Бахшҳо
15 мар 2016 10:02Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари Э.Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ: Аз гузоштани санги асоси Маҷмааи фарҳангӣ то буридани лентаи бинои 5-ошёна

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон сафари худро аз ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шурӯъ кард.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, маҷмаа дорои кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст: “Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣ ҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздики 3 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Бунёди маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шуда, бояд давоми ду сол сохта шавад. Лоиҳаи муосир аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Селтехпроект" омода гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саманди Сомон” анҷом медиҳад”.

Манбаъ мегӯяд, маҷмаа дар майдони умумии 5 гектар, дар ҳудуди шаҳраки Сомониён сохта мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисчиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна оғоз бахшидааст: “Бино аз 85 хонаи як ва ду ҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, Президенти кишвар дар ноҳияи Рӯдакӣ як бинои истиқоматии 5-ошёнаро ҳам ифтитоҳ кард: “Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист дар хонаҳо шинос шуда, ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд. Бинои истиқоматии 5-ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст”.

Мӯҳр
Вакте сохибкорон сармоягузори кардаанд,пас чи хочатаст,ки Э Рахмон биравад ва санги асоси гузорад,нома гузорад,ё инки лентаро бибурад.

аз Рудаки
Мухочир,
Бародар сохибкор месозад ин дуруст, неким вай аз бучаи(финансируется) нохияи Рудаки месозад инро аз ед набарор belay fellow Ба хар хол ободи нагз, саломат бошанд мехостам нохияи худро хам чун шахр бинам love

шахрванд
Дар ояндаи наздик мардум сарашро гум мекнад, кадом нохия, шахр нарави дар хама чо куча, шахрак, магоза, стадион ва гайра хамма номи Симониен-ро дорад. Ягон тартиб ва танзими номгузори хаст дар Чумхури ё не?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)