кардаанд. Так что...Вперёд Вася!

Калимаи чупачупс чудод-чудо навишта мешавад, яъне чупа чупс ба маънои макидан. Номи макола, ки галат шуд, дигар чи хочат аст ба хондани худи макола. Бахои муаллиф аз назари геополитики 1, аз назари грамматики бошад, 2+.

Имконият не, хамон чупачупси гуфтагетон дуруст. Зарар мебинем на фоида аз хамон таможни союзу осиёсоюз. Россия дар фикри империяи худаш, а на таджиков им наср...ть

бехабар
Точистон бояд ьатман ва тезтар ба ин иттиход шомил шавад. Чор миллион кувваи кори сохиби кор ва маош мешаванд ва оилахои худро дар Точистон(ик моро майдамилат кардааст) таъмин менамоянд ва фикр мекунам, ки хаминаш басанда

Точик
Ба акидаи ман ин кас фикр мекуна, ки ягон шахси баландпоя ва сийосатмадор боша лекин сийосата ба чупа чупс ба даст овардан нашояд. ховата ба гулако гу

Ислом
Офарин Иршоди Гироми Руссия хеч вакт пойбанди тааххудоти хеш набудааст, як саволи одди Чаро мухочирони бечораро сар мезананд чаноби ГилерПутин лаб кук мезананд, инхо хечгох хвйри моро намехоханд ва хечгох бо ин хукумати аз тарафи тоссархо таиншуда наметпвонад аз вобастаги халос шавад, ин хукуматро онхо сохтаанд. Мо форсем бояд бо Иронихо дар самти Иктисод, фарханг.... хамкори кунему халос

ватандор
Вакти самалёт халабонода руксхо мегуфтанд 201-дивизия хамучадай бо барои ИИАО хам 201 хамичадай окибатш бахайр бошад

миллат
Точикистон набояд ба ин е он созмонхо дохил шавад. Ин хама кор окибати хуб надорад. Аз вуруд шудан ба ин созмон фодае ба мо нест. Ба ед оваред эй ононе, ки моили ворид шудан доред, чанд бор ва чи гуна ваъдахоеро Русия ба Точикистон барои ин е он тарх дода буд? Рогунро аз хотир баровардед магар?? Медведев дар Тошканд чи гуфта буд???? Боз бархеи шумо мегуед, ки ворид шавем?? Ин баробар ба таслим шудан аст!!! "Валовый внутренний продукт"-и Точикистон назар ба давлатхое, ки ба ин созмон шомиланд паст аст ва ин боиси бозори калон шудани Точикистон пас аз воридшави мебошад. Ва нихоят аз худ бипурсед, ки бо ки шумо дуст шуданиед??? Бо оне ки ахди худро шикаста, замини касеро зуран ишгол кард!!!! Ахсан ба ту журналист!!! Рост мегуи.

Иршод
Агар ки доно боши гап зан бо ки шарики иктисоди дошта бошем ё захираи бузурги нафту газ дорем км худро 'нейтрал' гирем? Вакте Руссия бад бошад чаро худро доим дар огуши у мезанем(СНГ, ОДКБ, ШОС) ?
Такдири нисф зиёди ахоли ки побанди Руссия анд бо каломи 'бурро'-ат хал мекуни?
Шикамат сер аст , чои кор дори , маоши хуб мегири , дар зимистон аз бебарки азоб намекаши , чи парвои мардуми бечора дори.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)