Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд

Баҳром Насимов, сокини 34 солаи ноҳияи Восеъ, ки 7 сол боз аз бемории қанд азият мекашад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои табобаташ дар хориҷи кишвар кӯмак кунанд.

Насимов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, шароити зиндагии оилаашон, ки падару бародараш низ беморанд, вазнин мебошад ва ҳатто барои табобат дар дохили кишвар маблағ надоранд. Ӯ афзуд, тайи солҳои табобат дар беморхонаи “Якум советский” беҳбудие ҳосил нашудааст ва табибон ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки дар хориҷ аз кишвар шифо меёбӣ: “Барои табобат ва шифои ман дар Ҳиндустон 25 ҳазор доллари амрикоӣ лозим будааст. Чанд нафаре, мисли ман бемор будаанду ҳамроҳам дар беморхонаҳо хоб буданд дар Ҳиндустон шифо ёфтаанд. Онҳо гуфтанд барои табобат ёфтанашон дар Ҳиндустон 25 ҳазор доллар харҷ кардаанд”.



Баҳром Насимов илова намуд, ки дар хонавода 6 нафаранд, ки аз ҳисоби нафақа зиндагӣ мекунанд: “Падарам ва як бародарам низ беморанд. Падарам нафақа мегирад. Аз ҳисоби ҳамин беморӣ як пои чапам низ аз кор мондааст, маъюби гурӯҳи 2 мебошам. 78 сомонӣ нафақа мегирифтам, вале аз моҳи октябри соли равон комиссия санҷиш гузаронду намедонам, аз чӣ бошад, ки нафақаамро бекор карданд. Рӯз то рӯз аҳволам бад шуда истодааст, дарунам месузад, иштиҳо надорам. Табибон мегӯянд, аз ширинию равғанӣ парҳез кун... Бовар кунед ҳолате мешавад аз ҷоям хеста наметавонам”.

Насимов мегӯяд, ҳамсараш баъди бемор шуданаш ӯро тарк намудааст ва феълан як фарзанд дорад: “Аз бародарони саховатманд, соҳибкрону тоҷирон, ташкилотҳои хориҷӣ хоҳиш мекунам барои беҳбудии вазъи саломатиям ба қадри имкон ба ман кӯмак расонанд”.

Афроде, ки мехоҳанд дасти ёрӣ ба Насимов дароз кунанд, метавонанд бо рақамҳои 918 43 60 70 дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд:


(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд

(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд


(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд

(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд

(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд

(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд

(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд
Мӯҳр
78сомони нафакаи бечораро ки дар асл маъюб аст бекор мекунанду кудои яке мансабдорон то 17000сомони нафакаи маъюби мегирад онро не. Кани адолат, кани баробари?

8759
Кас намефахмад агар ингуна ашхос нафака нагиранд пас ки наФАКА мегирад Пулаки будани тиб ба хама маълум аст пас ягон рохи дигарро биевен мисли сугуртаи тибби е ки касалхонаи салиби сурх кушоен ки кариб 90%-и халк кудрати табобатро надорад.

Dev
Tibi muosir iloji tabobati bemorii kandro holo nadorad! Fakat muvofiki darajai bemori holatro nigoh boyad dosht!

Авлод и балогардон
Ин бечораро аз 78 сомонӣ нафақа маҳрум кардаанд, дар ҳоле ки Ҳукумов ҳазорҳо-ҳазор сомонӣ маҳз аз ҳамин маризӣ нафақа мегирад.
Муҳтарам Наҷмиддинов, ҳамин аст натиҷаи бозбинии фаъолияти сохторатон?!
Шояд ин гуна нафарҳои аз қути лоямут маҳрумгашта бештар бошанд?
Шак нест, ки паразитҳо дар системаи нафақаи республика кам набуданд, лекин ҳамаро бо як "дихлорофос" маҳв кардан кори хубе нест ва оқибатҳои баде барои ҷомеа дорад, худатон ин чизро аз мо беҳтар медонед.
Мард шавед, ҳамон нафақаҳои паразитҳоро (бале, онҳо паразитанд, паразитеанд, ки чашмашон аз моли мардуму давлат сершавӣ надорад) бурида, ин мардуми бечораро кумак кунед. Шӯълаи умед ба адолати иҷтимоиро дар дили мардум меафрозед, ва садҳо камбизоат дуогӯи шумо мешаванд.

Собиқ зердастатон.

Sino
Барои чи номи бемор Насимов Баҳром, пулро бошад ба номи Намимов Давлатмад гузаронидан лозим? Пагоҳ мефаҳмем барои чи нафақа маън карда шудааст.

Барои чи номи бемор Насимов Баҳром, пулро бошад ба номи Намимов Давлатмад гузаронидан лозим? Пагоҳ мефаҳмем барои чи нафақа маън карда шудааст.

СИТОРА
Э БАРОДАРИ ЧОН Мурочиат ба парламенти Точикистон бикун ШОЯД ЯГОН ХУДОТАРСАШ ЙРДАМАТ ДИХАД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)