Бахшҳо

Падари Диловар: Писарам баъди даъвати мақомот ба Сурия рафт...

Як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон иддао дорад, писараш баъди даъвати мақомот ба ДИИШ пайваст.

Сайдамир Шарипов мегӯяд, бо дархости мақомот писари 22-солааш Диловар Шариповро аз Русия даъват намуд ва баъди суҳбат бо намояндаҳои мақомот дубора ба Русия баргашт ва баъдан хабари пайвастанаш ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” расид.

Ба гуфтаи Шарипов, писараш баъди хатми мактаби №7-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар соли 2012 ба Русия рафта, дар яке аз донишгоҳҳои Маскав донишҷӯ шуд: “Моҳи июли соли 2015 кормандони мақомот чанд маротиба ба манзили мо омада, гуфтанд, ки Диловар гӯиё Сурия рафтааст. Ман, ки қариб ҳар рӯз телефонӣ бо писарам суҳбат мекардам, гуфтам, ӯ дар Русия ҳаст. Ҳатто дар шоҳидии онҳо ба писарам занг мезадам”.

Падари Диловар мегӯяд, аммо кормандони мақомот исрор кардаанд, то писарашро ба Ватан даъват кунад, то бевосиба бо вай суҳбат кунанд: “Ҳамин тавр аз писарам хоҳиш намудам, ки ба Ватан баргардад, агар пули чипта надошта бошад қарз бигирад. Диловар баъди исрору хоҳишҳои ман ба Ватан баргашт. Худам ӯро аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳри Душанбе бурдам. Аз соати 6:00-и рӯзи дигараш то соати 17:00 ӯро бозпурсӣ намуда, ҷавоб доданд”.

Ин сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ афзуд, баъди аз он ҷо баромадан, пурсидааст, ки бо гуруҳҳои бегона алоқамандие дорад ё на: “Диловар гуфт, ки онҳо аз ман талаб доранд, дар назди камера гӯям, ки Сурия рафта, омадам, то ба дигарон дарс шавад, ки ба чунин роҳҳо нараванд. Лекин ман ин коро ба гардан нагирифтам”.

Ба гуфтаи Сайдамир Шарипов, баъди ин мулоқот Диловар гуфтааст, ки ду имтиҳони дигараш мондааст ва бояд ба донишгоҳ баргардад. Вай гуфт, писараш то он вақт бо шиносномаи тоҷикӣ дар Русия ҳузур дошт ва чанд маротиба хоҳиш намуда буд, шиносномаи хориҷӣ бигиранд, “аммо ман мегуфтам, ҳамагӣ як соли дигари таҳсилат мондааст, шарт нест, шиносномаи нав гирифтан”. Мо давоми як ҳафта барояш шиносномаи хориҷӣ гирифтем ва дубора баргашт: “Занг зада гуфт, ки сиҳату саломат расида, аз пайи имтиҳонҳояш ҳаст. Аммо аз мақомот дубора хабар расид, ки Диловар ин даъфа дар ҳақиқат Сурия рафтааст. Ҳоло фикр мекунам, ки барои рафтани писари ман мақомот гунаҳгор аст, агар ман ӯро бозпас намехондам як соли таҳсилаш монда буд ва бо ҳамон шиносномаи тоҷикиаш тамом карда, ба Ватан бармегашт. Вақте омад ин ҷо, шиносномаи хориҷӣ карда рафт, барои пайвастанаш як роҳи дигар гузоштанд. Ман дигар аз сӯзиш чӣ фикр карданамро намедонам, охир ман падарам”.

Сайдамир мегӯяд, се писар дорад ва ҳамеша талош кардааст, ки ҳадди ақал як фарзандаш на бо каланд, балки бо дониш нонашро ёбад ва фарди зарурие барои ҷомеъа шавад. Сироҷиддин Шарипов, бародари Диловар мегӯяд, дар Русия мардикорӣ мекард ва хароҷоти ӯро давоми се соли таҳсилаш таъмин менамуд: “Дар як моҳ як маротиба рафта хабараш мегирифтам. Хароҷоти охирин сафарашро ба Тоҷикистон ҳам ман пардохт кардам. Талошҳоям ин буд, ки бародарам хонда мутахассис шавад, аммо баъди ин хабарҳо ба худ наомадаам”.

Ба қавли Сироҷиддин, бародараш моҳи июли соли 2015 аз Сурия занг зада гуфтааст, “дидор то қиёмат” ва телефонро хомӯш кардааст. Дигар касе аз наздикони Диловар аз ҳоли ӯ хабар надоранд: “Ман ягон маротиба дар суҳбатҳову амалаш чизи ғайримуқаррариеро ҳис накарда будам, то шубҳае пайдо шавад. Ҳар моҳ ба ӯ 20 ҳазор рубли русӣ мефиристодам, то ба пул эҳтиёҷ пайдо накунад. Шароити молиаш хуб буд. Сабаб ё ҳадафи бародарамро аз пайвастан ба ДИИШ ҳанӯз намедонам”.


Талошҳои "Озодагон" барои суҳбат бо мақомот дар ин мавзӯъ то ин лаҳза бенатиҷа буд ва дар сурати дастрас шудани иттилоъ пешниҳоди хонанда мегардад.
Мӯҳр
Салом "Озодагон". Ман аз дехаи Диловарам ва бо у ошноам. Вакте студент буд аз имтихонхо карздор шуд, на падааш на бародаронаш ба у пул намедоданд вв уро ислучит карданд. Бо чеченхо ошно буд ва бо онхо хамрох шуда сурия рафт.

Кӣ рост мегӯяду кӣ дурӯғ фақат ба Худо маълум аст. Банда аз он зоғони роҳзани сиёҳпуш гила дорам. Тамоми дунёро ноором карданд. Хуни ҳазорон ҳазор мардуми огоҳу ноогоҳро рехтанд. Ҳамеша фикр мекунам, ки агар дар роҳи ҳақ бошанд, чаро даҳону биниву фукҳои хешро латтапеч мекунанд, намехоҳанд, ки ошкор шаванд? Ин аслан усули аъмоли роҳзану бандитҳост. Иншаллоҳ ба ҳадафи шумашон намерасанд. Лекин то он қотилон аз байн мераванд, ки хуни бисёр касон рехта мешавад. Сад афсус!

Карим наход аз Худо натарси ки дуруг мегуи мо монанди ту дуст надорем ту аз кучо пайдо шуди Сирочидин хеч гох додарашро танхо намегузошт хамеша ёриашро дарег намедошт у бо мо дустони диловар муносибати хуб дошт.оре мо хам аз сурия рафтани диловарчон хеле дар ташвишем бечора бачаи боакл гарки нофахмихо шуд рохашро гум кард.Иллохо зиндаю саломат ба ватан бар гардат.Каримчон намешиноси гап назан ё ту фабрикаи чавоб хасти.

Каримчон аз фабрикаи чавобчон.Шакку шубхае нест. Боз Аллох донотар.

Соли 2014 аз макомот хешовандони маро низ пурсидаанд ки гуё ман ба сурия рафта бошам
Мо кати оилаамон дар Россия хастем хол шахрвандии ин давлатро гирифтаам аз инчо ба ягон давлат сафар накардаам
Намедонам макомот инхел маълумотхои дуругу бофтаро аз кучо меёфта бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)