Бахшҳо

Шоҳидии раиси демократҳои Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон дар пасманзари нооромиҳои моҳи сентябр ва террористию экстремистӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ изҳор доштааст, дар арафаи интихоботи парлумонии соли равон шоҳиди рафтори ношоиста ва шубҳаовари ҲНИТ шудааст.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки зери имзои Саидҷаъфар Исмонов нашр шудааст, таъкид гардида, “моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст. То ҳанӯз барои мо равшан нест, ки ҲНИТ бо ин гурӯҳи тундрав чӣ иртибот дорад, вале пешбарии нафаре аз ин гурӯҳ аз тарафи ҲНИТ эътимоди моро ба ин ҳизб ҳамчун ҳизби сиёсии фаъол дар мамлакат шикаст”.

ҲДТ таъкид кардааст, ки дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҲНИТ дар воқеаҳои аввали сентябр маълумоти пурра дар даст надорад, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем: “Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст. ҲДТ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои исломӣ, ки аз ихтилофандозии неруҳои ба ном исломӣ, иқдоми ахири мақомоти интизомӣ ва ҳукумати кишварро чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо медонад”.

Изҳороти раҳбарияти ҲДТ дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр бо дархости Додситонии кулл, Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд. Бо қарори додгоҳ фаъолияти нашрияи “Наҷот” ва сомонаи ҲНИТ низ мамнуъ гардида, паҳн кардани ҳар гуна маводи аудиовизуалӣ ва адабиёти ин ҳизб манъ шудааст.
Мӯҳр
Карим
Садқаи номи демократ шавӣ

ПАРВИЗ
Америка агар ақидаҳои мазҳакавии ин 7 одами "тағирёбанда" дар ҳар шароитро мутолеа кунад ДЕМОКРАТИЯРО аз олам маҳв мекунад!

п
Саидчаъфар

Туро истифода бурда истодаанд. Лекин ту фикри ояндаро бикун ки аз худ чи ном мемони.

Аз демоератия буйе набурдаи окои Исмонов!!!!

Замин
Гуфти муйсафедхои минтакаи Кулоб, вакташба Зунукат гирифта будед, ки акун Садо баланд мекуни, Огои Замонасоз

Кал хам заду кур хам зад, .. ба ном "демократ".

Муслим
Ассалому лайкум

Бузурге гуфтааст ,ки ман дуруяхоро дуст медорам.
Аз у суол карданд,ки чаро?
Чавод додааст,ки холо серуяву чорруяхо хам пайдо шудаанд.

амаки Исмонов ба хар хол кушиш кунед, якруя бошед.Карим,

Махмадрузи Искандаров аз турма нисбати ин шахс бисёр сухани хуб гуфта буд

Равоншинос
Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Мистер
Акаи Саидчаъфар. Э креслои депутати ширинай. А не? Давом додан бги. Яке хокими нохияи Фархор мешай.

Х,ак,гуй
Огои Исмонов х,амон шахс аст , ки х,изби демократро аз интихоби ба таиноти табдил дода , Х,ДТро ба филиали Х,ХДТ мубаддал гардонд.

Аҷаб дунёе. Замоне ҳамин демократҳо аз тарси ҷон худро ба бағали ҲНИТ зада буданд, Сайиб Абдуллоҳи Нурӣ онҳоро бо шомил кардан ба иттиҳод аз маргу нобудӣ наҷот дода буд. Баъди сулҳ ҳамашон аз пойи ҳизбу сарвари он газиданд. Холиқназарзодаро бинед. Маҳз аз оппозитсия ба мансаб расида буд. Инаш ҲДТро кисагӣ карду депутат шуд. Он рӯз дур нест, ки ин мард зидди ҳукумату ҲХДТ баёнот медиҳад. Агар ман зинда набошад, зиндаҳо мебинанд.

Aziz
Хайфи хамин демократхое ки дар Точикистони мо хастан ба ном демократхо дар асл хамаш дуруя,

Оё аввалин шуда ХНИТ ва Турачонзодахо хатари салафихоро ба Точикистон ошкор накарда буданд, рафик Исмонов? Надониста тахмину тухмат накунед, дар холе ки худи шумо ва хукумат чи будани салафияро намефахмидед. Чигуна ХНИТ ба гуфти шумо номзадии кадом салафиро дар интихобот пешбари мекунад? Касе нисбати шахсе тухмат мекунад, хатман рузе ба тухмати Худо вомехура

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)