Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 05:07

Эълони исми вазири ҷанги ДИИШ, аммо на Гулмурод Ҳалимов

26 сентябр 2016, 18:12

Ёсин ал-Муадидӣ, афсари пешини неруҳои марзбонии Ироқ вазири ҷанги гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ таъйин шудааст. Ин хабарро “РИА Новости” бо такя ба пойгоҳи хабарии “Ал-Мада” нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, вазири нави ҷанги ДИИШ рутбаи генерал дошта, ҳанӯз аз оғози ташкили ин гуруҳи террористӣ ба он пайвастааст. Манбаъ афзудааст, таъйини Ал-Муадидӣ, ки лақаби Абу Тахаро дорад, зимни як ҷаласаи сарони ДИИШ дар вилояти Анбар сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан аз таъйини Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ба ин симмат хабар расида буд. Пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv-и Ироқ аввалҳои моҳи сентябр иттилоъ дод, ки Ҳалимов ба ҷойи Абу Умари Шешонӣ (чеченистонӣ), ки 13 июл кушта шуд, вазири ҷанги ДИИШ шудааст.

Хабари вазири ҷанг шудани Гулмурод Ҳалимов баъди ҳамагӣ чанд рӯзи эълони 3 миллион доллар ҷоизаи Амрико барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши ӯ расонаӣ шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!