Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 19:12

Нашри рӯйхати 13 китоби мамнӯи Салафия дар Тоҷикистон

1 июл 2015, 09:41

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номгӯи 13 китоби марбут ба равияи динӣ-мазҳабии салафия (ваҳҳобия)-ро нашр кардааст, ки вуруд, истифода ва паҳнашон дар кишвар мамнуъ мебошад.

Ба иттилои манбаъ ба рӯйхати адабиёти истифодаашон мамнуъ, китобҳои Солиҳ бин Абдуазиз бин Муҳаммад Оли-ш-Шайх - “Шарҳу Фазли-л-ислом ли Шайхилислом Муҳаммад Бин Абдулваҳҳоб ат-Таминӣ”, Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин - “Шарҳу Ламъату-л-иътиқод ал-ҳодӣ ила сабили-р-рашод ли-л-имом Муваффақиддин ибн Қаддома ал-Мақдисӣ”, Муҳаммад бин Носир бин Усмон Муъмир - “Фавокиру-л-изоб фи мӯътақад аш-Шайх Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб”, Абдуазиз ибни Боз - “Ал-Ҷуҳуду-лҲадисия”, Фаллоҳ ибни Исмоил Мандакор, “Ал-Илоқату байна-т-ташайюъу ва-тасаввуф”, Мусоид бин Суаймон ибн Носир ат-Тайёр – “Шарҳу Муқаддима фи усули-т-тафсир ли Ибни Таймия”, Солиҳ бин Абдуазиз бин Муҳаммад бин Иброҳим Оли-ш-Шайх – “Ал-Олиу-л-баҳияти фи шарҳи-л-Ақидати-л-воситая ли Ибни Таймия”, Ибни Таймия – “Ал-Маҷамуату-л-олийя” (мин кутуби ва рисоили ва фатво), Абӯубайд ал-Қосим бини Салом – “Китобу-л-имон. Ҳаққиқаҳу Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ”, Абдулқосим Абдулазим – “Фазлу илми-с-салаф ала илми-л-халаф” (силсилату расоили-д-даъвати-с-салафия), Абдуазиз бин Абдуллоҳ бин Боз – “Фавоиду мина-т-тафсир”, Убайд бин Абдуллоҳ бин Сулаймон ал-Ҷобирӣ –“Тайсиру-л-илоҳ би шарҳи Адиллати шурути ло илоҳа иллалоҳ ли Шайхислом Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб”, Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин – “Ал-Усулу мин илми-л-усул рисола мухтасара фи усули-лфиқҳ” ворид шудаанд.

Вазорати умури дохилӣ зикр кардааст, ки фаъолияти равияи салафия бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2009 барои таъмини ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низои миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст: "Бо ҳалномаи мазкури Суди Олӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои салафия ворид ва паҳн намудани аудио, видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои ба ин равия таллуқдошта манъ гардидааст".



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллоh

  • 1 июл 2015 14:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Субханаллох инхо хамма олимхои чахони хастанд инхоро тамоми чахон мешиносаду хурмат мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин евонахан ? Пайрави кадом динан ки китобхои олимони шинохтаи Исломро манъ кардан? Субхоналлох ин чи бедодист дар ин мулк ? Ин олимои Тоҷикистон такя ба кадом олим доран ва пайравии кира мекардабошан ? Ай президент сар карда то эмомхатибош чи ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кори хак кардан Офарин.
Ибни Таймия Олими Вахобихост(-Салафия)
- инхо Сунни нестан. Бояд Вирусро таза кард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!