Бобоқулова расман дар куштори кӯдак айбдор шуд
Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи Гулчеҳра Бобоқулова, шаҳрванди Узбакистон дар куштори Настяи 4-сола айб эълон кард.
Ба иттилои ин ниҳод, барои айбдоршаванда ташхиси маҷмӯии равонпизишкӣ таъйин шудааст, ки дар рафти он вазъи руҳии вай муайян мегардад. Хабаргузории РБК бо такя ба манбаъҳояш менависад, Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ)-и Русия ба таҳдиди террор авлавият медиҳад. Дар ҳоли ҳозир хадамот ин иттилоъро ба баррасӣ гирифтааст, ки шавҳари ғайрирасмии Бобоқулова мумкин аст, узви яке аз созмонҳои мамнӯъ бошад.
Худи Бобоқулова ҳангоми бозпурсиҳо, ки навори онҳо низ дар интернет нашр гардид, куштори кӯдакро қасоси Сурия аз Владимир Путин, президенти Русия гуфтаст. Аммо Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.
Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи душанбеи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" дар ҳоле боздошт шуд, ки сари буридаи кӯдакеро дар даст дошт. Баъдтар эълон шуд, ин кӯдак Настя ном доштаву Гулчеҳра ба ҳайси парастори ӯ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои тафтишот, ин шаҳрванди Узбакистон баъди он ки волидони кӯдак аз хона мебароянд, сари ӯро бурида, хонаро оташ мезанад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |