Бахшҳо

10 сол ҳукми ронандаи “БМВ-530”, ки дар Хуҷанд 5 нафарро пахш кард

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ронандаеро, ки бо мошини “БМВ-530”-аш 5 нафарро пахш намуд, 10 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора манбаи “Озодагон” аз Додгоҳи шаҳри Хуҷанд хабар дод.

4 майи соли равон, тахминан соати 16:30 дақиқа, дар сероҳаи кўчаи Аминҷон Шукўҳӣ ва Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар рў ба рўи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирўз Ҷалолов, ронандаи 35-солаи мошини “БМВ-530” 5 пиёдагардро пахш кард. Дар пайи садама 3 нафар ба ҳалокат расида, 2 каси дигар маҷруҳ шуд. Ҷалолов, ронандаи “БМВ-530” баъди садама иддао кард, ки 7 сол инҷониб мубталои бемории саръ ё “эпилепсия” мебошад ва замони вуқӯи садама он хуруҷ кардаву чизеро дар ёд надорад. Аммо Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 14 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар ин бора гуфт, Ҷалолов воқеан ба бемории саръ гирифтор аст, аммо ин касалӣ сабаби садама нашудааст: “Мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Ҷалолов ин гуфтугў бо телефонӣ мобилӣ мебошад”.

Зимнан, тибқи иттилои Дафтари матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, тайи 6 моҳи соли равон дар қаламрави шимоли кишвар 139 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки дар пайи он 53 нафар ҳалок ва 141 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр
Барои вақте писари Ҳукумов з нафарро ба шаҳодат расонд ба 150 соминӣ ҷарима озод шуд????.. фикр кунам ронандаи BMW аз авлод ё наздикони Раиси Ҷумҳур набудааст ва гар на бо 200 сомонӣ раҳояш мекарданд

roman
дуруст гуфтаст ки эпилепсия дорад - одами соз дар сари рул бо телефон гап намезанад - дар 1-3 сония садам руй медихад - яъне факат барои гирифтани телефон аз киса е чавоб додан ба занг

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)