Вазир гуфт, нақшаи истеҳсоли тилло 102% иҷро шуд
Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 2 тонаву 96 кг тилло истеҳсол шудааст.
Ӯ имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, истеҳсоли тилло дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 40 кило бештар мебошад. Ба гуфтаи Бобозода, корхонаҳои тилло нақшаи пешбинишударо имсол 102 дарсад иҷро кардаанд. Вазири саноат афзуд, дар шаш моҳи ахир дар қаламрави ҷумҳури 1253 кило нуқра тавлид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта як кило зиёдтар аст.
Шавкат Бобозода мегӯяд, корхонаҳои коркарди тилло дар Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ надоранд: “Танҳо дар корхонаи Зарафшон мушкили мутахассису техника ба назар мерасад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |