Бахшҳо

Русия ба 85 муҳоҷири тоҷик дубора иҷозаи убури марзашро дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, 85 муҳоҷири меҳнатии тоҷик дубора ҳаққи сафар ба қаламрави Русияро дарёфт кардаанд.

Ба иттилои хадамот ин иқдом дар пайи номаи расмии ҷониби Тоҷикистон унвонии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, аз сар гирифта шудааст.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, аз аввали соли равон ҷониби Русия ба беш аз 1200 муҳоҷири тоҷик, ки вурудашон ба ин кишвар манъ буд, дубора иҷозаи сафар додааст. Манбаъ меафзояд, 17 ҳазору 880 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рӯйхати афроди аз ҳаққи сафар ба Русияро маҳрум ҳангоми сафар ба ин кишвар баргардонида шудаанд: “Имрӯзҳо муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба Дастгоҳи марказӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст”.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, бештари афроде, ки исмашон дар ин рӯйхати мамнӯъшудаҳо қарор гирифтааст, аз ин тасмим огоҳӣ надоранд ва барои мушаххас кардани ин ҳолат ба хадамот муроҷиат мекунанд. Манбаъ мегӯяд, вақте шаҳрвандон муроҷиат мекунанд, маълум мешавад, дар рӯйхати мамнӯъулвуруданд.

Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия марзи як миллионро убур мекунад ва беш аз 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати мамнӯъшудаҳои ин кишвар қарор доранд.
Мӯҳр
Ахлиддин
Хабари хуш, ташаккури зиёд, ному насаби онхоро аз кучо ёбем?

точикистон
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)