Бахшҳо

Қудрат ва анатомияи марказгурезӣ дар Тоҷикистон

Меҳмоншо ШАРИФЗОДА

Баъди шикасти империяи Шӯравӣ, ки яке аз сабабҳои зуҳури ҷаҳонишавӣ буд, имкон ва шароит барои марказгурезӣ ё сепаратизм дар Тоҷикистон бештар гардид. Зуҳури ин падидаро дар солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ мушоҳида кардан мумкин буд ва метавон гуфт, марказ, чун ҳанӯз ҳам марказ нашудааст, имкон ва шароити рух додани ин падидаро нигоҳ доштааст. Гузашта аз ин, маризии сиёсии аз Шӯравии собиқ боқӣ монда ҳатто метавонад ин марказро ба пуррагӣ аз байн бубарад. Яъне дар қаринаи Тоҷикистон марказгурезӣ ҷои баҳс нест, балки худи мавҷудияти марказ зери суол аст.

Аз як тараф раванди ба истиқлол расидани давлатҳои пасошӯравӣ дар раванди пошхӯрии низоми тоталитарии Шӯравӣ барои баъзе аз давлатҳо ҳамчун як ҳаракати марказгурезӣ буд, вале барои баъзе ҷумҳуриҳо ва аз ҷумла Тоҷикистон, ки аз марказ ҷудо шудан намехостанд, ин воқеа “фоҷеа” буд. Ҷумҳуриҳое мисли кишварҳои Назди Балтика ва то ҷое давлатҳои Қафқоз, ки ҷудо шудан мехостанд, воқеан исбот карданд, ки дар дохил соҳиби қудрат метавонанд бошанд, худогоҳии миллӣ, ҳуввияти ягонаи худро доранд ва метавонанд тақдири худро ба даст бигиранд. Ба ҷумҳуриҳое мисли Тоҷикистон, ки сиёсатмардони сатҳи миллӣ надоштанд, истиқлолро “туҳфа” карданд. Гӯиё собиқ раиси ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев гуфта буд “мо аз чизе хабар надоштем, то истиқлолият мисли метеорит ба сарамон афтид”. Воқеан, таёр набудани ҳукумат дар Тоҷикистон барои озодӣ боиси беҳокимиятӣ дар мамлакат ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва чун таёр набуданд дигарон “тақдири онҳоро муаян карданд”. Аз тарафи дигар, ҷаҳонишавӣ як раванди шаклгирии низоми нави ҷаҳонист, яъне абарқудратҳои давр имкон ва шароити ба вуҷуд омадани давлатҳои навро дар дохили давлатҳои мавҷудаи заиф метавонанд ташкил намоянд. Дар ин раванди ҷаҳонишавӣ Русия ҳамчун меросбари аслии Шӯравии собиқ тавонист руҳи империявиро дар худ зинда кунад ва ҷумҳуриҳои собиқро зери таъсири худ нигаҳ дорад. Баъди пош хӯрдани империяи Шӯравӣ раванди марказгурезӣ дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ ҳанӯз ба охир нарасидааст ва то Русия ҳамчун марказ боқӣ мемонад, ин раванд давом хоҳад дошт. Албатта аз як сӯ, ин давлатҳои пасошӯравӣ худ мехоҳанд мустақил бошанд, аз сӯи дигар абарқудрате мисли Русия бо дахолат дар корҳои дохилии ин давлатҳо имкони сар задани қудратро дар гӯшаи дигаре аз ин ё он давлат дар баробари қудрати марказӣ метавонад ба вуҷуд овардан. Акнун дар бозиҳои сиёсии минтақа Русия танҳо нест. Ин аст ки гуфтугӯҳо дар масъалаи марказгурезӣ дар Тоҷикистон ба бозгашти мавҷи нави Бозиҳои Бузург ба ин минтақа таалуқ доранд ва мисоли зиндаи онро дар гуфтугӯҳои сиёсии атрофи “Бадахшони Бузург” дар воқеаҳои солои 2012 дар Тоҷикистон мушоҳида карда будем. Албатта ширкати абарқудратҳо дар рӯйдодани ин падида бебаҳс аст, вале ин мушкил, яъне марказгурезӣ, ки ба ҳастии давлатҳо таҳдид мекунад пеш аз ҳама реша дорад дар гузаштаи таърихии онҳо, ки то куҷо сиёсатмардони ин ё он давлат дар сохтмони бунёди иқтисодӣ-иҷтимоии истиқлол, сохтмони таркибҳои солими фарҳангӣ, ташаккули ҳувият, муносибатҳои марказ бо музофотҳо, мушкилоти қудрат дар марказ, қудрат ва фазосозӣ ва ғайра муваффақ шудаанд. Воқеан, ин ҳама унсурҳои таркибсозе ҳастанд, ки набуданашон боиси зуҳури руйдоде ҳамчун марказгурезӣ ва ба вуҷуд омадани маркази нав ё қудрати нав дар ин ё он давлат мегардад. Фикр кунам, сиёсат ва фазосозист, ки ин ҳама равандҳои созандаро дар бар мегирад ва имкон ва шароити ба вуҷуд омадани қудрати воқеиро дар ин ё он давлат медиҳад. Ин ҷо давлат бояд технологияҳои сиёсии худро танҳо ба назорат болои мардум, бо истилоҳи Фуко ба био-сиёсат ( bio-politics) маҳдуд накарда, балки бо пиёда кардани сиёсати миллии фазосозӣ ҳаёти лучи (bare life, Agamben) мардумро бо як шакли солими ҳаёти пӯшонад. Ин равандест, ки дар ҳукумати коммунистии Тоҷикистон ба пуррагӣ вуҷуд надошт, ҳарчанд ҳукумати Шӯравии марказ то куҷое зиндагии мардумро дигар намуда буд ва инчунин дар ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳам ин раванди сиёсати миллии фазосозӣ ҳанӯз вуҷуд надорад, ки сабаби ҳаракатҳои марказгурезӣ шуданаш мумкин аст.

МЕРОСИ ШӮРАВӢ МУҚОБИЛИ СИЁСАТИ ФАЗОСОЗӢ

Имрӯз дар Тоҷикистон новобаста ба давлати мустақил будан ҳукумати марказӣ хавфи марказгурезӣ (сепаратизм)-ро ҳанӯз нигоҳ доштааст, зеро будан ё набудани марказгурезӣ алоқаманд аст ба сиёсат ва фазосозӣ дар мамлакат, ки он худ раванди сохтмони давлат ва миллат, истеҳсоли ҳуввияти ягона ва қудрати ягона дар мамлакат аст. Бо вуҷуди доштани сарҳадҳо, ҳудуд ва қаламрави муайян Тоҷикистони имрӯз аз Тоҷикистони Шӯравӣ фарҳангӣ сиёсиеро ба мерос гирифт, ки раванди мустаҳкамсозии марказ ва қудратро дар Тоҷикистон заиф мегардонад ва имкони пайдо шудани қудратҳои марказгурезро бештар мекунад. Чаро мо имрӯз дар бораи раванди сохтмони давлат ва миллат ё сохтмони давлати миллӣ ҳарф мезанем, зеро дар замони Шӯравии собиқ ҳам Тоҷикистон бо ном давлати миллии соҳибистиқлол буд, вале мутассифона таркибҳои зарурие, ки давлати миллии Тоҷикро мустаҳкам менамуданд, ҳанӯз заиф ё ба вуҷуд наомада буданд, зеро қудрат дар Маскав буд ва дар Тоҷикистон имкони дар пояи арзишҳои миллӣ мустаҳкам шудан ва якпорча намудан (интегратсия)-и ҳама маҳаллҳо ҳамчун миллат ба вуҷуд наомада буд. Воқеан, дар Шӯравии собиқ зери шиорҳои идеологияи умуми коммунистӣ ҷомеа ва инсони Шӯравӣ дар ҳама ҷо сохта мешуд, вале ин ҳама дар атрофи як марказ давом дошт, ки дар Маскав буд. Вале ин ташаккулёбӣ на ҳама қишрҳои ҷомеа, на ҳама сатҳҳои фарҳангӣ ва на ҳама гӯшаҳои маънавиёт ва тафаккури мардумро фарогир буд. Ин аст ки бо эътирофи файласуфони Шӯравӣ дар охирин солҳои мавҷудияти империя, яке аз сабабҳои фурӯпошии давлати абарқудрат ин диққат надодан ба масъалаи роҳҳои сохтмони инсон ва маънавиёти мардум буд. Чаро ки фикри марксистии “иқтисод ва истеҳсолот бунёди ҳама чиз ҳаст” асли сиёсати фазосозии давлати Шӯравӣ буд. Коҳиш додани падидаҳои зебошиносӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ ба сатҳи иқтисод ва ё ба итилоҳи Иқбол то “ба сатҳи шикам”, хатоии ин сиёсати фазосозии болшевикӣ буд. Фикр кунам, заъфи ҳукумати Тоҷикистони Шӯравиро, ки дар як фурсати зарурии таърихӣ натавонист роҳбари намудан ва мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонид, дар маънии ҳамин гуна сиёсат бояд ҷӯст. Дар Тоҷикистон зери пардаи идеологияи коммунистӣ ҳанӯз зиёд маризиҳои таърихӣ, ки то инқилоб вуҷуд доштанд боз ҳам хуруҷ карда, дар авҷу мавҷӣ худ буданд. Ҳукумати марказии Тоҷикистон, ки ба ин маризиҳо гирифтор буд ва муаллифи ин маризиҳо буд, натавонист инкишофи баробари иқтисодӣ –иҷтимоиро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таъмин кунад, ки он метавонист заминаи мустаҳкаме барои муттаҳид кардани минтақаҳо ва шаклгирии ҳуввияти ягонаи миллӣ бошад. Ба зами ин, ҳукуматдорони тоҷик, ки дар мансабҳои калидии ҳизб бештар аз як минтақа буданд, дар баробари марказ худро коммунисти матин ва воқеӣ нишон дода, дар амал кӯшиши аз сиёсат дур кардани мутахассисони дигар минтақаҳоро ҳам доштанд. Дар пойтахти Тоҷикистон зери шиори “интернатсионализми сотсиалистӣ” афзалият ба мутахассисони миллатҳои дигар дода мешуд, на ба мутахассисони Тоҷик, ки ин ҳам барои шакл нагирифтани ҳуввияти миллӣ, роҳбарияти миллӣ ва қудрати миллӣ дар пойтахти давлат як сабаби дигар буд. Мардум бо ном, дар давлати ягона зист доштанд, вале дар асл дар маънавиёт дар ҳудудҳои маҳаллӣ ва минтақавии худ монда буданд. Ҳатто академик ва профессорҳои Тоҷик ба хотири дар мансаб будан, аз ин маризӣ халосӣ надоштанд. Имрӯз дар таҳқиқотҳое, ки дар хориҷ ва дохил мешаванд ва шудаанд тақсимбандии мардуми Тоҷикистон ба “хуҷандиҳо”, “помириҳо”, “кӯлобиҳо” ва “ӯармиҳо” ба ҳукми як воқеияти радднопазир даромадааст ва ин як воқеияти нангини сиёсати фазосозии роҳбарон дар давраи Шӯравӣ буд, ки дар Маскав ҳам дастгирӣ меёфт. Зери пардаи идеологияи коммунистӣ технологияи душмансозии солҳои сиюм ва ҳатто технологияҳои худӣ ва бегонасозии то Шӯравиро, ки болои тасаввурот ва афсонаҳои нажодӣ-миллӣ ва динӣ –мазҳабӣ меистоданд, истифода мекарданд, ки худ як мардумро дар Шӯравии собиқ аз дарун аз якдигар дур ва бегона мекард. Тавре шоҳидем сиёсати фазосозии ҳукуматдорони Шӯравӣ ба ҷои ҳуввияти ягона дар фазои сиёсии Тоҷикистон “зарфиятҳои сиёсие” мисли “хуҷандиҳо”, “помириҳо”, “кӯлобиҳо” ва “ғармиҳо” ба вуҷуд омаданд, ки бозингарони беруна баъди пошхӯрдани Шӯравӣ танҳо яке аз чунин “зарфиятҳои сиёсиро” бо дигаре иваз карданд. Воқеан дар фазои сиёсии Тоҷикистон ин на интиқоли қудрат, балки интиқоли мушкилоти ҳалнашудаи мардуми Тоҷикистон ба сатҳи дигар буд ва акнун ин ба хиради сиёсии ҳукумати нав вобаста буд ва ҳаст, ки ба сари қудрат омадани худро на ҳамчун ғалабаи “зарфияте сиёсие” болои дигар зарфиятҳо ҳисоб кунанд. Аслан, ҳукумати навро ба сари мансаб оварданд на ба қудрат, зеро қудрат ҳанӯз дар дасти давлатҳоест, ки то ҳанӯз барои Тоҷикистон мавқеи марказ буданро ишғол кардаанд. Ин марказ ё марказҳо, чун имрӯз зиёд гаштаанд, имрӯз ҳам имкони ташкили падидаи марказгурезиро дар Тоҷикистон дар даст доранд. Ва вазифаи муқаддас ва асосии ҳукумат ин роҳандозии сиёсати фазосозиест, ки ба шаклгирии қудрати воқеӣ дар Тоҷикистон оварданаш мумкин аст. Ин аст ки дар давраи истиқлол марказ (давлат) бо ҳалли се мушкилот бояст, ки қудратро дар марказ мустаҳкам менамуд ва намояд:
якум) шикастани фаҳмиш ва одати ба “зарфияти сиёсӣ” табдил ёфта ва ҷалби ҳама мардуми Тоҷикистон дар давлатсозӣ;
дуввум) аз байн бурдани нобаробарии иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои Тоҷикистон;
сеюм) ташкили ҳуввияти ягонаи мардуми Тоҷикистон.

Мутассифона, ҳукумати марказӣ бештар ба қувва такя кард ва мекунад то ба қудрат ва ин як нуқтаи заъфи сиёсатмадорони Тоҷик аст, ки эҳтимолияти падидаи марказгурезиро дар мамлакат доранд нигоҳ медоранд. Ин падидаҳо дар ибтидои пош хӯрдани давлати Шӯрави зуҳур карданд баъдтар дар давраи истиқлоли давлати Тоҷикистон, вақте маҳаллу минтақаҳои дигар дар сатҳи давлатдорӣ роҳ дода нашуданд, боиси афзудани нобоварӣ байни марказ ба музофотҳо мегардад ва инчунин дар музофотҳо қувваҳое пайдо мешаванд, ки аз марказ норозӣ ҳастанд. Худ назарияи давлат ин маънии доштани фазоӣ ягонаи сиёсии мардумест, ки дар як қаламрави муайян бо ҳам омадаанд ва чи гуна мешавад мардуме, ки як муҳити табиӣ ва фарҳангӣ доранд, як таърихи умумӣ доранд як фазои ягонаи давлатдорӣ надошта бошанд. Ва давлати ягона ба гуфти муҳақиқи шинохта Ҳенри Лефебвре (Henri Lefebvre) ба истеҳсоли фазои қаламравӣ миллии ягона (the national territory), фазои иҷтимоии (social space) ягона ва фазои равонии (mental space) ягона зарурат дорад.Чаро ба сиёсати фазосозӣ машғул набудан ва ҳамеша дар камини якдигар будан ва сиёсати душмансозии аз Шӯравӣ боқи монда ва афсонаҳои сиёҳи гузаштаро дар бораи якдигар давом додан.

БОЗГАШТИ ИМПЕРИЯҲО, ИДЕОЛОГИЯҲО ВА БОЗИҲОИ НАВИ СИЁСӢ

Фикр кунам унсури аслие, ки имрӯз боиси зуҳури марказгурезӣ ё сепаратизм ва эълони қудрат дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон шуданаш мумкин аст ин дар марказ нашинохтан, нашикастан ва дигар накардани мероси Шӯравии роҳбарист. Ин мерос аз таркибҳое, мисли пиёда накардани сиёсати миллии фазосозӣ дар ҳама қисматҳои мамалакат ва инчунин дар давлатдорӣ танҳо ба қувваи як минтақа такя кардан иборат буд ва ҳаст. Дар ин росто ҳукуматдорони имрӯз бояст, ки дар манфиатҳои шахсӣ, авлодӣ ва маҳаллии худ маҳдуд нашуда ба хотири якпорчагии давлату миллат сиёсати фазосозии воқеиро дар мамлакат роҳандозӣ кунанд. Ин меросест, ки дорад Тоҷикистонро ба рӯзгори то Шӯравӣ бармегардонад. Шикасти ин таркиби меросии сиёсӣ, дар ин фурсати таърихӣ, ки аслан ин шаклгирии низоми нави ҷаҳонист ва бозгашти нави абарқудратҳо, идеологияҳо ва бозиҳои нави сиёсӣ ба минтақа ҳаст, мушкил аст, вале фикр кунам роҳи аслии мустаҳкам кардани марказ ва ягонагии давлати Тоҷикистон ҳамин аст. Худ шаклгирии чунин фазои сиёсӣ дар минтақа зарурияти бештари сохтмони воқеии давлату миллати Тоҷикистонро тақозо дорад. Ҳукумати собиқи Тоҷикистон дар солҳои 90-ум баъди барҳам хӯрдани марказ аз Маскав натавонист вазъиятро ба даст гирифтан, чиро ки сиёсати фазосозии нодуруст доштанд ва роҳбарони сатҳи миллиро парвариш накарда буданд, инчунин интегратсияи (баҳамории) музофотҳо ҳамчун миллат ба вуҷуд наомада буд ва ҳуввияти ягона вуҷуд надошт. Имрӯз ҳам ҳукумат дар Тоҷикистон роҳбарони миллии сатҳи ҷаҳонӣ мехоҳад ва танҳо бо такя ба мутахассисони як минтақа ин корро наметавон кардан ва ин рӯйдод худ боиси паҳншавии фасод, маҳалгароӣ ва бесалоҳиятӣ дар ниҳодҳои давлатӣ гаштааст, ки имкони сохтани маркази ягонаи саноатӣ ва фарҳангӣ-сиёсиро дар мамлакат мушкил кардааст. Мақсад аз “марказ” гуфтан ин танҳо ба маънии “ҷой” нест, ки танҳо дар як ҷой маркази саноатӣ ва фарҳанги сиёсӣ бошад, балки мақсад фазои озоди инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҳама нуқтаҳои Тоҷикистон, аз Ворух то Мурғоб ва аз Ҷиргатол то Панҷу Шаҳри Тус ва ғайра аст.

Тавре шоҳидем беқобилиятии ҳукумати комунистии Тоҷикистони боиси ба вуҷуд омадани ҳарҷу марҷ (хаос) дар мамлакат ва оқибат сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид. Ва ҳарҷу марҷи ба вуҷуд омада дар мамлакат худ нишон дод, ки дар дарун мардуми минтақаҳои гуногун аз якдигар дур мондаанд. Яке аз аввалин тарҳҳои назариявии марказгурезӣ ё шаклгирии қудрат дар Тоҷикистон ин мақолаи Борис Румер “Тӯфони навбати (ба вуҷуд омада) дар Осиёи Марказӣ” (Boris Rumer, The Gathering Storm in Central Asia) дар январи 1993 буд, ки ояндаи “Тоҷикистони Бузург”-ро пешгӯӣ мекард. Муаллиф ташкили ҳамчунин давлатеро зери таъсири Эрон дар қаламрави форсизабонҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбекистон имконпазир мешумурд. Вале дар ин миён дар Тоҷикистон ҳодисаҳо рух доданд, ки аз будани кӯшишҳои қудратхоҳи зери таъсири идеолужиҳои гуногун дарак медоданд. Воқеаҳои солҳои 1992- 1993 дар Хуҷанд, ки раиси вилоят А.Ҳомидов аз вазъияти ба амаломада, ки марказ тамоман заиф буд ва ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт, истифода карда тарҳи ҷудо кардани Хуҷандро аз Тоҷикистон кашида буд, яке аз мисолҳои марказгурезӣ ва ё ҷудоихоҳӣ дар Тоҷикистон шуда метавонад. Аслан, ӯ мехост ниҳоди президентиро аз нав барқарор ва Ленинободро минтақаи озоди иқтисодӣ эълон кунад, ба ҳукумати онвақта дар марказ дигар боварӣ надошт. Дигар рӯйдод, ки аз имконияти зуҳури ин падида дар Тоҷикистон хабар медод, дар тирамоҳи 1992 Ҷумҳурии исломии Ғармро эълон кардани Ризвон дар Рашт буд. Ташкилкунандагон Давлати Исломии Ғарм дар маҷлиси аввалини худ мардумро бовар кунониданӣ шуданд, ки давлати навташкилро давлатҳои исломии дунё пурра дастгирӣ хоҳанд кард.Аслан инҳо падидаҳое буданд ки дар гузаштаи ҳукумати ҷумҳурӣ реша дошта, аз заифии сиёсатмадорони миллӣ дар фазосозӣ, дарк накардани қудрат ва аз набудани маркази мустаҳкам дарак медоданд. Дар ҳамин давра дахолати давлатҳои беруна ва идеологияҳои гуногунро дар раванди воқеаҳои Тоҷикистон дидан мумкин буд ва ҳаст. Аз як сӯ Русия ва Чин ҳамчун давлатҳои абарқудрат ба корҳои мардуми Осиёи Марказӣ дахолат мекунанд ва аз сӯи дигар бозингари нави минтақа Штатҳои Муттаҳида бо ҷалби давлатҳои НАТО баъди воқеаҳои 2001 зери шиорҳои “ҷанг бо террор” ва “паҳн кардани демократия” ҳамчун бозингарони мавҷи нави Бозиҳои Бузург дар минтақа ба сиёсати давлатҳои хурде мисли Тоҷикистон таъсиргузоранд. Солҳои охир нишони ин Бозиҳои Бузургро атрофи тарҳи “Роҳи Абрешим” дидан мумкин аст, ки тарафҳо ҳар кадом тарҳҳо ва манфиатҳои худро доранд. Хусусан вақте ҷосус- шарқшиносе мисли Бернард Левис мегуяд, ки “Ғарб бояд аз хоҳишҳои истиқлолхоҳии ақаллиятҳои бисёр давлатҳо дастгирӣ кунад, то “Камони Буҳронӣ”-и (Arc of Crisis) Бзежинскийро тавонанд ташкил кардан”. Мақсад аз ин буҳрон дар давлатҳои воқеан соҳибистиқлол ҷойивазкардани қудратмандон бо заифтарҳост. Дар ин роҳ аз ҳад зиёд “абрешимӣ” будани давлат на ба фоидаи миллат аст.

Атрофи ҳамин тарҳи “Роҳи Абрешими Нав” буд, ки гуфтугӯи ташкили “Бадахшони Бузург”-ро дар замони воқеаҳои Хоруғ соли 2012, намояндагони маҷлиси Афғонистон Фавзия Куфӣ ва Абдулатиф Пидром ба миён оварданд, ки ба фикри онҳо Амрико ва Бритониё мехоҳанд минтақаҳои Гилгит, Читроли Покистон ва Бадахшони Тоҷикистону Афғонистонро дар якҷоягӣ ба минтақаи тоҷикнишини Чин, ки қариб ҳама Исмоилимазҳабанд бо ҳам оварда, як давлати Исмоилӣ ташкил кунанд. Мутассифона, ин афсона аз тарафи коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳам дастгирӣ ёфта буд. Пеш аз ҳама далели афсона будани ин гуфтугӯ ба хусус дар нисбати мардуми Бадахшон ин аст, ки воқеан Алоҳазрат Оқохони IV дар солҳои сахттарини Тоҷикистон шахсан ва бо ниҳодҳои ғайридавлатии худ вориди Тоҷикистон шуд ва ба мардум дасти кӯмак дароз кард. Дигар ин ки Оқохонҳо ба арзише қоиланд, ки пайравонашон дар кадом давлат, ки набошанд бояст, ки беҳтарин шаҳрвандони он давлат ва ба ҳукумат содиқ бошанд. Ин гуфтугӯ собиқаи пешин ҳам дорад, ки дар давраи Бозиҳои Бузург дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки Русияи подшоҳӣ ва Бритониёи Кабир барои манфиатҳои худ ин хиттаро тақсим карданӣ буданд, афсарони рус эҳтимолияти ташкили давлати Исомоилиро дар назар доштанд. Масалан, барон Черкасов дар мактуби худ аз 3 марти 1906 дар бораи хавфи ташкили чунин давлат қайд карда буд, ки бо дастгирии англисҳо Оқохон (дар назар доштанд Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони III–ро) метавонад давлати дунявӣ ташкил кардан, ки он метавонад бар зарари русҳо дар минтақа бошад. Баъдтар барои русҳо ҳам яқин шуд, ки барои Оқохон осудаҳолии пайравонаш болотар аз манфиатҳои абарқудратҳо меистад. Аслан ин масъала дар нисбати Оқохони IV, ҷои баҳс нест, вале бояд қайд кард, ки феврали 1989, вақте рӯзноманигорӣ ҳинду аз Аълоҳазрат савол кард, ки мехоҳад барои ҷамоати худ давлате мустақил ташкил карда бошад, ҷавоб дод, “на, ин чизест, ки ман қатъан инкор мекунам”. Дигар ин ки ончи дар Хоруғ гузашт ва сару садоҳо дар хусуси инки касоне аз намояндагони давлатҳои хориҷ ба қумандонҳои собиқи Бадахшон пул ваъда карда будаанд, ки вазъи Тоҷикистонро нотинҷ кунанд масъалаест, ки аз рӯи гуфтаи қумандонҳои собиқ роҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистонро аз ин кор дар вақташ хабардор карда будаанд. Ва ин гуфтугӯ реша дорад дар марказҳо на дар музофот ва ин кори ниҳодҳои қудратист, ки ин масъаларо равшан кунанд.

Хулосаи ин гуфтугӯ ин аст, ки дар давраи “соҳибистиқлолӣ” падидаи таърихӣ, фарҳангӣ- сиёсиеро, ки дар Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон ба таври махфӣ амал мекард ва мардуми Тоҷикистон онро маризии таърихӣ ҳисоб карда аз он “маҳалчигӣ” ном мебурданд ва қудратмандоне, ки дар воқеаҳои Тоҷикистони солҳои 90-ум даст доштанд, ин падидаро ба як суннати сиёсии ошкор табдил доданд, бояд шинохт. Ин падидаест, ки ба эътироф накардани дигарон дар давлатдорӣ, ба нобоварӣ ба якдигар ва ба истеҳсоли “душманони халқ” бунёд ёфта, ки дар дохил технологияи душмансозиро давом дода, эҳтимолияти марказгурезӣ ва ҷудоихоҳиро дар Тоҷикистон бештар мекунад. Гузашта аз ин ин падида худ сабаби аз байн рафтани марказ, яъне давлати Тоҷикистон шуданаш мумкин аст. Шинохт ва шикастани ин таркиби меросии сиёсӣ дар ин фурсати таърихӣ, ки аслан шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ ва бозгашти дигари абарқудратҳо, идеологияҳо ва бозиҳои нави сиёсӣ ба минтақа ҳаст, мушкил аст, вале фикр кунам роҳи аслии мустаҳкам кардани марказ ва ягонагии давлати Тоҷикистон ҳамин аст. Гуфтан мумкин, ки муҳоҷирати иҷбории аҳолии қашоқ ва норозии Тоҷикистон аз сиёсати мавҷуда ба мамлакатҳои дигар, ки ин рӯйдодро баъзе сиёсатмадорони Тоҷик роҳи ҳалли мушкилоти худ шинохтаанд, суръати зуҳури падидаи марказгурезиро дар Тоҷикистон танҳо суст мекунад ва кардааст, вале ин муҳоҷиратҳо эҳтимолият ва дараҷаи хатари ин рӯйдодро дар Тоҷикистон бештар мекунанд. Аз мардуми берун аз фазои солим монда, ба хусус аз ҳузури ҷавонон дар кишварҳои ҷангзада, бозингарони беруна хубтар истифода мекунанд то ба корҳои дихилии Тоҷикистон дахолат кунанд. Имрӯз барои аз байн бурдани эҳтимолияти падидаи марказгурезӣ дар Тоҷикистон сиёсати фазосозиро роҳандозӣ кардан зарур аст, ки дар ин раванд давлати нави миллии Тоҷикистон метавонад шакл бигирад на “режими султонӣ” (Вебер). Ва давлати ягона ба гуфти муҳақиқи шинохта Ҳенри Лефебвре ба истеҳсоли фазои қаламрави миллии ягона, фазои иҷтимоии ягона ва фазои равонии ягона заруриат дорад.

Сиёсатмадорон бояд ба механизми дурусти фазосозӣ шинос бошанд ва онро роҳандозӣ кунанд, ки фазои солим худ метавонад қудрати иҷтимоиро ба вуҷуд овардан, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳуввияти ягонаро шакл додан. Воқеан қудрати ҳар як давлат дар чунин фазои солим ва озод реша дорад. Як истилоҳест аз нависанда ва рӯзноманигори шинохта Салими Аюбзод “ҷомеаи берункунанда”, ки имрӯз як хусусияти калидии воқеияти Тоҷикистон гашта ва фикр мекунам онро бояд шинохт ва дигар кард, то сиёсати фазосозӣ дар ҷомеа амал кунад. Онро бояд шинохт, ки ин чӣ гуна технология ҳаст, ки мардумро “берун мекунад” ва чаро берун мекунад ва на танҳо аз як сарзамин балки аз ҳаёт берун мекунад. Чаро бозингарони асосии давлат наметавонанд, бо истилоҳи Рикёр “бо дигарон ва барои дигарон” ниҳодҳои одилона ва ҷомеаи одилона сохтан? Чаро технологияи худсозӣ ё роҳҳои инсонсозӣ ё ки дар ғарб “субъектсозӣ” мегӯянд ва ё ба истилоҳи Фуко технологияҳои худӣ дар ҷомеа кор намекунанд? Технологияҳои худӣ ва ё субъектсозӣ яке аз технологияҳои калидист, ки гуфти Ҳабермас дар баробари технологияи истеҳсол, дигар кардан ва истифодаи ашё ва технологияи истифодаи системаи рамзҳо. Ба ҷои ҳамаи ин технологияҳо дар “ҷомеаи мо” танҳо технологияи душмансозӣ ва ё сохтани Дигарони Сиёҳ (dark others) даркор аст ва ин механизм имрӯз дорад мардумро ба ҷои ҷамъ кардан аз якдигар ва аз марказ дур мекунад.
Мӯҳр
Ҳоҷӣ
Мақолаи хуб, вале аз ҳад зиёд олимона. "Деҳқонфаҳм"карда гӯем, муаллиф бо ин мақола "доно" будани худро собит карданист. Мо медонем, шумо доноед, валедар сиёсат аз шумо донотарҳо ҳам ҳастанд ва мегӯянд:"Разделяй и властвуй". Так что...

Маколаи бенихоят хуб! Кам нашавед Устод! Саломат бошед!

Тракторчи
Ҳоҷӣ,
Айб аст то хол дехконфахм бошед. Аз болои худ кор кунед, то олимонро фахмед. Ба фикрам, ки аз ягон колхози е аз совхоз?

Салимбой
Ин макола мутаасифона буи гараз мекунад...муалиф фарзияро аз афсона фарк карда натавонистаасту боз худро тахлиилгар пиндоштааст...манзурам ин ки ташкили Бадахшони бузург на афсона балки фарзия ва накшаи эхтимолии давлатхои бузург аст....

..Bisyor ajoib!Fazosozi !Ideyai behtarin baroi sarja'mii MILLAT va MILLATDUSTON!

....Технологияҳои худӣ ва ё субъектсозӣ яке аз технологияҳои калидист, ки гуфти Ҳабермас дар баробари технологияи истеҳсол, дигар кардан ва истифодаи ашё ва технологияи истифодаи системаи рамзҳо.... хабари чумла нест-ку? Ҳоҷӣ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)