Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 23:38

Додгоҳи олӣ бозҷӯии амниятиҳои қирғизро ғайриқонунӣ хонд

25 июн 2015, 14:20

Додгоҳи олии Қирғизистон бозҷӯии дафтари ташкилоти ҳуқуқии “Бир дуйно - Киргызстан” аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро ғайриқонунӣ хондааст.

Ба қавли Ҳусейнбо Салиев, раҳбари иҷроияи ин ташкилот, масъулини Додгоҳи олии Қирғизистон гуфтаанд, бар асоси қонунгузории ин кишвар кормандони амниятӣ ҳаққи тафтиши ташкилоти ҳуқуқиро надоранд: “Вакили мудофеъ субъекти истеҳсолоти судӣ ба шумор рафта, аз ин рӯ аз дахлнопазирии вижа бархурдор аст”.

Ин дар ҳолест, ки кормандони Кумитаи амнияти Қирғизистон чанд рӯзи қабл вориди дафтари ташкилоти ҳуқуқии “Бир дуйно - Киргызстан” дар пайи як тафтиш тамоми аснод ва маълумотҳои мавҷуд буда дар компютерҳои ин созмонро бо худ бурдаанд.

Салиев мегӯяд, кормандони амният далели ин иқдоми худро чунин шарҳ додаанд, ки ин ҳуқушиносон дар ҳамдастӣ бо дастандаркорони ҷинояте гумонбаранд.

Ба қавли ӯ, бори аввал аст, ки дар Қирғизистон баҳсҳои судӣ алайҳи мақомоти давлатӣ нуқта гузошта мешавад ва ҳоло онҳо иддао доранд, ин кормандони амнияӣ аз мақомҳои худ барканор карда шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!