Бахшҳо

Маркази миллии тестӣ: Баъзе довталабон ба доми фиреби қаллобон меафтанд (ВИДЕО)

Масъулини Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯянд, қаллобоне ҳастанд, ки довталабон ва волидони онҳоро фиреб намуда, маблағ меситонанд.

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари ин марказ ҷумъаи 5 август дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “баъзе довталабони доно, ки ба истилоҳ зирак нестанд, ба доми фиреби чунин қаллобон меафтанд”. Ӯ афзуд, дар ҳоле ки довталаб бо донишу малакаи худ сазовори номи донишҷуӣ мегардад, “он қаллоб мегӯяд, ман ба ту кӯмак расонидам”.

Қаблан Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Маркази миллии тести душманони зиёд дорад: “Тасаввур кунед, солҳои сол бо низоми классикӣ довталабонро қабул мекарданду чӣ корҳои пасипардагӣ буд. Ҳоло дигар наметавонанд. Нафароне, ки аз он ҳисоб ком меҷустанд, зиндагӣ меёфтанд, магар онҳо дусти маркази миллии тестианд? Албатта, ҳеч гоҳ не. Хусусан корпуси устодони донишгоҳҳо, колеҷҳо, миёнаравҳо ва аз ҳама муҳимаш волидоне, ки имконияти молиявӣ доранду фарзандашонро дуруст тарбияи накарда, ба воситаи ришва дохил мекарданд, дигар наметавонанд. Инҳо ҳам дар душмании Маркази миллии тестианд”.



Дар нишасти Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали раҳбари ин ниҳод ҳам мавҷудияти амалҳои коррупсиониро рад кард. Ӯ гуфт, давоми се соли фаъолияти марказ ҳеч кормандони он бо иттиҳоди гирифтани пора боздошт нашудааст. Оқои Ҷаъфаров ҳамчунин сару садоҳо дар бораи ба кори марказ бовар надоштани мардумро бепоя хонд. Моҳи майи соли равон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” гуфта буд, ки мардум ба шаффофияти кори Маркази миллии тестӣ бовар надоранд. Ба таъкиди ӯ, фаъолияти Маркази миллии тестӣ ҳоло ҳам ба он сатҳе, ки онҳо мехоҳанд, нарасидааст ва бояд корҳое зиёде анҷом шавад. Ҷаноби Зуҳуров таъкид намуд, ки Маркази миллии тестӣ барои он таъсис ёфтааст, ки фарзандоне, ки дониш доранд бояд тариқи ин марказ ба макотиби олӣ дохил шаванд: “Яъне аз байн бурдани ҳама роҳҳои ғайриқонуние, ки буданд: хешутаборбозӣ, ҷӯрабозӣ, пулдиҳӣ, коррупсия ва ҳоказо. Лекин то имрӯз ҳам мардум бовар надорад ба тозагии ҳамин кор”.

Аммо Сабзалӣ Ҷаъфаров мегӯяд, фикри волидони довталабон дар бораи марказ мусбат аст: “Мо кам мебинем нафаронеро, ки нисбати ин низом изҳори нигаронӣ мекунанд”.
Мӯҳр
muhojir
рахмат ба маркази миллии тести рости ман хам шубха доштам локин писарам баъди супоридани имтихон дар донишгохи тибби дохил шуд

Волидайн
Фарзанди ман довталаби маркази тести буд дархакикат ман хам ба гапхои дигарон бовар мекардам аммо ба шафофияти марказ бовар кардам фарзанди ман дар факултаи хукук дохил шуд.ман мтнатдоргии худамро аввалан ба президентамон ки иаркази тестиро ташкил кардааст бовар кунед чор сол пеш умуман номи факултети хукукшиносиро факат орзу мекарди

Фирдавс
Амаки Махмадали рост, ки Шумо аз руи "конун" кор мекунед ва Нуриддин Саид низ. Ман медонам холо натичахои имтихони маълум нашуда алакай баъзе калон- калоно алакай бачахошона ваъдаи дар донишгохои бонуфуз дохил шуданро додаги буданд. Агар дуруг бошад мархамат як санчида бинед. Лекин ош шавад он касе, ки дониш дорад мегузарад. Рост мегуяд Нуриддин Саид аз тачрибаи дар ДМТ кор карданаш хамагуна воситахошона дида буд!

Эхсон
Камина собикаи кории устоди донишгохро дорам каме хам бошад, аммо аз оне ки мегуянд "махинация мекунанд" хаст ё нест инро худи хамон коргарони марказ медонанд, лекин ду чиянам, ки падарошон дар Россия хаст ва худ зодаи кухистонанд бо дониши худ яке порсолу дуюм имсол ба шуъбахои бучави, ихтисосхое, ки худ аввалиндарача интихоб кардаанд, дохил шуданд. Ин овозахоро онхое мекунанд, ки чи тавре мегуянд: "Бахонаи .....ин нони чавин хаст" Набояд дилшикаста шуд, "Дар дег буда дар кафлез меояд" .

Ман бисер мамнун хастам бинобар сабаби ба Донишгохи Давлати Омузгории Точикистон ба номи Устод Садриддин Айни дохил шуданм писарам.Вай бо кувваи худ бо донишу малакаи худ ба ин Донишгох дохил шуд.Рахмат ба Маркази Илмии Тести!!!!!

мухтарам масулини маркази милли ва вазири маориф барои чи натичаи имтихон якбора намебарояд хадди акал охири имтихон донишчу намедонад чанд ол сохиб гашт умуман аз худ фаришта натарошед норушанихо бисер ба хар хол камам бошад камбагалоба шанси дохил шудан додед умелворам дар оянда ин камбудихо бартараф мешаанд

Антикоррупсионер
Чаро натичаи тестхо хамон руз ва е хеч набошад рузи дигар дар сомонаи Маркази Тести чой дода намешавад, то хама бинанд. Мохияти асосии кам шудани амалхои коррупсиони дар хамин аст, ки ин тарзи имтихонгири шаффоф аст, бинобар хама натичахоро хамон руз пас аз 1-2 соат хама мебинанд ва харомхурон фурсати вайронкориро намеебанд. Баъд аз гузаштани боз якчанд соати дигар микдори хохои гузари тамоми донишгоххои Точикистон нашр мешавад. Аз ин ру хама шогирдон пас аз гузаштани тестхо дар давоми 5-6 соат медонад, ки ба кучо дохил шуд ва тавасути СМС интихоби худро ба яке аз донишгоххои интихобкардааш тасдик мекунад. Бинобар вакте, ки аз имтихонхо якчанд руз мегузарад ва аз пушти хар як корманди тести назорат нест ва дахолати инсони имконпазир аст , афзалияти ин тарзи имтихонгири тамоман кам мешавад.

Фазлиддин
Маркази тестй шафоф будааст.

ММТ.Ягона марказест дар Тоҷикистон, ки пурра аз руи қонун фаъолият мекунад.Ташаккур ба ҳамаи кормандони ин марказ ман ягон шубҳа надорам... muhojir,

дар хакикиат бисёр пок вичдона кор карда истодааст ин маркази навтаъсис. Бисёр хуб мешуд, ки кори марказ шафоф тар гардад зеро боварии мардум бозхам бештар гардад. Рахмат ба хамаи масъулони ин Маркази навтаъсис.

али
э бародаро инаш мисли агентии коррупсия як мақомоти зиёдати аст. просто пеш вақт якҷо сум медоди имруз ду-се ҷо мети тамом. ҳамаш гапи бемани мардума саргардон када гаштен.

Бо маблаги муйяни бедардимиён дохил кардани довталабонро намедонам, чунки надидам ва тухмат хуб нест, аммо медонам, ки дар баробари довталабоне, ки то дарачае ба саволномахо чавоб медиханду дохил мешаванд, (агар хамин гуна бошад), шахсони тасодуфи нихоят зиёд дохил мешавад, чунки ин чавобдихии "ручкапартояк" дар хоричи кишвар эхтимолият ном гирифтааст. Дар ин гуна имтихонгири дар хакиккат тасодуф зиёд мешавад ва дар баробари довталаби фикр карда чавоб медодаги шахсони таваккалкарда интихоб кардаи чавоби саволномахо зиёданд. Дигар ин ки хусни хат ва бехато навиштани чумла дар ин раванд карибки ба инбат гирифта намешавад ба фикрам. Солхои пеш дар сифхои болоии мактабхои миёна талабахо аллакай ба хондани асархо, хатто съезд ва материалхои сиёси, ки тафаккурашонро ташаккул медод, мепархохтанд. Хозир хама "знаток" шудагию кориазёд, барои китоб хондан вакт надоранд. Ин хатари бузург аст ба фикрам барои нобуд шудани истеъдодхои нортакрор ва пайдо шунади олимхои андешаманду ояндасоз.

Дар ҳақиқат ММТ дар Тоҷикистон аз аввалин сохторҳоест, ки то ҳадди имкон вуҷуд доштани корруптсияро дар ҷомеаи мо аз байн бурдааст. Лекин то ҳол дар раванди қабули довталабон ба муассисаҳои олии кишвар ва хориҷи он барои коррупсионерҳо имкониятҳои зиёди фасодкорӣ боқи мондааст. Ин пеш аз ҳама дар тақсимоти квотаҳо ва қабули имтиҳоноти он довталабон бидуни ММТ (фасодкориҳо дар шуъбаҳои маориф ва имтиҳонгирандагон аз донишгоҳҳои мамлакат) мебошад. Агар ММТ протсеси қабули довталабони квотагирандаро низ бо тартиби худ ҷори мекард, фасодкори дар соҳа аз байн тамоман бардошта мешуд.

Равшан
НОхияи Ашт Чамоати Ориен дехаи Навруз

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)