Бахшҳо

Э.Раҳмон: “Ҷанги шаҳрвандӣ зидди бунёд кардани давлати исломӣ буд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки беш аз 150 ҳазор қурбонӣ дар пай дошту даҳҳо ҳазор нафарро ба хориҷ аз Ватан муҳоҷир сохт, зидди бунёди давлатӣ исломӣ сурат гирифтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ин нуктаро рӯзи 26-уми июн дар суханронии худ ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи аграрии кишвар баён дошт. Ӯ гуфт, барои бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон ҳаргиз иҷоза нахоҳанд дод: “Мо намегузорем, ҷанги шаҳрвандӣ ҳам бар зидди бунёд кардани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Чизи дигаре набуд!”

Эмомалӣ Раҳмон аз тарзи либоспӯшии бархе духтарон ва бонувони тоҷик ҳам интиқод ва нигаронӣ карда, онро “бегонапарастӣ” ва кори дасти хориҷиён донист: “Ман модарамро нағз дар ёд дорам, ӯ дар пеши ман чашм пӯшидааст. Ҳатто дар ноҳия ҳам зиндагӣ кардаему медидем, мардум чӣ гуна сару либос доштанд? Чаро имрӯз мо бегонапарастӣ мекунем? Аз берун таҳмил кардан бо ҳамин роҳ аст. Аввал тарзи либоспӯшии моро дигар мекунанду баъд забону баъд давлат ва сабаби ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳамин буд. Ишора мекунам, ин ҷанги таҳмилӣ буду Сурияву Ироқ ва ҳатто дар Афғонистон низ ҷанги таҳмилӣ аст ва худи миллатҳо, мардум гуноҳе надоранд. Ин озодие, ки имрӯз барои духтарон, бахусус бонувон ҳаст ва ман таъкид мекунам, ки хонеду бо иффат бошед ва намунаи дигарон шавед”.

Раисиҷумҳур дар идома аз замони донишҷӯии худ ёдовар шуда, гуфт, бо вуҷуди нокомиҳо ҳаргиз руҳафтода намешуд, дониш меомӯхт ва ҳаргиз дар орзуи мансаб набуд: “Орзу кардан, мақсаду ҳадаф гузоштан ин чизи хуб аст, лекин раисиҷумҳури имрӯза ҳамин хел аз осмон начакидааст. Ман ҳам мисли Шумо ҷавон будам, ман ҳам хондам, на дар он шароите, ки имрӯз шумо доред. Заҳмат кашидам, падару модарам деҳқон буд, нони хӯрдан надоштем. Донишгоҳ омадам, дар соли якум имтиҳон супорида натавонистам, руҳафтода нашудам, таҳсил кардам. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 3 сол хизмат кардам, боз баргаштам таҳсил кардаму мубориза бурдам ва руҳафтода нашудам. Ҳасад намехӯрдам, умуман дар орзуи мансаб набудам. Фақат, ки хонам, савод гирам, касб гирам, маълумоти олӣ гирам”.

Ӯ таъкид кард, ҳарчанд зиёд гуфта мешавад, ки даврони шӯравӣ замони сериву пурӣ буд, аммо бисёр мушкилиҳо ҳам дошт: “Беадолатиҳо дар дохил шудан ҳам буд. На ҳар довталабе, ки сатҳи баланди дониш дошт, метавонист, ки бо дониши худаш дохил шавад. Мо худ шоҳид будем, мо ҳамон чизҳоро ба инобат гирифта, Маркази миллии тестӣ дар назди Президенти Тоҷикистон таъсис додем”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, оянда ният доранд низоми дохилшавии довталабонро ба шевае роҳандозӣ намоянд, ки пурра ба талаботи ҷомеаи мутамаддин ҷавобгӯ бошад: “Беадолатиҳоро мо бояд аз байн барем. Баъзан камбудиҳое, ки имрӯз дар системаи маорифи мо аст, бояд инҳоро аз байн бурд, то ҷавонони болаёқати мо таҳсил карда тавонанд”.
Мӯҳр
пенсианер
чанги шахрвандии мо ягон майда бар зиди давлати исломи набуд. чанги шахрванди бар зиди истиклолият буд. фронти халки мехост ссср - баркарор кунад. аммо мухолифон иборат аз демократу растохезу лаъли бадахшону нахзати ислом истиклолиятро мехостанд. дар хукумати муросои милли кучо исломи буд. Аслидин Сохибназару Тохир Абдучабор кучо исломиву давлати исломи буданд?

имон
Ана лапу мана гап

Бале дуруст мегуяд президент, танхо ин ки чанг на бар зидди бунёди давлати исломи балки бар зидди худи ислом буд. Мо худ шохид будем ки дар майдони шахидон мардум зери шиори "НЕСТ БОД ИСЛОМ" урра гуфта мерафанд. То имруз ин мубориза анчом наёфта балки шиддат гирифтааст. Хичобу ришу фалону бесмадон бахона.

Олим-мухочир
Вакте хонда сохибтахассус шудед, орзуи мансаб накунед, зеро дар Ватан барои шумо тибки ихтисосатон чои кор нест. Дипломхоро кунчи сандук партофта, карз карда билет гиреду "шуууув пригаем" тарави Русия мардикори!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)