Бахшҳо

Сарнавишти маҳбусони раҳошуда чӣ мешавад? Шарҳи вакили Маҷлиси намояндагон (ВИДЕО)

Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумонии Тоҷикистон мегӯяд, дар тарҳи қонуни афв ба сарнавишти маҳбусони раҳошуда низ дахл шудааст.

Ӯ имрӯз, 24 август пас аз қабули лоиҳа аз сӯйи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, моддаҳои 18 ва 19-и лоиҳаи қонуни афв пешбинӣ кардааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ба ҳаёти мӯътадил баргардонидани афроди аз маҳбас озодшуда, ба онҳо кор баранд.

Ба гуфтаи Сафарзода, дар лоиҳа аз ҷумла пешбинӣ гардидааст, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи ба шуғл фаро гирифтани афвшудаҳо ҷиддӣ машғул шуда, барои дар хона-интернатҳо ҷойгир намудани ноболиғоне, ки падару модар надоранд, кор баранд: “Ҳамчунин гуфта шудааст, ки барои фаро гирифтани маъюбон ва беморон ба муассиаҳои тандурустӣ мусоидат намоянд”.

Бахтовар Сафарзода мегӯяд, ин бори 15-ум аст, ки дар Тоҷикистон қонуни афв қабул мешавад. Ӯ гуфт, ҳадафи ин қонунҳо ин аст, ки ашхоси озодшуда аз кирдорҳои кардаашон пушаймон шаванд: “Онҳое, ки гумроҳ шудаанд ё аз нофаҳмӣ ҷиноят содир кардаанд, умед ба ҷамъияти солим фаро гирифани онҳо аст. Ин ба умеде ҳаст, ки шаҳрвандоне, ки гумроҳ шудаанду ҷиноят содир кардаанд, аз кирдорҳои худ пушаймон шуда, ба ҳаёти мӯътадил бармегарданд”.

Ин вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, баъди расман мавриди амал қарор гирифтани лоиҳа, давоми се моҳ бояд татбиқ гардад ва масъулин муваззафанд ба раисиҷумҳури кишвар ҳисботи бидиҳанд.

Лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” имрӯз, 24 август дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон якдилона қабул гардид.
Мӯҳр
мусофир
дар озоди будаги чавонон кор намеёбанду ин афшудагизхо аз кучо меёбанд..ба меъди масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи ба шуғл шидан даркор нест , инхо дим чоихои корхои бардуругро пешниход мекунанд,

Бобо
Бародар Бахтовар Сафарзода ! Аз Осмони маишат ба Замини хичолат фароед бобо. Кадом фарогири, кадом кор? Чи шояд ХХДТ хамаи онхоро бо кор таъмин мекунад. Як гапро пеш аз гуфтан фикр кун, де ПУТАТ

Боварии комил хаст, ки сарнавишти ин 12 000 махбусон, МУХОЧИРАТ аст! Онхоро туда карда барои кор кардан ва пул фиристондан ба Ватан суи Русия равон мекунанд!

12000 бекори дигар боз баозоди мебарояд!!! Одамхури мешавад даа!!! Хама бекори бепули!!! Хаму махбас соз нест хуроки бепул чои хови бепул андоз пандоз намесупоред пули обу свет намесупоред!!!! Эх бесаводоее гуё пагах хукумат 12000 хазор нафара пагохда бурда сохиби чоикор мекунад. Аз50/1 нафар кор мекунад дар кишвар айни хол бо чилозим буд хами авф??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)