Бахшҳо

Тавсифи Убайдуллоев аз Эмомалӣ Раҳмон: Асосгузори “Роғун” аст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми ноябр зимни баррасии Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз қабл аз расидан ба курсии раёсати ҷумҳур хислати пешвоӣ ва лидерӣ дошт.

Убайдуллоев изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз қабл аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, замоне, ки раҳбари ҷумҳурӣ набуд, ҳамчун намояндаи халқ хислатҳои пешвоиро дар худ таҷассум мекард: “Дар рӯзҳои сангин ҳамчун намояндаи халқ барои пешрафти кишвар талош менамуд”.

Раиси Маҷлиси миллӣ инчунин аз Эмомалӣ Раҳмон барои кораш дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки бо трактор давоми 1,5 соат барои бастани маҷрои дарёи Вахш кор кард, тавсиф намуд.

Раиси парлумони Тоҷикистон илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро асосгузору бунёдгузори “Роғун” медонад, зеро бо таҳаммулпазирию кори дурандешонааш барои бунёди ин нерӯгоҳ истодагарӣ кард.

Ин таъкиди Убайдуллоев дар ҳолест, ки ахиран Ҳикматулло Насриддинов, ходими давлатии солҳои 80-90-уми асри гузашта пешниҳод кард, ки нерӯгоҳи “Роғун” ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.
Мӯҳр
Вафо
Дархакикат ин хел рохбари давлат дар чахон нест,бовар кунед хар боре як чой обод мешавад саргузашти хазрати Юсуф ба ёдам меояд,дар кучое ки пой мегузоранд ончо ободу гулзор мешавад. Зинда бошед Асосгузори сулху вахдат пешвои миллат президенти ґамхори халки точдор.Худои мехрубон тамоми душманони Шуморо нест кунад,омин.

Беҳтарин пешниҳод...Арзандааст!!!! Вале чанд касро дилзанак ҳам карданаш имкон дорад...

Хак бар чониби ПЕШВО-и миллат. Ахсангуихо нисбати у арзанда аст. Худованд ба у тамоми хислатхои накуиро ато намудааст. Бигзор ТОЧИКИСТОН-ро ба номаш гузорем хам, арзанда аст. ПЕШВО-и миллат ИФТИХОР-и мо точикон аст....

мехмон
Ман шахсан ба чобачогузории кадрхо дар Точикистон умуман Рози нестам , аммо дар сохтмони Рогун Чаноби Олиро дастгирию дуо мекунам, хатто бо маблаги ночиз хам бошад сахмия харидаам. Бигузор ин неругох номи ,, Чароги Рахмон"- ро дошта бошад !!

рршр
Худованд ин марди шарифро барои Точкон хадя намудааст. Вокеан хар тавсифе ки чаноби Убайдуллоев намуданд хак аст ..........

Мана боз як унвони дигар- Асосгузори сулху вхдати мили ва Рогун. Метарсам ки ягон руз дар конистуция тагирот дохил мекунаду номхои хама фарзандони точикро Эмомали мемонанд. Эмомали 1,2,3- 1000 000.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)