Президент “лимит”-и мошинҳои хидматиро 1996 адад муқаррар кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат теъдоди мошинҳои сабукрави хидматиро барои мансабдорони тоҷик 1996 адад муқаррар кардааст.
Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ, додгоҳҳо, доситонӣ ва мақомоти маҳаллӣ “лимит”-и мошинҳои сабукрави хидматӣ 1996 адад муқаррар шудааст. Дар қарор таъкид гардидааст, ки мошинҳои махсус ба ин “лимит” шомил нестанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишварро муваззаф намудааст, ки дар доираи “лимит”-и муқарраршуда кору истифодабарии мошинҳоро роҳандозӣ карда, ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод кунанд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон ба сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи мошинҳои хизматӣ ва сӯзишворӣ даъват карда буд. Дар пайи ин Вазорати молияи Тоҷикистон бар асоси протоколи № 9-и маҷлиси ҳукумат ба мансабдорон дастур дода буд, ки истифода аз мошинҳои хизматиро кам намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |