Бахшҳо

Шаҳрдории Душанбе тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кардааст (НАРХНОМА)

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як муроҷиатнома сокинони пойтахтро ба адлу инсоф даъват кардааст.

Дар ин муроҷиатнома гуфта мешавад, моҳи мубораки Рамазон фурсати муносибе барои худшиносӣ, дарёфти камолоти инсонӣ, покдоманию парҳезгорӣ, имтиҳони ҷавонмардӣ ва таҳаммулгароию қаноатмандӣ мебошад: “Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон, дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, ин риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон алоқамандии зиёд дорад, зеро асосан соҳибкорону тоҷирон таъминкунандаи рӯзгори мардум мебошанд. Ниёгони бузургамон низ дар тӯли таърих маҳз бо риояи ин суннатҳои арзишманди исломӣ зиндагӣ кардаанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфт намудани ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд”.

Дар идомаи муроҷиатнома, изҳори боварӣ мешавад, ки тоҷирон ба хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаро нигоҳ дошта, бо қобилияти харидории сокинони шаҳр мувозинат риоя мекунанд.

Дар сомонаи шаҳрдории Душанбе арзиши миёнаи маҳсулоти ниёзи аввалияе, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҳамарӯза дар давоми моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд, нашр шудааст.

Шаҳрдории Душанбе тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кардааст (НАРХНОМА)

Шаҳрдории Душанбе тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кардааст (НАРХНОМА)

Мӯҳр
Товбаааааааа. Дар кучо нархи нахуд 4,5 сомон будааст? Аз 9 сомони то 12 сомони нарх дорад.

nabi farhor
Мархамат як бор аз бозори Саховат назар кунед,нарх танзим надорад.Дехкон 5-6мох дар замин мехнат мекунад,то дарачаи точирони саховат пул ба даст намеорад.Як харбуз 13-15с.Тарбуз 10-18с.Аку гелосу,шафтолу дигараш бехисоб.Бовар кунед имсол гелос аз 15-20с поин нафаромад эээ.Р.Озодагон илтимос хамин руз аз Саховат дидан кунед.

Гушт-нестку!!! Пишак хурдабоша нархша??

КОСИМ
инро нахуди пора мегуянд. ЯЪНЕ "Г О Р О Х"

Ин гуна нарххо нест. Дар хамин мохи Рамазон аккалан дуругро кам кунед. Фахмидем, ки бе дуруг рузи хукуматдорон намегузарад.

соодик
ино нархои агентии захирахои моддии назди ХЧТ ро навистаан ки хама чизои дарачаи панчума мефурушан хатто баьзеаш кирмаку сабусшон задаги аст

Нои
пишак,
Хабар надоред? Мо кайҳо вегетарянец шудагӣ ку.

Расман пешниходи маълумоти бардуруг ба Раиси шахр аст ин маълумотхо. Ки омода карда бошад ин маълумотхоро? Наход ситоди шахри, ки барои омодасозии ин маълумот вобаста аст боре рафта барои хонаи худ нахуд ва е шакар нахаридааст? О уко нахуда нархаш 12-15 сомони, шакара нархаш 7,5-8 сомони. Ин нарххо дар хамаи бозорхову автолавкахои точикматлуботу дар дуконхои захирахои давлатист. Боз отмазыватся накунед, ки ин нарххо нарххои миена аст. Ин дуруги махз аст. Дар хамаи бозорхо як нарх. Саховат бошад дахшатт!!!!! Аслан хамин бозор Раис, назаоратчи дорад?

шахрванд
Оббо, хаммаатон содда будетон да, о ин раисхо парвои нарххои маводи гизои надоранд. Барои онхо лагандбардорхояшон бозори мекунанд. Сад сомон сарф кунад, дусад сомон аз раис хат мезанад. Ягон бор дидед ки раисон дар бозор харидори карда истодаанд? Дар бозори дехкони ягон дехкона наздик намемонанд, хамаш чаллобу савдогар. Хукуматдорон ба кучо назар мекарда бошанд ааа????

8
Дар ЧТ руза надори хам мешавад окибаташа бинен пас маълум мешавад ки ин фурушандахо руза надоштаанд е мусалмон нестанд ачабао.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)