ВКД: Марде, ки зани 46-соларо латту кӯб ва ба дарё партофтааст, дастгир шуд
Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми куштори як зани 46-солаи ноҳияи Шаҳринав дастгир шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, боздошти ин мард, ки 48 сол дорад, 16 январ дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Ҳисор сурат гирифтааст. “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, санаи 11 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 12:52 аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо зани 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ӯро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху”, савор карда, ба ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, латту кӯб намуда, ба дарёи Кофарниҳон партофтааст”,-меафзояд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҷабрдида аз сабаби баста шудани роҳи нафас ба ҳалокат расидааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |