Бахшҳо
05 окт 2015 09:24Тоҷикистон / Тема дня

Посухи ВКД ба суоли “кадоме аз наҳзатиҳо ҷазо мегиранду кадомашон не?”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи экстремистию террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ эълон кардааст, афроде, ки ихтиёран аз сафи ҳизб хориҷ шуда, баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ҳамкориро бо он қатъ кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Ин ниҳод мегӯяд, вақтҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди тақдири собиқ аъзои ҲНИТ зиёд шудааст ва бештар пурсида мешавад, ки оё онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё на? ВУД посух додааст, “танҳо шахсоне, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб давом медиҳанд, ё аз нав аъзои он мешаванд ва ё сохторҳои нави ҳизбро ташкил карданӣ мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд”.

Мақомоти умури дохилӣ дар хитоб ба шахсоне, ки бо худ санади тасдиқкунандаи аъзои ин ҳизбро доранд, изҳор доштааст, ҳуҷҷатҳоро бо пешниҳоди аризаи хориҷ шудан аз ҳизб ба сохторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр бо дархости Додситонии кул Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд.
Мӯҳр
Хотира
Ҳамин гуна ҳуҷҷатҷамъкуниҳо солҳои 90 ва 91 ҳам муд шуда буд.
ВКД дар асоси чӣ шаҳодатномаҳои наҳзатро меғундорад? Коллексия карданӣ? Ё баъдан аз ауксиён мефурӯшад?
Ҳизб, ки барҳам хурд, ғайриқонунӣ эълон шуд, шахсон метавонанд, ҳар коре ки мехоҳанд бо ҳуҷҷатҳои узвияташон кунанд.

Точик
Бо салому дуруд ба тамоми хонандахои мухтарам
Мехостам арза намоям ки ВКД ба косонеки аз ин баъд яъне бади мамнуъ эълон намудани фаъолияти хнит . барои пешрави ва таблиги ин хизб чорае мебинанд хуб мешуд ки нисбаташон чорае дида шавад аммо нисбати касонеки то имруз аъзои катори буданд як лутф мешуд ва дар чамъ авфи умум эълон мешуд аз тарафи раиси чумхур ва ин як нишони вахдату пешрави ин милат мешуд ва бовардорам мардум мимбаъд дигар ба ин кор даст намезананд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)