Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 07:45

Суолуҷавоби З. Саидов бо судя баъди ҳукми нав: Тақозои замон ҳамин аст (VIDEO)

11 август 2015, 11:44

Додгоҳи Олии Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми август Зайд Саидовро бо назардошти 26 соли ҳукми қаблӣ дар маҷмуъ ба 29 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Тавре Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар баробари маҳрумият аз озодӣ додгоҳ қарор кардааст, ки аз ҳисоби Зайд Саидов 34 миллион сомонӣ гӯиё зарари расонда ҷуброн карда шавад. Вакили дифоъ афзуд, ин ҳукм ноодилона ва беасос буда, тайи 10 рӯзи оянда ба марҳилаҳои болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Инчунин ҳозирони мурофиа ба "Озодагон" гуфтанд, Зайд Саидов баъди шунидани ҳукми нав суол кардааст, ки "рафиқ судя, қонун чӣ шуд, ки мо ба умеди қонун будем?" ва додрас посух додааст, ки "Зайд Шерович тақозои замон ҳамин будааст".

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб карда буд.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов қаблан ба “Озодагон” гуфт, айбдоркунанда аз парванда бо даъвои шаҳрванди Ветнамӣ дар мавриди “Тоҷикатлас” даст кашида, инчунин дар мавриди иттиҳоми пулшӯӣ низ хост, парванда аз қисми 4-и моддаи 262 ба сабуктар- қисми 2 бандубаст карда шавад.

Оқои Табаров афзуд, ки дар робита ба иттиҳомот зимни бунёди “Душанбе плаза” айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ дар маҷмуъ барои Зайд Саидов 25 соли зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарар ва мусодираи амволи барӯйхатгирифташударо талаб кард. Вакили дифоъ илова кард, ба амволи ба рӯйхатгирифташуда аз ҷумла мошинҳои фарзандони Зайд Саидов дохил мебошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар маҷмӯъ бо роҳи қисман зам кардани ҷазо ба ҳукми қаблӣ додситонӣ барои Зайд Саидов 30 соли зиндон талаб кард. Зайд Саидов қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хабс кардани ин бечора ягон фойдае нест Авало Худованд бахшояндааст ва чаноби олихам химати бахшидан дорад, чаноби оли бо лутфу мехрубониат ин марди бо нангу номуси Точикиро озод кунед то ки ягон гушаи кишвари азизамонро обод кунад.
Посух додан
  • Точик

  • 11 август 2015 14:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бечорахо аз камбагали дигар пул надоранд, кризис ва бухрон факирашон кардааст барои хамин аз хисоби Зайд ки хатто дар зиндон аст ба хисобхои худ пул меруёнанд. Намешавад ки бо рохи бизнеси халол пул кор кунед.
Посух додан
  • ДУШАНБЕ

  • 11 август 2015 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШОГИРДИ АЗ ДАСТИ РОСТХАМ НАЗДИКТАРИ ЗАЙД ШЕРОВИЧ, ШАРОФАТБОНУ ДИГАР МАКОЛА НАМЕНАВИШТА БОШАДМИ ДАР ВАСФИ "ЗАЙД ШЕРОВИЧ"??????????
Посух додан
  • исмоил

  • 11 август 2015 17:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Такозои замон хамин бошад, такозои конун пас кучост? Бародари бо ору бо номуси мо Зайд Шерович рухафтода нашавед, Киссаи Юсуф пайомбарро ба хотир овардан лозим аст. Хамеша бо еди худо бошад иншоолох худованд рахмону хам рахимаст. Тахлили гуфтаи Умари Хайем : ашки мазлумонро марезон вакте даст боло менамояду дуо ери металабанд ман сифати гаффорию кодири дорам. Дуогу бошед
Посух додан
  • 555

  • 12 август 2015 05:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э зайд чаро аз ин чахон бехабари
Боло ки такозо кард ту мушти пари
Посух додан
  • Маъруф

  • 12 август 2015 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
исмоил,

Ин зиндагиву хакикат аст. Ба умеди афсонаи Юсуфу Зулайхо нашуда бояд мубориза бурд.

Такдирсоз худамонем!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!