Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:04

Оқохони IV ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон” дар 2016-ро гирифт

21 сентябр 2016, 16:08

Оқохони IV пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-и Адриенна Кларксонро дар соли 2016 соҳиб шудааст.

Адриенна Кларксон, генерал губернатори пешини Канада, рӯзноманигор ва аз шахсиятҳои барҷаста мебошад, ки соли 1941 аз Ҷопон ба Канада муҳоҷир шудааст. Кларксон гуфтааст барои ин ҷоиза дунболи шахсияте будааст, ки ӯ намунаи як шаҳрванди хуб бошад ва барои беҳтар кардани зиндагии дигарон кӯшиш мекунад: “Мо дар вазъияте қарор дорем, ки шоҳиди ҳаракатҳо дар ҷаҳонем ва бояд ҳар ҷое, ки бошем вижагиҳои мардуми хубро бигирем”.

Ин шахсияти маъруфи Канада муҳоҷирати исмоилиён дар солҳои 70-уми асри гузашта аз Африқои шарқӣ ба Канадаро зикр карда, афзудааст: “Оқохон исмоилиёнро омӯзиш додааст, ки ҳар ҷое рафтед шаҳрванди ҳамон кишваред. Шумо на танҳо мутаалиқи гуруҳи худ ҳастед, балки худро дар як ҷомеаи нав пайдо мекунед”.

Ин фармондори кулли собиқи Канада аз ҷумла хадамоти Оқохонро дар умури маориф арзишманд унвон кардааст ва ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-ро натиҷаи кори тамоми умри нафари дарёфткунанда гуфтааст. Оқохони IV барои дарёфти ин ҷоиза аз ҷониби Андриенна Кларксон ва Институти шаҳрвандии Канада интихоб шудааст.

Оқохони IV пас аз маросими эътои ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”, ки шоми чоршанбе дар Торонто дар назар аст, бо хонум Кларксон дар баробари анбуҳи одамон масоили ҷаҳониро мавриди баҳс қарор хоҳад дод. Ҷоизаи навбатаии “Шаҳрванди ҷаҳон” моҳи сентябри соли 2017 супорида хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • нусрат

  • 22 сентябр 2016 10:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро шумо номхои Акашариф Чураев , ё бародари калони- акаро - Око наменависед. ва око намегуед, аммо дар навишти номи ОГОХОН хама имлошинос шудаед. Вай худашон лакаби хешро AGHAKHAN менависад, гарчи дар англиси Q-вучуд дорад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле мамнунем аз ин хабар ва пурсиданием, ки оё таърихи супридани чоиза мохи сентябри 2017 аст? Зеро мо ин хабарро дар рузномаамон нашр мекунем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имоми Замон рохи Равшании тамоми чахониён аст. Ягон мамлакате дар дуньё нест, ки бе мадад ва рахнамоии Имоми Замон рохи мустакилиятро ёбад. Худатон шохиди хол хастед. Хусусан мо точикон инро нагз медонем.
ALLO HUMA SALI ALLO MUHAMMADIN VA OLI MUHAMMAD!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагонннннннннннннннннннн! Окохон неееееееееее ОГОХОН! Ёд гиред навиштану хондана илтимосссссссс. am
Посух додан
  • ошурбек

  • 20 октябр 2016 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оғохон шоистаи беҳтаринҳост

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!