Бахшҳо

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Кумитаи дини Доғистон аз Абдулазиз Раҷабов, сокини 65-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳоҷӣ-пиёда маъруф аст, истиқбол кардааст.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод Раҷабов, ки ду бор пои пиёда ба Хонаи Худо рафтааст, ба Доғистон барои табрики дӯсти деринааш, Рамазон Абдулатипов, Президенти ин кишвар ва собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон рафтааст, ки моҳи равон 70-солагияшро таҷлил намуд.

Дар Доғистон ҳоҷии 65-солаи тоҷикро Муҳаммад Абдураҳмонов, раҳбари Кумитаи дину озодиҳои виҷдон ва Рамазан Ҷафаров, муовини раиси ҳукумат қабул кардаанд.

Абдулазиз Раҷабов ходими хизматнишондодаи варзиш ва майори мустаъфӣ буда, ба беш аз 25 кишвар пойи пиёда сафар кардааст.

Тибқи иттилоияи Кумитаи дин ва озодии виҷдони Доғистон ҳоҷии тоҷик дар суҳбат бо масъулини ниҳоди динии ин кишвар гуфтааст: “Аҷдоди мо пиёда ба ҳаҷ мерафтанд ва ман тасмим гирифтам дунболи ин анаъана биравам”.

Абдулазиз аз нахустин сафари пиёдааш ба Ҳаҷ, ки 10 соли пеш будааст, қисса кардааст, ки ҳангоми ворид шудан ба Арабистони Саудӣ дучори мушкилоти ҷиддӣ шудааст. Ӯ гуфтааст аз ин ки барои пиёдаравҳо раводид пешниҳод карда намешавад, ӯро ба ин қаламрав роҳ надодаанд. Ба қавли Абдулазиз Раҷабов оилаи шоҳи Саудӣ зиёрати ғайримаъмулии ӯро аз расонаҳо хондаву нахуст муфтии ин кишвар ва баъдан Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи феълии Саудӣ ӯро ба ҳузур пазируфтаанд.

Раиси Кумитаи дин ва озодии виҷдони Доғистон дар пайи мулоқот бо Абдулазиз Раҷабов китобҳои муфтӣ шайх Аҳмад-ҳоҷӣ Абдуллоев ва Рамазон Абдулатипов раисиҷумҳури Доғистонро ба ӯ ҳадя кардааст.

Абдулазиз Раҷабов, шурӯъ аз соли 2006 се маротиба ба Хонаи Худо сафар карда ду сафараш бобарор анҷом шудаанд. Ӯ дар бозгашт аз сафар бо Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешин Эрон мулоқот карда буд. Абдулазиз инчунин соли 2014 пои пиёда ба Байтулмуқаддас сафар кард. Афзун бар ин Абдулазиз Раҷабов барои зиёрати гӯри Бобои Одам ба кишвари Шри Ланка ҳам сафар доштаву дар роҳи бозгашт бо Амитабх Баччан, ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон дидор доштааст.


Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)
Мӯҳр
Шер
Ана ина Нар мегуянд,

Бале!

Худованд ба ин марди шариф, нерую тавоноиро арзони дорад.
Аз он ифтихормандем, ки ба коргохи мо хам пеш аз сафараш даромада баъзе хуччатхояшро оиди зиёраташ ба Хонаи Худо, тахт карда буд.

Дар токит чонм : шери нари Кулобай и Хочи.

дуст
дигар кор надора и мардак

Точикистони.
Хело мамлакатхоро гаштаасту аммо,мусулмон бародари мусулмон ва вахдати милливу муслиминро риоя накардааст.Боз токии бо нишонаи Кулоб дар сар,яьне чудо аз хама,аз миллат,аз Точикистон,яьне боз кулоби.Пас хар касе,ки хочи шуд е варзишгари номиву муллои машхур аз кадом минтакаи Точикистон бошад,хатман бо токии гулдузии нишонадор пайдо шавад,сар кардем:Зарафшон,Хучанд,Бадахшон,Дарвоз,Вах

Садри
Пул чамъ карда гаштаст. Хочиги як бор маъни дора. Дигараш бизнесай.

Нари нарай
Шери нари Кулоб номи Тоҷикистонро машҳур кард. Зиҳӣ, эй марди наҷиб!

мехмон
Точикистони.,
Хар кас рамзи зодгохи худро бо либоси хоси махалаш мепушад ва ин нишонаи махалгарои нест. Бадахшонихо дар кучое бошанд либоси сафед ва токии сурх мепушанд. Берун аз Точикистон худро бадахшони ( ,, памирец") муаррифи мекунанд на точик! Ин чо махалгарои нест. Хамааш дуруст.

иброхим
эх гап нест неки Худо бо куватт бта бобои Хочи. #Садри Имоми Аъзам 55 бор хач кард магар ин хам биснез бд. гапта санчида бгу бо гунахкор нашай

Алмоси,Хисори
мехмон,
Мехмон холо итари бгу агане!Ман токии гулдузи пушидам",-Алмоси+Хисор",очаи бачахо точкии гулдузи ба сар кард,-Кадучи-Кулоб", " новая мода",ана аку бизнеси токифурущхо сар мешаваде.Мо бояд нишонахое дошта бошем,ки парокандагии миллатро нишон дихад.Факат як руз муттахид мешавем: Рузи 27- июнь- Рузи Вахдати Милли.Боз аз 28- июнь сар мекунем парокандагиро!Дину оинро хам пароканда кардем.Эшонхову муллохоро хам чудо кардем ба махаллахо,динро хам таксим кардем ба салафиву алафиву коху мох,давом додан гир Мехмон,ио мизбон!

Мехмон друст мегуяд. Анъанахои махалгарои чудоиандозии милат амт. Ана бин навиштааст Кулоби ки шери нари кулоби Точикистонро маъруф карди. Ин магар махалгарои нест? Чаро шери нари Кулобию на шери нари точики. Бародаро хакро бояд хак гуфт. Бобочон Гафуров шери нари кучо буду Садриддин Айни шери нари кучою Абуали Сино шери нари кучо? Чаро мо барои онхо шуда фахр мекунем? Факат махалгарои бисёртар дар байни мардуми кулобию бадахши бисёр аст. Ба чои ин нагз мешуд рафтору маданияти хуб ва зиндагии бе чанчолу дашномро пос медоштанд. Чоп кунед оздагон агар махалгаро набошед.

мехмон
Алмоси,Хисори,
Ин кас ягон сафари расми надоранд ё аз тарафи хукумат фиристода нашудаанд. Як нафакахури одди! Дар токияш ,, Америка" нависад хам ихтиёр доранд !! Дар кепкахои чавонон USA навиштаги баъд чи ? Ё дар либоси варзиши ,, Манчестер" навиштаги !!!

.
Аз афташ ин мардак ягон ташвиши рузгор надорад, е рузгорро ба гардани янга партофта худ сайру гашт карда гаштааст. Як бор рафти хачи пиеда, хайр бас будагист. Бие мардак мардумро ташвиш надех ва аз паи зиндагиат шав. Меган чугиро даст доди, аз оринчат мекапад. Ин хамин корро карда истодааст.

пиёда
Пиёда як бор маъно дорад ду бор, наход хар сол пиёда рави. ..бшин самолет дар се соат мераси. Безор шудем аз пиёдаравии хамин мардак хаха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)