Бахшҳо

Шарҳи расмии “разбор”-и маргбори тоҷикону қафқозиҳо дар Маскав

Сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар муноқишаи тоҷикон бо қафқозиҳо як ҷавони тоҷик кушта шуда ва як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон, ин задухӯрд шоми 19 апрел дар шаҳри Маскав миёни тоҷикон ва шаҳрвандони қафқозтабори Русия рух додаст: “Дар пайи муноқиша шаҳрванди Тоҷикистон Шоимов Рамазони 24-сола, зодаи ноҳияи Ёвон, аз зарби корд ба ҳалокат расида, ҷавони дигари тоҷикистонӣ, Сармонов Рӯзибек Бойназарович бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи Склифасовский бистарӣ шудааст”.

Манбаъ афзуд, кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо муфаттишони қазия мулоқот карда, муайян намудаанд, ки феълан ду муттаҳам дар ин ҷиноят дастгир шудаанд.

Намояндаҳои расмии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳоли Рӯзибек Сармонов дар беморхона хабар гирифтаанд: “Айни замон шаҳрванди маҷруҳшудаи Тоҷикистон аз табобати лозимиро гирифта истодааст”.

Қаблан манобеи “Озодагон” хабар доданд, ки задухӯрд дар минтақаи Брилёвои Маскав баъди он сар задааст, ки қафқозиҳо аз Рамазон Шоимов маблағ талаб кардаанд: "Аммо ӯ саркашӣ карда, Сармоновро ба кӯмак даъват мекунад. Ин муноқиша бо кордзанӣ анҷомидааст".

Шарҳи расмии “разбор”-и маргбори тоҷикону қафқозиҳо дар Маскав


Дар акс Рӯзибек Сармонов
Мӯҳр
nabi farhor
Хамин хел хомуш истодан гирем аз ин да бадтар мешавад хуб не.Дар ин чо разбор нею дузди рохзани аст.Чи хел аз чавони точик руи рост пул талаб мекардаян.Аввалан мухочирон хучатхои лозимаро доранд ва патент низ доранд.Чарото ин ждарача,дар хафтахои охир хондам бисёр чавонони точикро аз Россия часадашонро равон карданд.

Мухтарам Чаноби Раиси Чумхур! Акнун ба Точикхо дар Россия чой нест. Хо хомуш истеду хох не , акнун андеша кунед ва мардума дар ватан сарчамъ кунед. Як бор сарчамъ кардед ва баъд пароканда кардед акнун агар тавонед боз чамъ кунед ва нобудшавии чавононро хотима дихед.

Салом ба кули хонандагон.
эх вой ватанам вой ватандорони берун аз ватанам!!! инчо мо дар кайфу сафо хар руз китоб чоп мекунему ончо ноноварони моро мекушанд. ё корду тир мезананд. боз аламовараш кабрамонро худамон меканем онхо зинда дар гурамон мекунанд! эх вой!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)