Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:59

Ба Шаҳром ёрӣ диҳед, то дубора ба по бархезад (АКСУ ВИДЕО)

30 май 2016, 16:55

Шаҳром Насриддинов, як сокини 17-солаи ноҳияи Ёвон барои табобати маризиаш ба ёрии афроди саховатпеша ниёз дорад.

Сайрам Азимова, модари Шаҳром мегӯяд, писари ягонааш гирифтори бемории Паралегияи спастикии штрюмпел мебошад: “Маризии писарам соли 2013 хуруҷ кард ва ду сол мешавад, ки аз мактабравӣ мондааст”.

Ин модари 42-сола, ки бори рӯзгорро ба танҳоӣ мекашад, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои шифо ёфтани писараш зиёд талош карданд, аммо ҳоло натиҷае ба даст наомадааст: “Табибони беморхонаи Қарияи боло гуфтанд, ин беморӣ модарзод аст. Аммо ман бовар надорам, зеро агар модарзодӣ мебуд, аз аввал нишонаҳояшро мушоҳида мекардем. Баъдан табибони хориҷӣ гуфтанд, ки ин беморӣ табобатшаванда аст”.



Сайрам Азимова гуфт, намунаи ташхисҳоро ба Ҳиндустон фиристода ва ҷавоб гирифтаанд, ки устухони қабурғаи Шаҳром 2 мм ба даруни ҳароммағз даромадааст ва бояд ҷарроҳӣ шавад: “Барои ҷарроҳӣ ҳашт ҳазор доллар лозим будааст, аммо ин қадар пул надорем. Ман 17 сол аст, ки ба ҳайси муаллимаи ҷуғрофия кор мекунам. Се фарзанд дорам ва бори зиндагиро ба танҳойӣ мекашам. Маошам танҳо барои як моҳи зиндагӣ мерасад. Имкони ҷамъ овардани маблағи ҷарроҳиро надорам”.

Модари Шаҳром афзуд, соли 2013 барои кумак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар муроҷиат кард, аммо посух гирифт, ки “фарзанди шумо табобатнашаванда аст: “Баъди ин умедамро кандаму ба ягон ҷо муроҷиат накардам”.

Сайрам Азимова аз афроди саховатманд барои ҷарроҳии писараш ёрӣ мехоҳад. Шумораи телефон: (+992) 501 18 30 70; 933 88 81 28.

Ба Шаҳром ёрӣ диҳед, то дубора ба по бархезад (АКСУ ВИДЕО)

Ба Шаҳром ёрӣ диҳед, то дубора ба по бархезад (АКСУ ВИДЕО)


Ба Шаҳром ёрӣ диҳед, то дубора ба по бархезад (АКСУ ВИДЕО)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом апа.

Агар суратхисоб дошта бошед дихед пешниход кунед, то ки мувофики тавонои ери дихем!!!

Озодагон, агар мумкин бошад суратхисобашонро ба и-мейли ман фиристед. Ташаккур.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!